Фарзандонамонро чи гуна бояд таълим диҳем?

Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»  

Чи кор кунем, то фарзандонамон китобхон шаванд? Меъёрҳои таълим барои фарзанд бояд чӣ тавр бошад?  Чӣ қадар ва чӣ гуна бояд мутолиа кунанд? Дини ислом дар бораи таълиму тарбия чӣ мефармояд? Ба ин монанд чандин суоли дигар ҳастанд, ки ҷавоб мехоҳанд.
 
Аввалан, агар мо ба адабиёти пурғановати гузаштагони худ  назар кунем, шоҳиди он хоҳем гашт, ки тамоми осори гаронбаҳои онҳо талқин ба донишандӯзӣ, таълим ва тарбият мебошад. Шоири бузург Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мефармояд:
                 
                            Дониш андар дил чароғи равшан аст, 
                            В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Бояд зикр кард, ки чӣ дар замонҳои қадим ва чӣ дар ҷаҳони муосир касе нест, ки хондан ва босавод будани фарзандашро нахоҳад, махсусан, дар асри имрӯз, ки онро асри иттилоот меноманд ва ҳамаи мардуми дунё барои мутолиа ва хондан аҳамияти бисёр зиёде медиҳанд. Зеро  ҳама медонанд ва ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо аз тариқи илму дониш метавонанд рушду пешрафт кунанд. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ҳатто кишварҳои дар ҳоли рушд ин чизро исбот намудааст.
 
Бузурге фамудааст:
                          Хуррам гуле, ки бишкуфад аз шохсори илм,
                          Хуш сабзае, ки сар занад аз ҷӯйбори илм,
                          Ҳар ранг ва бӯй, ки дар чаманистони олам аст, 
                          Гар нек бингарӣ, бувад аз баргу бори илм.
 
Таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз албатта вазифаи ҷонии падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва давлат ба шумор меравад. Масъулият доштан дар тарбияи фарзанд як эҳсоси махсусест, ки дар рафтори волидони бедордил ва ҳар шахс гузошта шудааст.
 
Чунонки мутафаккири барҷаста Муҳаммад Ғаззолӣ таъкид мекунад: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. 
 
Дар ҷомеаи мо низ мардум аз ин асли муҳим пай бурдаанд ва мехоҳанд барои фарзандони худ шароитеро фароҳам намоянд, то онҳо дар роҳи касби илму дониш муваффақ шаванд.
 
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае мебошад, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо онро содир намоянд. Дар ин росто ёдовар шудан ба маврид аст, ки сарчашмаи асосии ин ташаббус, яъне қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки нахуст бо ҳамин унвон дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762 қабул гардида буд, меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мамлакат мебошанд. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 17 модда иборат буд ва дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо карда, баъд аз таҳрири нав тағйиротҳои мутобиқ ба тақозои замон ба он илова карда шудааст. 
 
Бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтӣ фарзандон мебошанд. Ҳамчун як давлати дорои ояндаи пурсаодат низ ҳамон мамлакатеро метавон ном бурд, ки наслҳои ояндаи он тарбияи хуб дошта, сазовори боварию умедбахшанд. Таълиму тарбияи чунин наслҳои ояндасоз танҳо дар доираи арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ имконпазир аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чунин шакли тарбияро имконпазир гардонидааст.   Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: “Танҳо маърифат пеши роҳи ҷахолатро гирифта метавонад”. 
 
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки ҳукумати ҷумҳурии  Тоҷикистон бо дарназардошти боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо соли равон ба қонуни мазкур  тағйиру иловаҳо ворид намуд. Қобили таъкид аст, ки 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардид, ки он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.
 
Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад.
 
Фарзанди солеҳу хушахлоқ, донишманд, ба арзиши маънавии давлат ва сармояи зеҳнии он дохил гардида, сатҳу сифати маърифатнокии ҷомеа ва қудрати давлатро муайян месозад.
Агар ба сарчашмаҳои динӣ- Қуръону ҳадис назар кунем шоҳиди он мегардем, ки ояти аввали нозилшуда, дар Қуръон бо “Иқра”- яъне “бихон!” шурӯъ мешавад ва ҳадисҳои фаровоне дорем, ки далолат ба талаби илм мекуннад :  Талаби илм (донишандӯхтан) барои ҳар мусулмон фарз аст.    
Аз ин бар меояд, ки дини ислом монеи илмомӯзӣ набуда, баръакс ба илмандӯзӣ раҳнамоӣ мекунад.
Ҳамаи волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон соҳибилм бошанд, вале баъзеҳо ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки амалан барои фарзандонашон коре кунанд. Баъзеи дигар тасмим гирифтаанд, ки бо роҳи иҷбору зӯрӣ фарзандонашонро дарсхону китобхон кунанд. Гурӯҳи дигар мехоҳанд бо роҳи насиҳат  фарзандонашонро ба хондану мутолиа ташвиқ кунанд.
 
Аммо оё кадоми ин равишҳо муассиртар хоҳад буд? 
 
Оё ҳамаи ин равишҳо таъсири яксон доранд? Ё ин ки барои ташвиқи фарзандон ба хондан ва мутолиа роҳҳои илмӣ ва беҳтаре низ вуҷуд доранд, ки метавон аз ин равишҳо ба осонӣ ба ҳадаф расид?
 
Дар маҳдудаи илми равоншиносӣ дар ин бора таҳқиқоти зиёде анҷом дода шудааст.  Донишмандон бо равишҳои озмоишӣ ва мушоҳидавӣ тахқиқоти мухталиферо барои интихоби равиши мутолиаи дуруст анҷом додаанд, ки хулосаи ин таҳқиқот баъдан аз тарафи донишмандони дигар ҷамъоварӣ шудааст.
 
Донишмандони соҳаи улуми тарбиятӣ ва равоншиносӣ ба хулосае омадаанд, ки барои волидон як қатор роҳнамоиҳоро пешниҳод кунанд. Мо ҳам инҳоро пешниҳоди шумо менамоем.
 
1.Муҳити хонаро барои мутолиа ва ёдгирӣ муносиб кунед.
 
Вақти муносиберо барои мутолиа дар назар бигиред. Дар он вақт тамоми васоили халалрасон ба монанди:  радио, телевизион, компютер ва ғайраро хомӯш намоед. Шумо ҳам дар ин муддат ба навиштан ё мутолиа машғул шавед. Васоили зарурии мутолиа ва навиштан  қалам, ҷадвал, хатпоккун ва ғайраро дар дастраси онҳо қарор диҳед ва як ҷойи муносиби хонаро, ки нури кофӣ дошта бошад, барои ин кор ихтисос диҳед.
 
2.Барои хондан ва ҳалли дарсҳои мактабу мутолиаи берунӣ барномаи дуруст танзим кунед ва онро дақиқ иҷро кунед.
Барои дам гирифтан ва истироҳати фарзандонатон низ дар байни мутолиа  барномаҳоеро дар назар бигиред.
 
3.Машқҳо ва вазифаҳоеро, ки фарзандатон анҷом додааст як бор аз назар гузаронед. Ба ӯ кӯмак кунед, то фардо бо омодагии комил ба мактаб биравад. Ба ӯ ёд бидиҳед, ки вазифаҳои мушкилро ба бахшҳои майда тақсим кунад ва баъд онҳоро ҳал кунад. Ҳаргиз вазифаҳои ӯро шумо иҷро накунед.
 
4.Аз талоши фарзандатон қадрдонӣ кунед ва боварӣ ба худ ё эътимод ба нафси ӯро парвариш диҳед. Аз баёни суханони дилсардкунанда худдорӣ намоед. Ҳеҷ гох ба ӯ нагӯед, ки ту алгебраро намефаҳмӣ, дар ёдгирии забон заиф ҳастӣ ва ғайра. Муҳаббати худро ба фарзандатон тавре иброз кунед, ки фаҳмад шумо ҳамеша пуштибони ӯ ҳастед, ӯро ҳеҷ гох бо дигарон махсусан, бародару хоҳараш муқоиса накунед. Зеро сабаби ноумедӣ ва душманӣ байни онҳо мешавад.
 
5.Барои пешрафти фарзандатон ҳадафҳои воқеъбинона ва реалӣ интихоб кунед. Барои расидан ба ин ҳадафҳо барномарезӣ намоед. Фаромӯш накунед, ки фарзанди шумо тавони маҳдуд ва мушаххасе дорад, коре накунед, ки ӯ аз дарсу хондан дилсард шавад. Ба ӯ фишори зиёд ворид накунед, вале назму тартибро ба ӯ ёд бидиҳед.
 
6.Як қисми вақтатонро ба фарзандатон ихтисос диҳед ва ҳамроҳи ӯ бошед. ӯро ба боғ (парк) баред ва бо ӯ гардиш кунед. Рафтан ба ҷойҳои таърихӣ, осорхона, театр ва сиркро низ фаромӯш накунед. Дар ин фосила бо ӯ дар бораи мактаб гап бизанед ва дар бораи мактабхонии худ ҳам нақл кунед, ба гунае ки дар дили ӯ муҳаббату шавқи мактаб ва дарс бештар шавад.
 
7.Таҷриба собит кардааст, ки ҳар шахсе дар замони хосе беҳтар ёд мегирад, як нафар дар саҳар, як нафар дар нисфирӯзӣ ва як нафари дигар дар шаб. Ба ҳамин хотир волидон набояд фарзандони худро маҷбур кунанд, ки дар замони хосе кори муайянеро анҷом диҳанд. Балки ба фарзанд ин озодиро бидиҳанд, ки вақтеро, ки худи ӯ беҳтар медонад, барои мутолиа интихоб кунад.
 
8.Инсон бо фосила гузоштан миёни замонҳои мутолиа беҳтар ёд мегирад. Набояд замони зиёде фард фақат машғули мутолиа бошад. Дарс тайёр кардан  мутолиа ва корҳои фикрӣ эхтиёҷ ба истироҳат доранд. Истироҳат варзиш, қадам задан, бозии футбол ва ё дигар анвои бозиҳо шуда метавонад.
 
9.Дар рӯзҳои имтиҳон мавзуҳои дӯстдоштаи фарзандатонро матраҳ накунед. Ба кино наравед ва барномаҳои мухталифро тамошо накунед, ки зеҳни фарзандатон ба он тараф кашида мешавад ва ин парешонӣ ёдгирии ӯро хеле коҳиш медихад. 
 
10. Барои фарзандатон китоб бихонед ва коре кунед, ки ӯ шуморо дар ҳоли мутолиа ва китобхонӣ бубинад.  Агар фарзандатон шуморо дар ҳоли мутолиа бинад ва ё шумо барои ӯ китоб бихонед, ӯ ба шумо пайравӣ хоҳад кард. Аввалин намунаи ҳамаи кӯдакон падару модаронашон ҳастанд. Агар шумо чи гуна намунае бошед, фарзандони шумо низ ҳамон гуна хоҳанд буд. Пас, пеш аз ҳама худро тарбият кунед, то бо рафтори худ ояндаи фарзандатонро бисозед.
 
Аммо барои беҳтар роҳнамоӣ кардани фарзандон волидон бояд дар бораи равишҳои дурусти мутолиа низ огоҳии лозимаро касб кунанд. Ба ҳамин хотир мо баъзе аз вижагиҳои равиши мутолиаро низ ба таври хулоса баён мекунем.
 
Равиши мутолиаро мутахассисони улуми тарбиятӣ ба таври хулоса чунин баён кардаанд.
Марҳилаи пешхонӣ (азназаргузаронӣ)
 
Дар ин марҳила китоб ба таври хулоса ва иҷмолӣ мурур карда мешавад. Мундариҷаи китоб, сарфаслҳо, хулосаи фасл, тасвирҳо ва ғайра ба таври сареъ аз назар гузаронда  мешавад. Ҳадаф аз ин марҳила пайдо кардани як диди куллӣ нисбат ба китоб ва иртибот додани бахшҳои мухталифи китоб бо якдигар мебошад.
 
Марҳилаи савол
 
Баъд аз мутолиаи сареъи мавзуот ва нукоти аслии китоб, дар бораи мавзуот ва сарфаслҳо фикр намоед ва савол матраҳ кунед. Ин кор сабаби афзоиши диққат ва тамаркузи фикр мешавад ва ёдгириро осон месозад.
 
Марҳилаи хондан
 
Дар ин марҳила китобро бо диққат бихонед. Зеро ҳадаф фаҳмидани куллиёт ва ҷузъиёти матолиб ва посухгӯӣ ба саволҳои марҳалаи қаблӣ мебошад. Дар ин марҳила барои фаҳми бехтари мавзуъ метавон аз ёддоштбардорӣ, хулосанависӣ, аломатгузорӣ ва хаткашии зери ҷумлаҳо истифода кард.
 
Марҳилаи тафаккур
 
Дар ин марҳила ҳангоми хондан дар зеҳни худ саволҳо бисозед ва байни мавзуҳои китоб ва донистаҳои худ робита барқарор намоед.   Ин кор барои беҳтар фаҳмидан ва бештар дар ёд мондан ба шумо кӯмак мекунад.
 
Марҳилаи аз ёд гуфтан ё нақл кардан
 
Дар ин марҳала бояд китобро пӯшида, мавзӯи хондашударо барои худ аз ёд нақл кунад.    
 
Марҳилаи дақиқхонӣ
 
Ҳадаф аз ин марҳила он аст, ки матолиб комилу дақиқ дарк карда шавад ва барои дар ҳофиза мондан мураттаб ва муназзам гардад. Барои дақиқхонӣ метавон из ин корҳо истифода кард:
- созмондиҳии матлабҳо. Ин равиш сабаби афзоиши дарк, тезтар ёд гирифтан ва осон шудани бозёбии матлабҳои ёдгирифташуда мегардад. Барои созмондиҳӣ бояд 3 бахш аз матни аслӣ шиносоӣ ва муайян карда шавад:
- мавзуи аслӣ. Мавзуе, ки ҳамаи матолибро дар бар мегирад ва бақияи матолиб дар гирду атрофи он мечарханд.
 
- нуктаҳои аслӣ. Андешаҳо ва афкори муҳиме ҳастанд, ки дар маҷмуъ мавзуи аслиро месозанд ва аз равшании бештаре бархӯрдоранд.
- нуктаҳои ҷузъӣ. Иттилооти ҷузъитаре ҳастанд, ки ба сурати мисолҳо, намунаҳо ё тасвирҳо баён карда мешаванд.
 
Хулоса, он чи дар боло зикр кардем, шаммае аз таҳқиқоти донишмандони соҳаи улуми тарбиятӣ ва равоншиносӣ буд. Тахқиқоте, ки дар давоми солҳо анҷом шудааст ва дар бораи онҳо китобҳо ва мақолоти зиёде ба чоп расидаанд.
 
Бақияи кор дар дасти худи шумост. Агар тасмим бигиред, метавонед бо ин равишҳо аз тариқи китобҳо ва интернет бештар ошно шавед ва ба пешрафти фарзандатон суръат бахшед. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки наслҳои ояндасозро тарбия карда,  дилпурона ба сӯи оянда пеш равем. 
Зеро, орзуи мо пешрафти ҳар як фарди тоҷик ва дар маҷмӯъ кишвари маҳбубамон Тоҷикистон аст.   
 
 Шокиров Умедҷон Усмоналиевич – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика