ТОҶИКОНИ БУРУНМАРЗӢ

“Тоҷикон то чанд соли пеш худро «паштун» меномиданд”: Нашри китоби нави “Тоҷикони Дир” дар Покистон

Марбут ба таърихи ҷамъияти барҷастаи тоҷикон дар ноҳияи Дири Ҷумҳурии Исломии Покистон китоби нав рӯи чоп меояд. Китоб бо забони урду ба табъ расида, ташаббускори нашри он як гурӯҳ муаррихони тоҷики Покистон мебошанд.

Тавре ки Охундзода Ориф Ҳасанхоняке аз фаъолони ин гурӯҳзимни суҳбат ба радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод, муҳтавои китоби мазкур ҳуввият ва мавҷудияти тоҷиконро дар қаламрави Покистон дарбар мегирад. Ин ҷамоат асосан аз оҳангарон ва камонгарон (истеҳсолкунандагони силоҳ) иборат аст. Ноҳияи Дири ин минтақа бо саноати кадимаи оҳангарии худ, ки аз қадимулайём дар дасти меҳнаткашони тоҷик буда, ба айёми тамаддуни Гандхара тааллуқ дорад, хеле машҳур аст.

“Дар вақтҳои охир дақиқан то он дамеки кишвари нави Покистон дар соли 1970 онро ҳамчун ноҳия ба қаламрави худ ҳамроҳ кард и оҳангарон барои артиши Навоб (шоҳзода)-и Дир, ки яке аз шоҳзодаи маҳалли ҷудогона буд, силоҳ месохтанд, ”- гуфт Охундзода.

Бино ба зикри номбурда, то имрӯз тоҷикони Дирро танҳо дар маҳал медонистанд. Онҳо аз шахсияти худ ифтихор мекарданд, аммо зикри тоҷик буданашон худдорӣ ва маъмулан худро «паштун» меномиданду бо забони пашту ҳарф мезаданд. «Танҳо пас аз соли 2016, ки ман ва ҳамроҳонам талошҳои худро барои эҳёи ҳуввияти тоҷикон дар Покистон оғоз кардем, тоҷикони ноҳияи Дир ҳам ба майдон баромаданд ва эътироф карданд, ки онҳо воқеан кистанд. Барои ман ин ғалабаи шахсӣ дар ин замина аст. Ин китоб чун кӯшиши аввал барои мо — тоҷикони Покистоняк марҳалаи муҳим маҳсуб меёбад»-гуфт Ориф Охунзода.

“Бинобар ин, аз радиои бурунмарзии Тоҷикистон — “Овози тоҷик”, ки мебинем тӯли чанд соли охир ба ин масъала, яъне бедории тоҷикон дар Покистон бештар аҳаммият медиҳад, хоҳиш дорам, ки дар ташвиқу тарғиби он ба мо кӯмак кунанд”-, изҳор дошт Охундзода дар идома.

Умедворем, ки ин китоб давраи пурсамареро оғоз мекунад, ки ба тоҷикони покистонӣ на танҳо ҳуввияти онҳо, балки он азаматеро, ки миллати бузурги тоҷик дар таърихи ин минтақа ва ҷаҳон дошт, бармегардонад.

Манбаъ: овози тоҷик

Яндекс.Метрика