Ба ҳамин тарик, Б.Малиновский чунин мешуморид, ки тамоми фаъолият ва ҳаёти инсон ба қоидаҳои фарҳангӣ тобеъ буда, бештар на муносибати шахс ба рафтораш, яъне на худбаҳодиҳии вай, балки дарки мазмуни рафтори шахс аз тарафи ҷомеа муҳим аст. Яъне бояд муайян карда шавад, ки рафтор ва амалҳои шахс барои гурўҳҳои иҷтимоӣ то чӣ андоза фоиданоканд, онҳо то кадом андоза ба урфу одатҳои мавҷуда мувофиқат мекунанд ва барои нигоҳ доштан ва мунтазам такмил додани низоми мавҷуда ёрӣ мерасонанд.
Аз ин рӯ, фарҳанг ягонагии функсионалии унсурҳои ба ҳам алоқаманд аст. Ва қувваи пешбарандаи ин низом зарурати қонеъ гардонидани талаботи инсон аст.
Б.Малиновский фарҳангро ҳамчун низоми дорои унсурҳои зерин муаррифӣ кардааст [1, с. 338]:
1.Омилҳои беруна, ки фарҳангро муайян мекунанд: эҳтиёҷоти биологии инсон (ғизо, насл, амният, ҳаракат, саломатӣ); муҳити зист (иқлим, захираҳои замин, хок, об, набототу ҳайвонот); нажод; таърих; равобити фарҳангӣ.
2.Ҷанбаҳои асосии функсионалии фарҳанг: иқтисод (захираҳои моддӣ, низоми моликият, мубодилаи асъор, тақсимот, истеъмол); тарбия (дар хона, дар доираи хешу табор ва дӯстон, дар мактаб, дар иттиҳодияҳои иқтисодӣ); сохтори сиёсӣ (шакли ҳокимият дар ниҳодҳои иҷтимоӣ); ҳуқуқ (меъёрҳои ҳуқуқӣ, намудҳои ҷазо, ахлоқ, расму оин, одоб); санъат; илм; истироҳат.
3.Ҷанбаҳои универсалии фарҳанг: субстрати моддӣ (роҳҳои заминӣ, роҳҳои обӣ, сохтмон, воситаҳои меҳнат, молҳои истеъмолӣ); ташкилоти ҷамъиятӣ (оила ва хешовандон, гурӯҳҳои ҳудудӣ, иттиҳодияҳо аз рӯи синну сол, ҷинс, фаъолияти меҳнатӣ, иттиҳодияҳои динӣ); забон (фонетика, луғат, забон ҳамчун зуҳуроти фарқиятҳои иҷтимоӣ).
Категорияҳои «ниҳод» ва «функсия (вазифа)» – категорияҳои асосии назарияи фарҳанги Б.Малиновский маҳсуб мешаванд.
Б. Малиновский ба мафҳуми «ниҳод» дар назарияи фарҳанг ва умуман дар илми антропология нақши асосӣ ва калидиро дода, барои асоснок кардани ин фикри худ чунин далел меорад: «...ягон унсур, «нишона»-и фарҳанг, расму оин ё ғоя, бидуни ҷойгир кардан дар заминаи воқеӣ ва муносиби низоми фарҳангӣ, ба таври дигар муайян карда намешавад. Мо исрор менамоем, ки таҳлили фарҳанг аз нуқтаи назари ниҳодҳои ҷамъиятӣ на танҳо роҳи имконпазир, балки роҳи зарурӣ ҳам мебошад. Мо боварӣ дорем, ки ниҳод воҳиди воқеии алоҳидаи таҳлили фарҳанг аст» [13, с. 143,144].
Ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамчун оила, авлод, нажод, қабила, ҷамоаи маҳаллӣ фаҳмида мешаванд. Ин ниҳодҳо гурӯҳҳои муташаккилро ба вуҷуд меоранд, ки бо ҳамкории иқтисодӣ, фаъолияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таълимию тарбиявӣ муттаҳид шудаанд. Ҳар як ниҳоди иҷтимоӣ структура ва иерархияи хоси худро дорад [14, с. 683].
Ба андешаи Б. Малиновский, ҳар як амали инсон ангезаҳо, ҳадафҳо, функсияҳо ё вазифаҳои муайян дорад: «Функсия ҳамеша маънои қонеъ гардонидани эҳтиёҷотро дорад, хоҳ сухан дар бораи оддитарин амали хӯрдан бошад, хоҳ дар бораи маросими муқаддасе, ки иштирок дар он бо тамоми низоми эътиқод алоқаманд буда, онро зарурати фарҳангии пешакӣ муайяншуда тақозо мекунад» [14, с. 690].
Дар баробари ин, Б. Малиновский қайд мекунад, ки ҳар як амали қонеъ гардондани эҳтиёҷот дар доираи низоми мураккабтари фаъолияти инсон сурат мегирад. Масалан, эҳтиёҷ ба ғизо метавонад дар истеҳсоли оташ ифода карда шавад, ки он дар навбати худ як унсури низоми рўзгордорӣ, шикор ва бозӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, функсия ҳамчун саҳмест, ки ба таҳкими сохтори иҷтимоӣ, тақсимоти васеъ ва муташаккилтари молҳо ва хидматҳо, инчунин ғояҳо ва эътиқодҳо гузошта мешавад [1, с. 338]. Яъне он чӣ барои фард арзишманд ва муфид аст, барои ҷомеа низ ҳамчунон арзишманд бояд бошад.
Идома дорад...
Мушовири директори Марказ А. Мирзозода