Фарҳанги миллӣ таҳкимбахши давлати миллӣ

Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба даст оварда, ҳануз дар марҳалаи аввали ташаккули давлатдорӣ ба  раванди бунёди давлати миллӣ асос гузошт. Албатта мушкилотҳои давраи аввали давлатдорӣ  ба ин раванд монеъа шуда буданд. Аммо такя ба омилҳои маънавӣ, хусусан ба  фарҳанг, ҳамчун омили таҳкимбахшандаи сулҳу суботи ҷомеа ва худшиносии миллӣ ногузир буд.
Маҳз таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон то рафт нақши муассир касб намуд ва аз рузҳои аввали таҳким бахшидан ба давладории миллӣ мавриди дастгирии Роҳбари давлат ва ҳукумат қарор гирифт. Аз ин хотир   масъалаи  фарҳанги миллӣ таҳкимбахши давлати миллӣ бояд мавриди  таваҷҷуҳи таҳқиқотҳои илмии олимон қарор гирад. 
 
Агар нек бингарем роҳандозӣ намудани зуҳуроти ҷаҳоншумулӣ (глобализатсия) пеш аз ҳама ба нобуд, кардан, шикастан, фуру бурдани фарҳангҳои миллӣ равона шудааст. 
 
Пас дарк накардани фарҳанги суннатии хеш сабаби олуда гаштани ҷаҳонбинии қишрҳои алоҳидаи ҷомеа ба арзишҳои фарҳангии барои миллати тоҷик бегона гашта, раванди ташаккули худшиносии миллиро халалдор менамояд. Барои ҳамин ҳам  ба андешаи мо, дар шароити тавассути ҷаҳони маҷозӣ  ва  мавҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ дар якҷоягӣ бо бархӯрди фарҳангҳову тамаддунҳо таҳқиқи алоқамандии фарҳанг ва худшиносии миллӣ, дарёфти роҳҳои вусъати таъсири фарҳанг ба ҷараёни худогоҳии миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бояд бошад. Ва фарҳанги милллӣ метавонад девори бузурге дар пешоруйи  на фақат зуҳуротибмайлони  ҷаҳонишавӣ, балки падидаҳои аз домани он сарбаровардае чун ифротгароиву хурофотпарастии динӣ ва экстремизму радикализм бошад.
 
Бо як ифтихору даркимасъулият зикр намудан ҷоиз аст, ки асарҳои бунёдӣ ва суханрониҳои Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар онҳо саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик варақгардон шуда, таърих ва фарҳанги миллӣ аз лиҳози арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд, аҳамияти беназир доранд. Хусусан асарҳои бунёдии ӯ “Тоҷикон дар оинаи таърих (Аз Ориён то Сомониён)”, “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, “Ориёнҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Сарнавишти миллати соҳибтамаддун”,“Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” ва дигар баромадҳои пурмуҳтавояш дар ҳама гуна ҳамоишҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ   дар бедоршавии миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва зиракии сиёсии мардум нақши ҳалкунанда бозиданд.
 
Дар маҷму бояд қайд намуд, ки мавзӯи нақши фарҳанг дар ташаккули давлатдории  миллӣ  аҳамияти рузмарра касб намуда, муносибати ҷадид бо тафаккури навро тақозо дорад.  Албатта сухан бояд аз боби “универсалияти фарҳанг” равад.   
 
Таҳлилҳо ва омузишҳо оид ба ин мавзуъ нишон медиҳанд, фарҳанги миллӣ эҳтиёҷ ба бозбинии омузишӣ ва таҳлилӣ дорад. Чунки: 
Аввалан олами маҷозии интернетӣ воқеъияти иҷтимои ҳаётро  дутақсим намуд. 
Чунки насли муосир, ки худ насли интернетӣ ҳаст, ба воқеъияти фарҳанги иҷтимоӣ на фақат бовар надорад, балки эҳтиёҷ ҳам надорад.
Дуюм ин ки  дар тӯли се даҳсолаи охир, дар ҳаёти маънавии ҷомеаи тоҷикистонӣ, аз ҷумла вобаста ба бедории миллат ва рушди фарҳанг тағйирёбиҳои ҷиддӣ ба амал омаданд, вале мавриди омӯзиши ҷиддии муҳаққиқон   қарор нагирифтааст. Ҳамин ҳаст, ки ҳар хурофотиву ифротгарои худ аз кучаи фарҳанг нагузашта,  имруз сунннатҳои эҳёшудаи миллиро куфру ширк эълон мекунад.
 
Сеюм, ҷомеаи муосири Тоҷикистон то рафт ба фазои пурихтилофе ворид мегардад, ки дар он ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ шаклу мазмуни нав касб намуда, ба вазъи фарҳанги миллӣ ва худшиносии миллӣ баробари нақши ночизи мусбӣ гузоштан боз  таҳдиду хатарҳо эҷод менамояд. Дар ин росто  ташаккули босуръати  бунёди ҷомеаи иттилоотиро бояд аз мадди нзар дур намонем, чун  дар рушду таблиғи арзишҳои фарҳанг ва ҷараёни ташаккули худшиносии миллӣ нақши технологияҳои иттилоотӣ бориз аст. Ҳанӯз дар соли 1948 ҷомеашиноси машҳури Амрико Роберт Мертон таъкид намуда буд,  ки “ минбаъд ҷаҳонро иттилоот идира мекунад”
Вобаста ба ин, акнун мубориза барои ғасби мафкураи инсон на дар ҳастии воқеӣ балки дар фазои маҷозӣ (виртуалӣ) сурат мегирад, ки зарурияти ташаккули фарҳанги иттилоотиро тақозо менамояд. Пас ҳамн масъала бояд мавриди таваҷҷуҳи илмӣ қарор гирад.
 
Бо дар назардошти он, ки ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар зинаи устуворгардонии давлатдорӣ ва миллатсозӣ қарор дорад, ҳам аз имкониятҳои глобализми фарҳангӣ истифода нмудан ва ҳам эҳё намудани суннатҳои фарҳангии қадимаи миллат ва дар рушди давлатдории милллӣ  оқилона  аз он истифода бурдан мувофиқи мақсад мебошад.
 
Дар ин робита, таъкид мегардад, ки дар шароити тағйирёбиҳои глобалии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба хавфу хатарҳои он ҷавоб дода, ҷомеаи тоҷикистонӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон нишондиҳандаҳои нави сифатиро касб менамояд. Айни ҳол  дар ҳаёти иҷтимоии муосири Тоҷикистон ду тамоюл ба назар мерасад. Аз як тараф зарурияти устуворгардонии пояҳои соҳибистиқлолӣ, такмил додани давлату давлатдории миллӣ, пойдоргардонии сулҳу субот дар ҷомеа зарурияти эҳё ва ҳифзи  фарҳангӣ миллӣ ва худшиносии миллиро тақозо менамояд, аз тарафи дигар – ҷомеаи тоҷикистонӣ аз ҷараёнҳои глобалии ҷаҳони муосир, модернизатсияи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ дар канор монда наметавонад. Равандҳои мураккабе, ки дар ин росто зуҳур меёбанд, бояд ҳама вақт мавриди назари муҳаққиқон бошанд.
Чорум бархурд бо истилоҳи  “худшиносии миллӣ” мебошад, ки бисёрсатҳии методологияи таҳқиқоти илмии он  муайян намудани фаҳмиши дурусту воқеиро  душвор мегардонад. 
 
Бояд қайд намуд, ки  дар шароити муосир худшиносии миллиро фақат аз рӯи мансубияти инсон ба таърих, забон, фарҳанги хеш муайян намудан ҷоиз нест, зеро дар шароити плюрализми мафкуравӣ, бархӯрди тамаддунҳову фарҳангҳо, сатҳи худшиносии миллӣ аз рӯи муносибати инсон ба ҷараёнҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва мавқеъгириҳои шахс нисбат ба арзишҳои умумибашарӣ муайян карда мешавад.
 
Айни ҳол мо пешоруйи бархурди фаҳмиши илмии таносуби “худшиносии миллӣ” ва “миллатгароӣ” қарор дорем, ки дарки онҳо ҳатто дар сатҳи илмӣ ҳам мушкил мешавад, чун дар баъзе мавридҳо онҳоро айният медиҳанд. Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки дар якқатор ҳолатҳо таклиф мешавад, ки мафҳуми “миллатгароӣ” ба “миллатдӯстӣ” иваз карда шавад. Шояд чунин андешаҳо барои он арзи вуҷуд менамоянд, ки истиқлолияти комили давлатиро бе ташаккули ҳисси милатдӯстию меҳанпарастӣ дар шуури одамон бунёд намудан ғайриимкон аст.
 
Хушбахтона муҳаққиқони муосири  ватанӣ аз лиҳози назариявӣ, айният додани падидаҳои миллатгароӣ ва миллатдӯстиро нодуруст ва хавнок мешуморанд.  Аз ҷумла дар фазои илмии пасошӯравӣ дар шароити истиқлолхоҳии миллатҳо муносибат ба миллатгароӣ тағйир ёфт. Омӯзиши ғояҳои ҷомеашиносони тоҷик ва намояндагони доираҳои илмии хориҷи наздик собит менамояд, ки падидаи миллатгароӣ дар шароити бунёди давлати миллӣ ҳамеша дар худшиносии миллӣ ҷой дорад. 
 
Пас, эҳёи фарҳанги миллӣ муносибати бонизом ва сиёсати амиқи иҷтимоӣ-фарҳангиро аз ҷониби давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо менамояд. Ин ҷанбаи хеле муҳими масъала буда, асоси давлатдории миллиро бояд ташкил диҳад.  
 
Сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир                                                      В. Баҳромбеков 
Яндекс.Метрика