Тоҷикистон макони баргузории нишастҳои сатҳи олӣ, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон макони баргузории нишастҳои сатҳи олӣ, маҳсули сиёсати муваффақонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

14 -15 сентябри соли ҷорӣ Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Бояд иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии Осиёи Марказӣ дар баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҷрибаи зиёд дошта, борҳо макони баргузории чунин нишастҳои сатҳи олӣ гардидааст.

Дарвоқеъ, имрӯз нақш ва мавқеи Осиёи Марказӣ дар шароити дигаргуниҳои куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд.

Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони муосир ба таври воқеӣ мавқеи муҳими стратегиро ишғол менамояд. Минтақа дорои иқтидори бузурги созанда буда, дар оянда метавонад муҳаррики дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад.

Маҳз бо ҳамин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро дар шаҳри Душанбе доир менамояд.

Бояд гуфт, ки пойдории муколамаи боэътимод ва рушди минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо яке аз авлавият дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории минбаъдаи амнияту субот дар минтақа мусоидат менамоянд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика