Фазилати моҳи шарифи Рамазон

Рамазон фурсати бузургест, ки савоби аъмол дар он зиёдтар ва дарвозаҳои хайр барои хоҳишмандону дӯстдорони он кушода мегардад. Рамазон моҳи хайру баракат, саховатмандию ҳиматбаландӣ мебошад. Дар Қуръон аз ин моҳ ба номи ҳидояткунандаи мардум ёд шуда, даҳ рӯзи аввали он раҳмат , даҳ рӯзи миёнаи он омӯрзиш, ва даҳ рӯзи охири он озоди аз оташи ҷаҳаннам аст.

Аҳодиси зиёде дар бузургии ин моҳ ворид шудааст. Дар китоби саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Паёмбар (с) фармуд: Чун рамазон фаро расад дарвозаҳои биҳишт боз шуда ва дарвозаҳои дузах баста мешавад ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд.

Ва чун аъмоли хайр дар ин моҳ зиёд мешавад. Ҳамчунин барои ташвиқ ба анҷоми амалҳои солеҳ дарвозаҳои биҳишт боз мегардад. Ва бар акс чун аҳли имон камтар муртакиби гуноҳ мешаванд. Шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд наметавонанд ҳамчун дигар моҳҳо ба аҳдофи худ даст ёбанд.

Худованд панҷ чизро дар моҳи мубораки рамазон аз хусусиёти уммати исломи қарор додааст, ки иборатанд аз хушбу будани даҳони рузадор назди Худованд, ки дар асари холи будани меъда ба вуҷуд меояд ва мардум онро нописанд медонанд, ки ин назди Худо аз бӯи мушк низ беҳтар аст зеро, ки дар асари ибодати Худо падид омада, ҳар чи пайдошаванда аз тоату ибодати Худо бошад назди парвардигор маҳбуб аст. Худованд хубтару беҳтар аз онро ба ибодаткунанда медиҳад.

Дуввум истиғфори Малоик барои рузадорон то ҳангоми ифторашон малоикаҳое, ки маъсуму мукараманд. Ба рости, ки ин малоикаҳое,ки маъсуму мукараманд қобилияти онро доранд,ки дуояшон дар ҳаққи рузадорон қабул шавад. Ин худ далолат бар баландқадр будани рузадорон менамояд.

Саввум Худованд ҳар рӯз биҳишти худро зиннат медиҳад ва мефармояд: Чизе намонда, ки бандагони некӯкорам машақатро аз дӯш барафкананд ва ба сӯи ту оянд. Машаққат яъне машақати дунё Худованд ҳар рӯз биҳиштро зиннат медиҳад то бандагонашро барои расидан бадон ташвиқ намояд.

Чаҳорум дар ин моҳи муборак шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд ва монанди дигар моҳҳо наметавонанд ба ҳадафҳоӣ худ бирасанд. Ин аз фазли Худо бар бандагони солеҳ мебошад, ки душманашонро зиндони мекунад. Аз ин хотир мо мушоҳида мекунем, ки парҳезкорон дар ин моҳ нисбат ба моҳҳои дигар бештар рағбат ба анҷоми амалҳои хайр ва дури аз гуноҳро аз худ нишон медиҳанд.

Панҷум Худованд дар охирин шаби ин моҳи муборак гуноҳони уммати Муҳаммад (с)-ро меомӯрзад, ба шарте,ки ҳаққи ин моҳи муборак монанди намоз,рӯзаро ба ҷо оварда бошанд. Па моҳи мубораки Рамазон барои касе,ки аз гуноҳон дури намояд ва машғули тооту ибодот шавад, неъматест бас бузург, ки шоиста аст онро ғанимат шуморад.

 

Исоев Насим  - мутахассиси пешбари шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика