Фазилат ва одоби салом аз нигоҳи ислом

Салом додан яке аз шиорҳои ислом ба ҳисоб меравад, ки Худованд бандагонашро ба он амр кардааст. Ин шиори исломӣ дар чандин ҷойҳои қуръону суннат бо ваъдаҳои гуногун зикр шудааст. 

Аз нигоҳи луғавӣ калимаи «салом» «سلام» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш «саломатӣ», «амният ва сулҳ» мебошад. Форсзабонҳо саломро «дуруд» тарҷама карданд, ки хеле мувофиқ мебошад. Ислом лафзи саломро  барои «ҳадия» интихоб намудааст.

Дар манобеи исломӣ барои салом додан  чандин ҳикматҳо нуҳуфтааст. Салом дар тамоми сарчашмаҳои забардасти исломӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, дар қуръон, аҳодиси набавӣ, сиҳоҳи шашгона [«Саҳех»- Бухорӣ, «Саҳеҳ»-и Муслим, «Сунан»-и Имом Тирмизӣ, «Сунан»-и Абу Довуд, «Сунан»-и Ибни Моҷа, «Сунан»-и Имом Насоӣ] ва дигар сарчашмаҳои мазҳаби ҳанафӣ  салом додан ҳамчун нишонаи имону адаб, пайдо шудани меҳру муҳаббат дар байни ҳамдигар, баракат дар хонадон, сабаби дохил шудан ба биҳишт, инчунин касби  савобу аҷр, ризоияти Худованд ва дигар ҳикматҳову фазилатҳои нек мебошад. 
Тибқи ривоятҳо аввалин боре, ки Худованд одамро офарид, ба ӯ салом карданро омӯхт ва бар салом кардан амр кард. Бухорию Муслим аз Абуҳурайра ҳадисеро ривоят кардаанд, ки пайғамбари Худо фармудаанд: Чун Худованд одамро офарид, ба ӯ фармон доду гуфт: «Бирав ва бар инҳо Салом кун  (бар  гурӯҳе аз фариштагон), ки нишаста буданд ва бишнав бар он чизе, ки мегӯянд, зеро он саломи ту ва авлоди ту мебошад»! Пас гуфт: «Ассалому алайкум» ва дар ҷавоб  малоикаҳ гуфтаанд: «Ассалому алайкум» ва раҳматуллоҳи» ва калимаи (варраҳматуллоҳиро) ба он афзудаанд». [3, с. 542], 
 Агар мо ба қуръон нигарем, шоҳид мешавем, ки дар чандин оятҳо сухан дар бораи авлавияти салом меравад.  Масалан дар ояти 27-и сураи Нур  Худованд мефармояд:  «Эй мӯъминон, ба хонаҳое ғайри хонаҳои хеш надароед, то он ки иҷозат талабед ва бар аҳли он салом диҳед; ин барои шумо беҳтар аст, бувад ки пандпазир шавед» [4, Сураи Нур, 27 оят]. Чунонки аз матн маълум мешавад, ба хонаи бегона даромадан манъ буда, бояд дар вақти даромадан инсон бба соҳибони хона бояд салом диҳад. «Салом» дар дастурамали мусалмонон ҳамчун дуои хайру бо баракату покиза низ баён шудааст: «Пас, чун ба хонаҳо дароед, бар (қавми) хеш салом гӯед – дуои хайри бобаракати покиза, ки аз назди Худо фуруд омадааст. ҳамчунин Худо оятҳоро баён мекунад, бувад ки ба ақл дар ёбед [4, Сураи Нур,61 оят] Дар ҷои дигар Худованд бар некӯ салом додан амр карда, барои ин некӯиҳо савоби зиёд ваъда кардааст: «Ва чун салом дода шавед, пас, ба гунае беҳтар аз он салом диҳед, ё ба ҳамон калима ҷавоб диҳед. Ба дурусти ки Худо бар ҳар чиз ҳисобкунанда аст» [4, Сураи Нисо, 86]. Дар қуръон Худованд пайғамбари худро ба қиссаи «ба салом ҷавоб додани Иброҳим ба меҳмонҳояш» огаҳ месозад. Дар қисса нақл мешавад, ки вақте меҳмонони ношинос вориди хонаи Иброҳим  шуда, ба ӯ салом арза карданд. ҳазрати Иброҳим (ъ) ҷавоби саломи онҳоро дод, гарчанд он меҳмонҳоро намешинохт: «Оё хабари меҳмонони гиромии Иброҳим пеши ту наомадааст?  Он гоҳ ки бар Иброҳим даромаданд, гуфтанд: «салом!» Гуфт «салом» (ва ба дил гуфт:) «Онҳо гурӯҳи ношинохта ҳастанд [4, Сураи Зориёт, 24-25]
Дар аҳодиси пайғамбар Муҳаммад (с) низ салом ҳамчун беҳтарин аъмоли ислом муаррифӣ шудааст. Масалан дар ҳадисе, ки аз Бухорӣ  ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Амру ибни Ал-Ос ривоят мешавад: «марде аз расули Худо пурсид, ки кадом аъмоли ислом беҳтар аст? Фармуд: таъом додан ва ба ҳар касе, ки бишносӣ ё нашиносӣ салом диҳӣ» [3, с. 541 ]. Пайғамбар уммати худро ба ошкор кардани салом амр кардааст: аз Бухорӣ ва Муслим аз Абу Умора Баро ибни Озиб ривоят мешавад: Пайғамбари Худо моро ба ҳафт чиз амр намуд, яъне ба аёдати бемор, рафтан ба ҷанозаҳо, дуо барои  атсазан, ёри ба нотавон, ҳамкорӣ бо мазлум, ошкор кардани салом, ростгӯ будани савгандёдкунанда дар ончӣ ки ба анҷоми он савганд ёд кардааст» [3, с. 542].
Бояд гуфт, ки ҳар яке аз ин фармудаҳои Пайғамбар аз амалҳое ба шумор мераванд ,ки сабаби эҷод намудани меҳру муҳаббату маваддатро дар байни мусалмонон эҷод менамояд. Салом барои кӯмаку дастгирии башарият лозим буда, амалкардан ба он дар эҷоди ҷомеа сад дар сад муассир аст.
ҳамчунин Пайғамбари Худо салом доданро сабаби меҳру муҳаббату маваддат байни ҳамдигар байён кардаанд. Имом Муслим дар китоби «Саҳеҳ»-и худ ҳадисеро аз Абуҳурайра ривоят карданд, ки Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Ба биҳишт то мӯъмин нашавед ворид намешавед ва то бо ҳамдигар дӯстӣ накунед мӯъмин шумурда намешавед! Оё шуморо ба ончи ки ҳар гоҳ онро ба ҷой оваред раҳнамоӣ накунам, дар байни шумо меҳру муҳаббату маваддат мустаҳакам мегардад? Пас саломро дар миёни худ ошкор кунед» [3, с 543].
Агар мо ба сарчашмаҳои исломӣ назар кунем, мебинем, ки тибқи аҳодиси саҳиҳ шахс ба сабаби салом додан, дохили ҷаннат мегардад. Имом Тирмизӣ аз Аби Юсуф Абдуллоҳ ибни Салом (р) ривоят мекунад, шунидам, ки Пайғамбари Худо мефармуд: «Эй мардум! Саломро ошкор кунед  ва таом диҳед, равобити хешовандиро барқарор доред ва дар шаб дар ҳоле, ки мардум хобидаанд намоз хонед, ба саломатӣ ба биҳишт дохил шавед [3, с 543] . Имом Молик дар «Муватто» аз Туфайл ибни Убай ибни Каъб ривоят кардааст, ки ӯ назди Абдуллоҳ ибни Умар (р) омаду бо вай субҳ ҳангоме, ки ба бозор мерафт гуфт: «Чун ҳангоме, ки субҳ ба бозор мерафтем, Абдуллоҳ бар ҳеҷ кӯҳнафурӯш ва муомиладор ва ё мискин  ва ё каси дигаре намегузашт магар ин, ки ба ӯ салом медод. Туфайл гуфт: «Рӯзе назди Абдуллоҳ ибни Умар (р) омадам ва аз ман хост, ки бо вай ба бозор равам ва ман ба ӯ гуфтам: Дар бозор чӣ кор мекунӣ дар ҳоле, ки ту бар сари доду ситад намеистӣ ва аз матоъҳо пурсон намешавӣ ва онро қимат намекунӣ, ҳамчунин дар маҷлисҳои бозор намешинӣ? Ба ӯ гуфтам: Инҷо биншин, ки суҳбат кунем. «ӯ гуфт: Эй шикамдор, чунки (Туфайл дорои шиками бузурге буд), маҳз ба хотири салом додан ба сӯи бозор меравем, то ин ки савобу аҷр ба даст орем» [3, с 543].
 Дар умум гуфта метавонем, ки салом додан яке аз амалҳои муҳим буда, бояд ба он таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад. Дурудро (Салом) ба лафзи «Ассаламу алайкум» гуфтан мувофиқи мақсад аст. Салом додан амали тақвиятбахше барои бо ҳам наздик кардани ҷомеа хизмат менамояд.
Боиси хурсандиаст, ки дар ҷомеаи мо салом додан дар шакли аслияш нигоҳ дошта шудааст. Вале бо таъсири равандҳои ҷаҳонишави баъзан коста шудани одоби салом дар байни насли наврас ва ҷавонон ба мушоҳида мерасад. Бинобарин аз даврони хурди ба фарзандон тарзи дуруст додани саломро омӯзондан мувофиқи мақсад мебошад.
Рӯйхати адабиёт
1. «Саҳеҳ»-и Бухорӣ
2. «Саҳеҳ»-и Муслим
3. Имом Нававӣ. Риёз ас-солиҳин. Бо тарҷума ва шарҳи Абдуллоҳ Хомуши ҳиравӣ. – Лоҳур: 1993.
4. қуръони карим матни асл ва тарҷумаимаъноҳои он ба забони тоҷикӣ.  – Душанбе: «Эр-граф» 2010.
 

 

Исоев Насимҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазои исломӣ

Яндекс.Метрика