ТУ ПАСИ ПАРДА ЧӢ ДОНӢ, КИ КӢ ХУБ АСТУ КӢ ЗИШТ?.

Дар ҷомеаи имрӯза баҳс ё ман маниҳои зиёде дар мавриди ба ҷаннат ва ё ҷаҳаннам фиристодани шахсони фавтида ба назар мерасад, ки ин на ба таълимоти динӣ рост меояду на ба одобу ахлоқи одамӣ. Чун фисади зиёди мардуми кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд, кас ба ҳайрат меафтад, ки чунин андешаронӣ ва баҳсбарангезиҳои бемавқеъ ва таҳқиромез нисбати шахсони аз олам гузашта аз куҷо маншаъ мегиранд.   Як чиз мусалллам аст, ки сухани таҳқиромез ва маҳкумкунанда нисбати шахси фавтида тибқи таълимоти шариати исломӣ не, балки хилофи он аст. Дини Ислом сартосар ба некбинию нексириштӣ ва хулқу рафтори ҳамида ишора мекунад. Маълум аст, ки Қуръону ҳадис на ин ки дар ҳаққи шахси фавтида, балки дар мавриди ҳеҷ як инсон (хоҳ зинда бошад, хоҳ мурда) бадандешона ва таҳқиромез муносибат кардан ва сухани бад гуфтанро раво намебинад. Худованди Азиму-ш-шаън дар Қуръони карим мефармояд: “Худо некӯкоронро дӯст медорад” (Бақара, 148). Тибқи мазмуни Қуръон, Худованд ҳамеша мусулмононро ҳукм ба некрафторӣ, нексириштӣ, некбинӣ, некандешӣ, некӯкорӣ мекунад ва онҳоро аз бадгӯӣ дар ҳаққи дигарон, махсусан гузаштагон, манъ мекунад. 

Дар бораи чигунагии муносибат кардани  мусулмонон бо мурдагон аз мазмуни бархе ҳадисҳои Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) маълумоти мушаххас ҳосил кардан мумкин аст. Дар зер чанде аз онҳоро зикр мекунем.

1. «Мурдагонро мазаммат ва таҳқир накунед, зеро онҳо аллакай ба он чизе, ки сазоворанд, расидаанд». Ҳадиси мазкур аз забони Оиша нақл шуда, онро Суютӣ дар «ал-Ҷомеъ ас-сағир».(хадиси № 9782) ва Асқалонӣ дар «Фатҳ ал-барӣ би шарҳи Саҳеҳ ал-Бухорӣ» (Ҷ. 4. ҳадиси № 1393) шарҳ додаанд.

2. «Мурдагонро мазаммату таҳқир накунед ва (бо ин амали худ) зиндагон - авлод, хешовандон, дӯстони марҳумро маранҷонед». Ҳадис аз забони Муғийра накл шудааст. Ниг.: Суютӣ. «ал-Ҷомеъ ас-сағир».(ҳадиси № № 9783): ал-Бухорӣ. Саҳеҳ ал-Бухорӣ. Ҷ. 4. С. 2032, ҳадиси № 6475, 6476;

3. «Мурдагони худро ба ёд наоред, магар ин ки бо некӣ». Ҳадиси мазкур аз забони Оиша нақл шудаааст. Ниг.: Суютӣ. «ал-Ҷомеъ ас-сағир».(хадиси № 9765)

4. «Танҳо сифатҳои мусбати мурдагонро зикр кунед ва аз зикр кардани камбудиҳои онҳо худдорӣ кунед». Ҳадис аз забони Ибни ‘Умар нақл шудааст. Ниг.: Суютӣ. «ал-Ҷомеъ ас-сағир».(ҳадиси № 905)

5. «Ҳар касе ба Худованд ва Рӯзи Маҳшар имон дорад, бояд танҳо сухани нек гӯяд ё хомӯш бошад». Ҳадиси мазкур аз забони Абуҳурайра нақл шудааст. Ниг.: : ал-Бухорӣ. Саҳеҳ ал-Бухорӣ. Ҷ. 4, ҳадиси № 6475.

Аз мазмуни ин ҳадисҳо аён мегардад, ки тибқи дастур ва таълимоти сарчашмаҳои исломӣ, фарди мусулмон бо мурдагон новобаста аз мақому манзалат, нажоду насаб, мақому манзалати иҷтимоӣ ва дину эътиқодоти онҳо эҳтиромона муносибат карда, танҳо сифатҳо ва амалҳои неки онҳоро зикр намояд ва аз зикри нуқсонҳо ва аъмоли зишти онҳо худдорӣ кунад.

Умуман, Паёмбари Худо (с) худдорӣ аз бадгуфторию бадандеширо ба умматони худ таъкид мекунад: “Мусулмони комил касе аст, ки мусулмонони дигар аз дасту забонаш солим бимонанд.”

Дар бобати худдорӣ аз корҳои бемаъниӣ ва зишту бефоида, ки бадгӯӣ дар ҳақки дигарон аз ҷумлаи онҳост, инчунин пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам низ васияти хубе ба фарзандаш кардааст: “Аз аломатҳои диндории як шахси мусулмон ин аст, ки корҳои зишту бемаънӣ ва бефоидаро тарк кунад”.

Аз мазмуни мисолҳои овардашуда чунин хулосаи умумӣ ҳосил мешавад, ки ислом ва ахлоқи исломӣ мусулмононро аз машғул шудан  ба туҳмату ғайбат, айбҷӯӣ, такфир  ва таҳқиру маломати дигарон, махсусан, фавтидагон, қотеъона манъ кардааст.  Дар фарҷоми гуфтор, як пора аз ашъори Хоҷа Ҳофизро, ки дар он шоири бузург маҳз   чунин тоифаи бадгӯёну айбҷӯёнро сарзаниш кардааст, зикр мекунем:   

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, 

Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт. 

Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош, 

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт. 

Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст. 

Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ. 

Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо, 

Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт. 

Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал, 

Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт? 

 

Одинаева Шарифамоҳ – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ…

Яндекс.Метрика