ТИРГОН –ҶАШНИ ГИРОМИДОШТИ ОБ

Чун аз таҳқиқоти донишмандон ба назар мерасад, халқи тоҷик дар ҳар фасли сол ҷашнҳои хоси миллӣ, ки аз анъанаву суннатҳои фарҳангӣ иборатанд, доранд ва тибқи боварҳо ба ояндаи неку сифатҳои башардӯстӣ ва ҷомеасозӣ таҷлил мегарданд. Тиргон, ки аз идҳои дигари бостонии миллати тоҷик аст, баробар бо 13-уми Тирмоҳ дар гоҳшумории эронӣ баргузор мешавад. Ин ҷашн падидаи иҷтимоиест, ки бе восита ба ҳодисаи табиат, шинохти об ҳамчун як унсури муқаддаси табиат ва рамзи покию назофатӣ рабт дошта, ҷашн гирифта мешавад. Ба навиштаи фолклоршиноси ватанӣ Дилшод Раҳимӣ “Тир - номи эзад, яъне фариштаи борон дар асотири Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ - Тиштар ва дар форси навин бо номҳои Тиштар ва Тир дарҷ шудааст. Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад”. 
 
Ин ҷашни бостонӣ дар “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ ҳамчун “Рӯзи бузургдошти нависандагон дар Эрон” баён ёфтааст. 
 
Тиргон, ки бе восита ҷашни унсури табиат, яъне ҷашни об аст, аз русуму одатҳо низ иборат аст. Чун таҷлили Тиргон ба забон равад, ба ҳамагон маълум мегардад, ки ин ҷашнест тавъам бо обу борон ва дар баъзе сарчашмаҳо бо номҳои “Обпошон”, “Обрезгон”, “Саршуён” низ ёд шудааст.
Маросими дигари ҷашни Тиргон дар маъхазҳо «дастбанди тир ва бод» ёд шудааст, ки аз “ҳашт ресмон ба ҳашт ранг мутафовут бофта шудааст. Дар рӯзи бод (баъд аз нуҳ рӯз) онро дар ҷои баландӣ мемонанд, то орзу ва ҳавасҳояшон ба унвони паёмрасон ба ҳамроҳ бибаранд”. Дигар маросими хоси Тиргон “фоли кӯза” буда, рӯзи қабл аз ҷашни Тиргон душизаро бармегузинанд ва кӯзаи сафоли сабзранги даҳонкушодае ба ӯ медиҳанд, ки «дула» ном дорад. Ӯ ин зарфро аз об покиза тар мекунад ва як дасмоли сабзи абрешимиро ба рӯи даҳони он меандозад. Онгоҳ «дула»-ро назди ҳамон касоне, ки орзӯе дар дил доранд ва мехоҳанд дар маросим «чакдул» ширкат кунанд, мебарад. Онҳо ангуштарин, гушвора, сикка ва монанди инҳоро дар оби дул андохта онро ба зери дарахти ҳамешасабз мебаранд. Дар рӯзи ҷашни Тиргон ва пас аз маросими обрезон ҳама касоне, ки дар дул чизе андохтаанд, нияту орзу доштаанд, дар ҷое гирдиҳам меоянд ва душизаи дулро аз зери дарахт мегиранд ва назди ҷамъшудагон меоранд. Дар ин маросим бештар бонувон ширкат мекунанд ва бо садои баланд ба навбат шеърҳо мехонанд ва духтар дар поёни шеър дасти худро ба дохили дӯл мебарад. Ва яке аз чизҳоеро берун меоварад ба ин тартиб соҳиби он чиз муҳтоҷ мешавад, ки шеъри хондашуда марбут ба нияти хоста ва орзӯи ӯ будааст.
 
Ҳамчунин, муҳаққиқ Д.Раҳимӣ дар пажӯхиши худ “Тиргон – ҷашни обу ободӣ” вобаста ба анъанаҳои хоси мардуми тоҷик, ки айёми Тиргон ба назар мерасанд, қайд медорад, ки: “Агарчи ҷашни Тиргон ва устураи Тиштар ё Тир аз байн рафтаанд, аммо баъзе пораҳои он дар боварҳо ва таъбиру ифодаҳо боқӣ мондаанд. Чунончи, дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ рангинкамоне, ки ҳангоми офтобборон ва ё баъд аз борон дар осмон намоён мешавад, «тиру камон» меноманд. Воқеан ҳам рангинкамон ба сурати камон аст, аммо тираш куҷост? Аслан, ин ибораи қадимӣ буда, шакли дурусташ «Тиркамон» аст, яъне камони эзади Тир. Зеро Тир (Тиштар) эзади борон аст ва чи тавре ки болотар зикр шуд, дар устураю афсонаҳои бостонӣ омадааст, ки ӯ бо деви хушксолӣ Апаоша дар набард аст. Ин рангинкамони пас аз боронро, албатта, ниёкони мо камони ҳамон эзади паҳлавон Тир медонистанд». 
 
Тиргонро ба хотири муқаддас будани яке аз унсурҳои табиат – об ва ҳадяи Худовандӣ барои бақои бандагонаш фиристода мешавад, таҷлил карда мешавад. 
 
Тиргон, ки ҷашни таърихии миллати тоҷик аст, ҳамчун ҷашни гиромидошти об ба хотири нишона аз покию тозагӣ таҷлил мегардад. Ин хусусияти покию назофатии Тиргон аст, ки бо саъю талошҳои роҳбараияти мамлакат ва аҳли зиёи кишвар ин ҷашн дубора эҳё ва ривоҷ ёфт. 
 
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика