Терроризм хатари глобалист

Солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардида истодааст. Дар ин давра давлатҳои зиёде мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Бадбахтона, нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ зиёд мешаванд. Ба ин монанд асосан амалҳои номатлуби замон экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст.
Ташкилоти террористиву экстремистӣ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада пас аз марг байни ҷомеа обрӯву нуфузи бештаре пайдо мекунад. Ташкилоти террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолимфикр мезананд. Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад.
Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ мавҷуд буда, аҳли ҷомеаро тақозо менамояд, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем, амнияту осоиши Ватанро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии ҷавонон аз амалҳои ҷинояткорӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва онҳоро амн нигоҳ дорем. Зеро қурбони терроризм асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа кардан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, фарҳангӣ боис мешавад, ки террористон онҳоро барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ҳушёр бошанд.
Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
 
Шуъбаи иттилоот ваташхиси диншиносӣ
Яндекс.Метрика