Фазилатҳои Иди Қурбон

 

Иди Қурбон яке аз идҳои динии мусулмонони дунё  мебошад, ки ҳар сол даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мегардад. Барои мардуми мо танҳо дар даврони Истиқлолият муяссар гардид, ки идҳои рамазону қурбон ба таври расмӣ таҷлил карда шаванд. 

 

Ин падидаро дар баробари дигар дастоварҳо аз ҷумла: анҷоми фаризаи ҳаҷ, зиёдшавии теъдоди масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, нашри китоби Қуръони маҷид бо ҳуруфи кирилӣ аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастоварди динии даврони Истиқлол арзёбӣ намудан лозим аст, чунки насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки дар даврони шўравӣ таҷлили идҳои динӣ қатъиян мамнуъ буд. 

 

Имрӯзҳо, мо ки дар арафаи Иди Қурбон қарор дорем, бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолу озодӣ мехостам чанд андешаи худро дар бораи фазилати Иди Қурбон баён кунам.

Таърихи иди Қурбон

 

Иди Қурбон дар мамолики исломӣ бо номҳои Ид-ул-азҳо, Қурбон-байрам, Қурбони ахтар, Ид-ул-акбар, Ид-ул-кабир ва ғайра  маъруф аст. Ба андешаи мутахассисон иди мазкур таърихи чорҳазорсола дошта, реша ба се дин: яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом дорад. Достони ҳазрати Иброҳиму Исмоил ба ҳамагон маълум аст, ки зикри он зарурат надорад. Танҳо ҳаминро зикр кардан ба маврид аст, ки баъди ин, қурбонии инсон ба поён мерасад, ва ҳикматҳои зиёдеро барои мо меомӯзонад.

 

Аввал ҳозир будани ҳазрати Иброҳим ба озмоиши илоҳӣ, матину боирода ва доштани имони қавиро таъкид мекунад. Дуюм эътибори амри илоҳӣ ва сухани падар ба зан ва фарзанд, ки барои ҳомеаи имрўза хеле омўзанда мебошад.

   

Ҳикматҳои иди Қурбон

 

Дар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ дар бораи идҳои динӣ дастурҳои мушаххас  дода шудааст, ки донистану риояи онҳо ҳатмӣ аст.  

Қурбонӣ аз калимаи қурб гирифта шуда, ба маънии наздикӣ ва қаробат кардан ба Худованди мутаолро дарбар мегирад. Яъне, шахс беҳтарин моли худро дар роҳи Худо ба шахсони ниёзманд, пирону барҷомондагон, мусофирону маъюбон садақа мекунад ва ба ҳамин васила наздикии худ ба офаридгорро ба даст меорад.  

 

Мутаассифона баъзе аз шаҳрвандон моҳияти ин идҳоро танҳо дар оростани дастархонҳои пурдабдаба, худнамоишдиҳию шикамсеркунӣ ва  вақтгузаронӣ медонанд, ки комилан амали хато ва аз нигоҳи ислом  зиёдаравию исрофкорӣ аст. Барои пешгирии зиёдаравиву исрофкориҳо махсусан дар ин ду иди мазҳабӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» меъёре бо ибораи «дастархони маънавӣ» ворид шудааст, ки моро водор мекунад, ки аз ин зиёдаравиҳо худдорӣ намоем. Дар рўзҳои ид рафтан ба аёдати падару модар ва дӯсту бародар ва махсусан ба хонаводаи шахсони азодор амалест накў. Ин дидорбинӣ ба хотири хушҳол намудани наздикон ва изҳори тасаллият ба шахсони азодор аст на баҳо додани дастархони идона.

 

Шартҳои Қурбонӣ

 

Шарти асосии Қурбонӣ он аст, ки шахс бояд болиғ, мустақил, ба андозаи кофӣ доро бошад ва мусофир набошад танҳо шахсони доро ва молашон ба нисоб расида метавонанд қурбонӣ кунанд. Шахсони нодору қарздор аз ин масъулият озоданд, яъне қарз гирифтану қурбонӣ кардан ҷоиз нест. Ва ниҳоят чорвои забҳшуда бояд ба се қисм ҷудо карда шавад, ки як қисмаш аз соҳиби чорво, дуюми аз хешу табор ва қисми сеюми ба шахсони ниёзманду нодор бояд дода шавад.

 

То иди Қурбон рӯзҳои ба шуморе мондааст, агар мо тибқи фармудаҳои Қуръону суннат ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» амал намоем, бо ин васила мо метавонем ризоияти Худовандро ба даст биёрем ва ҳам сабукие дар рӯзгорамон ҳосил шавад.

 

А. Мирзозода - корманди Маркази исломшиносӣ  дар  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон              

 

 

 

 

Яндекс.Метрика