ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Дар ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва меҳмонони беруна иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳ ҳайати расмиро ҳунармандон бо расму русуми хоси мардумӣ зери садои доирадастон, бо нону намак, ғунчаҳо ва шеъру таронаҳои наврузӣ истиқбол намуданд.

Ҳайати расмӣ, аз намоишгоҳи маҳсули меҳнати корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои хоси наврӯзӣ дидан намуданд.

Раиси шаҳр ҷашнвораро ҳусни ифтитоҳ бахшида, сокинони сарбаланди шаҳрро бо ҷашни Наврӯзи фаррухпай табрик ва муборакбод намуд ва иброз дошт, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии мардуми форсизабон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо бозиҳову болидагии хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

Дар ин лаҳзаҳое, ки ҳамаи мо дар арафаи фарорасии ин ҷашни бузурги байналмилалӣ қарор дорем, тамоми мардуми кишвар, ҳамватанони хориҷи кишвар, тоҷикону форсизабонони олам, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям. Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.

Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда зикр дошт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин иқдоми наҷиб гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадим то имрӯз миллати мо ҷашнеро падид овардааст, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинӣ манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика