Таҷрибаи Зиёуддин Сардор дар шинохти дунявият

Бидуни тардид ҳар як таҷрибаи зиндагӣ ҳамзамон сабақи зиндагӣ буда, дарсе барои ояндагон маҳсуб меёбад. Инсоният танҳо баъди ба таври танқидӣ омӯхтани таҷрибаи гузаштагон ва бардошти хуб ва оқилона аз онҳо ба дастоварде ноил гардидааст. Ин ҷо чунин қонунияти фалсафа дурустии худро ба собит мерасонад,  ки ҳар чизи нав ҳамеша дар заминаи кӯҳна пайдо мегардад. Нави пайдошуда боз кӯҳна мегардаду нави дигари худро тавлид менамояд.

Дар заминаи мантиқи баёнгардида агар мо мавҷудияти ҳадди ақал унсурҳои дунявиро дар таърихи адёни халқҳои  ҷаҳон пайгирӣ намоем, мо ҳамеша то дараҷае ҷой доштани дунявиятро вобаста ба зинаи таърихӣ мушоҳида менамоем. Ҷой доштани қонунияти мазкурро дар олами ислом низ ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз мушоҳида кардан мумкин аст. Зиёуддин Сардор, ки андешаҳои хешро бо номи « Ҷустуҷӯи исломи дунявӣ»  дар маҷаллаи «Ҳуманист» ба табь расонидааст, Зуҳури дунявиятро дар олами ислом   бисёр ҷолиб нишон додаст. Қобили зикр аст, ки зимни баррасии масъалаи мазкур худи раванди фаолияти  ҳаётии ӯ қобили таваҷҷӯҳи махсус мебошад. Ӯ дар солҳои 70-ум дар даврони донишҷуии худ вазифаи Муншии  Умумии  Иттиҳодияи Ҷамоаҳои Исломии Донишҷӯён  (FOSIS) – ро ба  уҳда доштааст.  Чун дигар аъзоёни ҷамоа ин ҳангом ӯ дар зери таъсири сахти «Ихвон-ул-муслимин»-и Миср ва «Ҷамоати исломӣ»-и Покистон  қарор доштааст, ки бар ӯ ҳамеша хуб будани ислом ва бад будани дунявиятро талқин менамудаанд.   

Танҳо баъд аз он ки ӯ таърихи исломро меомӯзад, дарк менамояд, ки таносуби мазкур, яъне муносибати  байниҳамдигарии ислом бо дунявият на он қадар пурихтилоф аст. Дунявият ба ислом бегона нест. Асли мазкур  дар таърихи ислом на танҳо мавқеи устувор доштааст, балки дар ташаккули афкори классикии исломӣ нақши интегралиро  низ бозидааст.

Чизе, ки аслан ӯро ба тааҷҷуб овардааст, ҳамин будааст, ки давлатҳои исломӣ дар таърихи ислом на ҳамчун як ҳодисаи зарурӣ, балки чун ҳодисаи тасодуфӣ вуҷуд доштаанд. Империяҳои бузурги Умавиҳою Аббосиҳо(661-1258) дар асоси қавоиди шахсию авторитарӣ устувор будаанд. Мутобаатии  онҳо ба дин  комилан расмӣ будааст. Ҳадди  ақал онҳо давлатҳои нимдунявӣ будаанд. Дар таърихи ислом аз ин ҷиҳат ягона истисно давлати Фотимиҳо дар Миср ва Сурия (909-1171) будааст. Ҳамаи давлатҳое, ки баъдан пайдо шудаанд, таъкид месозад З. Сардор, ҳатто бештар дунявӣ будаанд. Ҳокимони Фотимиҳо бошад, исмоилиҳои мутаассиб будаанд. Бо вуҷуди ин, ҳатто онҳо қодир набудаанд, ки ҳукми имони хешро бар давлат таҳмил созанд. Дар бисёр ҳолатҳо онҳо аъмоли давлатиро аз диди илоҳиёти исмоилӣ ҷудо қарор дода буданд. 

Ба андешаи З. Сардор дунявият дар ислом барвақт зуҳур намудааст. Ақлгароёне, ки дар таърихи ислом бо номи муътазила, фалосифа, шуаро, ходимони давлатӣ ва ғ. фаолият намудаанд, аз зуҳури дунявият дарак медиҳанд. Чунин андешаи ақлгароён, ки  тавассути  ақли холис шахс медонад, ки чӣ тавр хушахлоқона рафтор  намояд, нишонаи равшани дунявият  мебошад. 

 

Абдухалилзода К. А.

 

Яндекс.Метрика