ТЕРРОРИЗМ. Зиракии сиёсиро аз даст набояд дод, бар зидди ин вабои аср дастҷамъона бояд мубориза бурд

ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Терроризм, амалҳои террористӣ ва фаъолияти ташкилоти террористӣ дар замони муосир таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии давлатҳои олам ба шумор мераванд. Дар айни замон он яке аз таҳдидҳои пуриқтидор ва омили бесуботкунандаи ҷомеа маҳсуб мешавад. Дар тӯли ду даҳсолаи охир бештар шудани шумораи созмонҳои террористӣзиёд гардидани амалҳои террористӣдар шаклҳои нав зоҳир шудани фаъолияти террористӣ ва аз ҳама муҳим, ба омили бесуботкунандаи ҷомеа табдил ёфтани он ба мушоҳида мерасад. Чунин ибрози назар намудааст роҷеъ ба ин мавзуи мубрам муовини декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Одинаҳмад САИДОВ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.Дар зер матни пурраи ин мақола оварда мешавад: 
 

 
Баъди воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 (амалҳои террористии дар ИМА рухдода) терроризми байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таҳдиди№1 эълон гардид. Аз ин давра сар карда, фаъолияти зиддитеррористӣ ва мубориза бо терроризм ҳам дар сатҳи миллию минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ тақвият ёфт. Мутаассифона, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва амалҳои террористӣ на танҳо аз байн нарафтанд, балки миқёси фаъолияти онҳо боз ҳам бештар гардид.
 
Дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 2000-ум то инҷониб даҳҳо амали террористӣ ва ҷинояти дорои хусусияти террористӣ рух додааст. Дар ин давра хавфу хатари терроризм ва экстремизмро ба инобат гирифта, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи ташкилоти террористиро таҳия намуда, фаъолияти якчанд  созмони хатарнокро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълон намуд. Чунин иқдом дар мамлакатҳои дигар низ анҷом дода шудааст.
 
Дар айни замон дар фазои маҷозии шабакаи интернет садҳо созмонҳои ифротгарою тундгаро барои ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба таблиғу ташвиқи ғояҳои худ машғул гардида, бо усулҳои назарфиребии сиёсӣ ҷавононро мағзшӯӣ намуда истодаанд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе ҷавонони ноогоҳ ба доми ин гуна созмонҳо афтода, аз ғояҳои онҳо пайравӣ менамоянд. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, гуфтан мумкин аст, ки ҳар созмоне, ки дар сатҳи шуури ҷамъиятӣ фазои тарс ба вуҷуд овардан мехоҳад, метавон гуфт, ки аллакай ба фаъолияти террористӣ машғул гардидааст. Дар чунин шароит мо терроризми иттилоотиро мушоҳида менамоем. Яъне, амалишавии мақсадҳои террористӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ҳоло ба воқеияти имрӯза табдил ёфтааст.
 
Тӯли солҳои охир хавфу хатари терроризми иттилоотӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардида истодааст. Чунин вазъро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 26 январи соли 2021 хеле хатарнок унвон намуда, иброз дошта буданд, ки «пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш кардабарои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
 
Дар «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилоти байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилот тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудудҳои Тоҷикистон таҳдидҳои воқеӣ ба суботи сиёсии мамлакат муаррифӣ шудаанд.
 
Бо дарки ин воқеият ва бо мақсади ҳифзи суботи сиёсӣ ва амнияти миллии ҷумҳурӣ моро зарур аст, ки дар бораи оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб андешаи комил дошта бошем, дастҷамъона ба муқобили ин вабои аср мубориза барем. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ташкилоти террористӣ аз ҷониби баъзе давлатҳои манфиатдор маблағгузорӣ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои онҳо истифода бурда мешаванд. Созмонҳои террористӣ дар навбати худ барои пурра намудани сафҳои худ талош меварзанд. Ҷавонони ноогоҳ, бахусус ашхоси таассубгаро объекти асосии ҳуҷумҳои экстремистию террористӣ қарор мегиранд.
 
Бинобар ин, яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва коҳиш додани таъсири манфии ин падида баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон мебошад. Онҳо бояд донанд, ки бо кадом мақсад созмонҳои террористӣ ташкил шудаанд, дар хизмати киҳо қарор доранд, барои амалишавии мақсадҳои кадом субъектҳо истифода мешаванд ва ниҳоят бояд донанд, ки чаро онҳо суботи сиёсии ҷумҳурии азизи моро аз байн бурдан мехоҳанд. Муайян бояд кард, ки чунин амалҳои тахрибӣ ба манфиати кист.
 
Аммо як чиз аён аст, ки ин гуна падидаҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати тоҷикистониён нест. Зеро тӯли ду даҳсолаи охир мо шоҳиди он гаштем, ки дар мамлакатҳои гуногуни олам ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҷомеаро ба чӣ ҳолат оварда расониданд.
 
Дар ҳар ҷомеа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот, амният, оромӣ, ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ аз онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар сокини мамлакат, бахусус ҷавонон бояд донанд, ки ҳимояи арзишҳои мазкур рисолати муқаддас ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.
 
Одинаҳмад САИДОВ,
муовини декани факултети
забонҳои Осиё ва Аврупои
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 
 
Бознашр  аз АМИТ «Ховар»
 
 
 
Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика