Феноменология-қисми муҳими диншиносии муосир

Феноменология-қисми муҳими диншиносии муосир
Диншиносии илмӣ, ки аз нимаи дуюми асри XIX ба вуҷуд омада, то имрӯз пайваста дар рушду такомул аст, феноменологияи динро чун дигар қисмҳо: фалсафаи дин, таъриху сотсиологияи дин, психология ва герменевтикаи дин ҷузъи муҳими худ қарор гирифтааст. Алалхусус дар асри XX, хусусан дар нимаи дуюми он бо пайдоиши таҳқиқотҳои арзишманди  Р.Отто (1869-1937), Леув (1890-1950), М.Шелер (1874-1928), Ф.Хайлер, М Элиаде, И.Вах (18981953)  ва дигарон мақоми феноменология дар диншиносӣ хеле тақвият ёфтааст ва ҳатто, баъзан, дар як қатор асарҳои олимони муосир ягона соҳа ва методи таҳқиқии дин қарор дода шудааст. Албатта феноменология бо танҳоӣ бе фалсафаю таърихи дин чандон воқеияти динро дуруст ифода намекунад, аммо дар ҳар сурат мақоми он дар диншиносии илмӣ хеле боло рафтааст. Бо вуҷуди ин аксари диншиносон дар ин фикранд, ки феноменологияи дин танҳо дар алоқамандӣ бо дигар қисматҳои диншиносии муосири илмӣ: фалсафа, психология, таърих ва сотсиологияи дин метавонанд мақоми шоистае  дар диншиносӣ дошта бошад. 
Дар диншиносии муосири илмӣ феноменологияи дин он қисми таркибии диншиносиро гӯянд, ки ба таҳқиқӣ ҳодисаҳои динӣ машғул аст. Он падидаҳои динро аз назари фалсафӣ бо ҳам муқоиса намуда, тавсиф, таҳлил ва ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ мекунад. Ҳодисаҳои динро бо усули фалсафӣ-феноменологӣ муайян карда, ҷузъи илмҳои фалсафӣ ва дониши илмӣ дар бораи дин мегардад. Аз рӯи хусусияташ дар байни илмҳои дигари диншиносӣ сотсиология, психология, антропология, таърихи дин ва фалсафаи дин мақоми мобайниро дорад, ҳар чанд бештар ба фалсафаи дин алоқаманд буда, таълимоти феноменологии фалсафаи динро ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба ҳамин муҳаққиқон феноменологияро ба феноменалогияи дескрептивӣ (тавсифӣ), тафсирӣ (интерпретативӣ) тақсим намудаанд. Албатта, чунин тақсимот ҳоло пурра вазифаҳои феноменологияро дар бар намегирад, чунки аслҳое, ки феноменология истифода мекунад, доираи таҳқиқии онро хеле васеътар месозад, аз ҷумла чунин аслу усулҳои феноменологӣ, мисли тасвири бевосита, редуксияи феноменологӣ, психологӣ, эйдетикӣ, трансенденталӣ ва ғайра. Бунёдгузори редуксияи феноменологӣ дар фалсафа  Э.Гуссерл(1854-1938) мебошад, ки дар асарҳои олимони дигар мисли М.Шелер (1874-1928) шарҳи бештар пайдо кардааст. [1;360] Аслҳои асосие, ки дар феноменология муҳақиқон истифода намудаанд иборат аз эмпиризм, дескриптивизм, тафсири дақиқ, эмпатия, компаративизм, стуруктурализм, гузораҳои тафсилӣ мебошанд, ки тобеи се асли феноменологияи дин: стуруктурализм, дескриптивизм, эмпатия ҳастанд. Феноменологияи дин зоҳиршавии муқаддасотро (муқаддас мафҳуми асосии феноменологист) дар ашёҳо, фазою макон, ададҳо, калимаҳо, дар тасаввурот ва эҳсосоти инсону ҷомеа мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва ин кор на ба таври ҷудогона дар дини алоҳида, балки дар ҳамаи динҳо дар муқоисавӣ  сурат мегирад.  Дар редуксияи феноменологии Э.Гуссерл лаҳзаҳои умумии фалсафаи феноменологӣ дар таҷрибаи динӣ, хусусан дар нисбати муқаддасот, дида баромада мешавад. Таҷрубаи динӣ, ба фикри ӯ воқеияти махсус аст. Таҷрибаи динӣ асоси баррасиҳои падидаҳои динӣ мебошад. Таҷрибаи динӣ, таҷрибаи амалии дорои императивиест, ки  инсонро водори амал месозад, чун ҳастии ниҳон барои диндорон, воқеияти олиест, ки ҳамаи чизро муайян мекунад. [2;54-56]
Мавзӯъҳо ва худи асли феноменологӣ якбора ба вуҷуд наомадаанд, балки таърихи тулонии худро доранд. Аввалин бор истилоҳи «Феноменология» соли 1764 аз ҷониби риёзидон ва файласуф И.Г,Ламберт пешниҳод шудааст. Сипас И.Кант дар асри XVIII  ин истилоҳро барои фарқ кардани зоҳиру асли дониш ва ҳодисаҳо ба «феномен» ва «ноумен» ҷудо кард. Вале пайдоиш ва дар илм мақоми устувор касб кардани ин истилоҳро ба Г.В.Ф.Гегел нисбат медиҳанд. Феноменологияи Гегел асосан илм дар бораи рӯҳ мебошад, ки дар он дониши мутлақ ҳосил мегардад. Баҳси Канту Гегел ба феноменологияи дин камтар пайвастагӣ дорад, вале онҳо принсипи феноменологии фалсафаро ривоҷ додаанд. Аввалин таҳқиқи муқоисавии феноменологияи динро  П.Д. Шантепи де ла Сосе (устура, эътиқодҳо, маросимҳо, расму оинҳо, ашёҳои муқаддас ва ғ) додааст. Баръакси фалсафа феноменология маҷмуи вожаҳоро таҳқиқ ва муайян менамояд. Дар ин маврид дар баробари мазмун ҳаҷми онҳо низ дар назар гирифта мешавад. Аз ин ҷо яке аз шарҳи феноменологӣ тавсифи интенсионалӣ аст. Маҳз интенсионал на экзистенсионал асоси муносибати феноменологӣ мебошад. Феноменологияи муосир ҳоло ба ҷуз феноменҳо инчунин ба моҳияти онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад, яъне аз равишу баёни феноменологӣ ба шарҳи фалсафӣ мегузарад. Дар натиҷаи он ҳоло пайванди фалсафа ва феноменологияи дин ба вуҷуд омадааст. Феноменологияи фалсафӣ ибтидояшро аз Э.Гуссерл , ки ингуна муносибатро принсипи фалсафаи худ қарор дода, онро асоснок намудааст, сарчашма мегирад. Дар таълимоти Гуссерл ду чиз: дониш (эпистема-дониши назариявӣ) ва докса (Doxa-эътиқод) боварии динӣ аз ҳам фарқ карда шуда, бо ҳам муқобил гузошта мешаванд. [3;304]  Ба воситаи эпистемология донишу назария ва ба воситаи доксика «ҳаёт» (олами ҳаётӣ) ба вуҷуд меояд. Ба қавли Гуссерл эътиқодот дар ин маврид арзишманд буда, то андозае мустақил аз дониши назариявӣ аст. Зимни инкишофи худ «ҷаҳони ҳаётӣ»-и фард чанд зинаро тай мекунад. Аввали он иборат аз зинаи амалӣ-устура, ки дар нерӯҳои асотирӣ мавқеи бештарро ишғол мекунад, иборат аст. Марҳилаи дуюм муносибати амалии дар назария инъикосшуда мебошад. Марҳилаи сеюм-дараҷаи мутлақи ҳаёт, яъне маънои аз ҷониби инсон ба вуҷуд овардани худ ва ҷаҳони худро дар дараҷаи худшиносӣ дорад. [4;122] Дар ҳар сурат назарияи Гуссерл бештар хусусияти теологияи феноменологиро ба худ гирифтааст. Пайравони феноменология Р.Отто ва Ф.Хайлер динро таҷрибаи бархурд бо муқаддасот ва нерӯҳои муқаддас маънидод кардаанд. Муқаддасот бисёр вақт ба калимаи ноумен ифода мешавад. Он ба маъни иродаи худовандон ва сайёраи худовандон, аломати бузургии Худо ва ғайра дар он истифода шудааст. Он ба кайҳон ва ҳаводиси заминӣ ва инсонӣ монанд нест. Масалан М.Элиаде онро чизе медонад, ки дар муқобили дунявияту дунё қарор дорад. М.Элиаде чунин мешуморад, ки «таҷрибаи динӣ»-и Отто на таҷрибаи дар муқобили Худо дар тарсу ҳарос қарор гирифта аст, балки таҷрибаи  «профанӣ» яъне таҷрибаи руъёии динии пайваста бо таҷрибаи экзистенсионалии дохилшавӣ ба олами ғайр, дарёфти мақсади ҳаёт аст, ки дар тамаддуни масеҳӣ аз байн рафтааст. [6;74]  Ба қавли Р.Отто «муқаддас чизе аст, ки дар худ унсури ақлӣ ва ахлоқӣ надорад». Ф.Хайлер гӯяд, ки «питеп-чизи муқаддас ва илоҳӣ, ки дар он сӯи таассуроти ҳиссӣ мебошад ва худро дар се  соҳа намудор месозад: ашёи муқаддас, таасурот ва тасаввуроти муқаддас, онҳо чизҳои номуайян ва беноми муқаддасанд». [2;54-56]  Ашёи муқаддас ба маънии ашёи табиӣ нест, он ҳеҷгоҳ симо надорад, ғояи холис аст, ки фикри муқаддасро дар бар мегирад. Агар чизе ба сурати ашё ба диндорон пешниҳод мешавад, на худи ашё, балки муқаддасоти дар он таҷассумёфта аст. Он таассуроти ботиние аст, ки диндор онҳоро эҳсос мекунад. Ба қавли Хайлер таассуроти динӣ зиёд нестанд, онҳо мистикӣ ё набавӣ мешаванд. Ба гуфти Хайлер, ашёҳои муқаддас объектҳои табиатро ба вуҷуд меоранд, ки инсони инъикоскунандаро дар ҳайрат мегузоранд. Инсони  ибтидоӣ онҳоро ибодат кардааст, аммо дар ибодати имрӯза на худи ашёҳо, балки образи онҳо ибодат карда мешавад. [6;316-317]  Файласуфи немис Рудолф Отто (1869-1937), нисбат ба Шлейермахер ва Ҷеймс аз баҳодиҳии динии таҷрибаи динӣ даст кашида ба шарҳи дескриптивии таҷрибаи динӣ пардохтааст. Ӯ ин гуруҳи мутафаккирон таҷрибаи диниро ба психология ва психикаи инсон вобаста намедонад, балки ба хусусиятҳои шахсият, ба пайдоиши таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дин эътибор медиҳад. Аз ҷумла, Отто «муқаддасот»-ро тамоман чизи дигари ба ҳеҷ кадом чизи дунё монанд намедонад. Яъне дар онҳо бештар ба хусусияти фавқуттабиӣ (трансендентӣ) Худо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Муқаддасоти дар таҷрибаи динӣ бударо Отто «нуминоз» (аз лотинӣ Numinose-муқаддас)  меномад. Эҳсоси нуминозро ҳамчун феномени шуур шумурдаанд. Объекти нуминозӣ метавонад ба идеяи Худои зинда баргардад. [5;74] Яъне инсон аз тарсу ваҳм таҷрибаи нуминозӣ дорои меҳри фавқуллода мегардад. 
Ҳарчанд Э.Гуссерл ба феноменологияи дин машғул нашудааст, вале роҳ ба сӯи инъикоси таҷрибаи динӣ кушодааст. Ӯ худро аз дин дур гирифта, пеш аз маргаш изҳор дошт, ки «Ман чун философ зиндагӣ кардаам, чун филосф мурдан мехоҳам». Ҷозибияти феноменологӣ барои таҳқиқоти фалсафӣ дар он зоҳир мешавад, ки: 
1. Он асли маърифатии динро аз дигар навъҳои дониш дар бораи дин ҷудо карда, онро редуксия (ғалбер) мекунад, он чизеро, ки хоси таҷрибаи динӣ набошад, хирад, ғояҳо, баҳодиҳӣ аз хориҷро қабул надорад ва ҳамдардию эмпатияро ба назар мегирад.
2. Тавсифи беғаразонаи феноменҳои руҳонӣ ва таваҷҷуҳи хос нисбати мазмуни таҷрибаи рӯҳонӣ сурат мегирад ва бояд онҳо аз рӯи муҳаббати беғаразона нисбати ҳақиқати дар онҳо баёншуда, мавриди таҳлил қарор гиранд. 
3. Ҳар он чи ки ба таҷрибаи динӣ алоқаманд аст, хусусияти интенсионалӣ пайдо мекунанд. Интенсионал кӯшиши шуур барои дарёфти мазмуни чизҳост. 
4. Итерсубъективӣ будани таҷрибаи динӣ ҷои хоси худро пайдо мекунад. Дин кори шахси алоҳида нест, он бояд аз ҷониби дигарон низ ба ҳамон мазмун фаҳмида шавад. Гуссерл онро «ҷаҳони ҳаётӣ» номидааст, ки аз ҷониби ҷамоа амалӣ сохта мешавад, ҷамоае, ки он таҷрибаи диниро қабул дорад. 
5. Гуссерл инчунин илова карда буд, ки «ҷаҳони ҳаётӣ» ё таҷрибаи динро он ҷамоа бояд дарк кунад ва мазмунашонро фаҳмад. [7;224]
   Ин ақидаро Вах дар герменевтикаи феноменологии худ хеле рашан баён сохтааст. Аз ҷумла ӯ таъкид мекунад, ки барои фаҳмидани дин иттилооти комил, ҳолати воқеии ҳиссӣ, омодагии дурусти иродавӣ ва таҷрибаи шахсии муқаддасот зарур аст. Ин тахминан ҳамон гуфтаи Августини Муқаддас аст, ки шарҳу тафсири таълимоти динро ба касоне ҳавола мекард, ки худашон дар дараҷаи баёнкунандаи ҳамон ақида қарор дошта, бо он эътиқод дошта бошанд. Дар баробари ин Вах ҳамчун муаррихи дин масъалаи ҳақиқати динро ба таҷрибаи динӣ вобаста медонад ва таъкид месозад. Агар динҳое бошанд, ки ҳақиқатро фаро нагиранд, пас онҳо дини ҳақиқӣ нестанд, пас нодуруст аст гуфтани он, ки ҳамаи динҳо ҳақиқиянд, вале чун ҳамаи динҳо кадом як ҳақиқатро фаро мегиранд ё ҷузъи ҳақиқатро дар бар мегиранд, пас онҳо аз ҳамдигар бо он фарқ мекунанд, ки намуде аз ҳақиқатро фаро гирифтаанд. Ӯ таҷрибаи диниро таҷрибаи аз ҳама оддие, ки инсон метавонад ба он дастёб шавад, донистааст. [8;242] Дар таълимоти феноменологӣ фаҳмиши чизҳои муқаддас хеле муҳим аст. Қудсият комилан аз дунявият ва воқеият фарқ мекунад, он хислати фавқуттабиӣ, ғайризаминӣ дорад. Дар таҷрибаи динӣ он тавре дода шудааст, ки дарки он ба воситаи ақлу хирад тақрибан номумкин аст. Дар ин маврид пайравони феноменология тезисеро ба миён гузоштаанд, ки мувофиқи он дониш ва фаҳмиши мафҳумҳо айниятдор нестанд. Ба фикри онҳо, ҳатто, дар муқобили якдигар метавонанд қарор гиранд. Аз ин ҷо  ба қавли Отто, ки он мафҳуми «ноумен»-ро дар баёни инъикоси ҳодисаҳои дин роиҷ медонист, чун моҳияти хислати илоҳӣ дошта шарҳ додааст.Қобилияти инсон барои донистан ва эътироф (қабул) кардани муқаддасотро ӯ «дивинатсия» номидааст, яъне эҳсоси пешакӣ. [2;57]  Барои нишон додани дастнораси ба муқаддасот, ӯ назари И.Кантро дар бораи «аpriori» истифода мекунад ва муқаддасотро бо мафҳуми априории Кант якнавохт мешуморад ва  хусусияти ирратсионалии онро муҳим медонад. Лекин баръакси Кант, ки чизҳои априориро чизҳои дар таҷриба доданашуда медонист, Отто таҷрибаи эҳсосоти диниро чизи дар таҷрибаи динӣ додашуда, вале  ҳосилнашаванда шуморидааст, яъне эҳсосоти динӣ аз таҷриба бар намеояд, балки хусусияти оригиналӣ дошта, эҳсоси аввалия шинохта мешавад. Ақидаҳои Отто замина барои феноменологияи тафсирӣ гардидааст, ки мақсади он дарёфти мазмуни ботинии падидаҳои динӣ мебошад. Отто дар китобаш «Муқаддас» чизи муқаддасро он чизе тасвир кардааст, ки аз ҳама чизҳои олам фарқ дорад. Азбаски он аз ин ҷаҳони воқеӣ нест, дар инсон эҳсоси тарс ва даҳшатро ба вуҷуд меварад, ӯ таъкид мекунад, ки феномени муқаддас таҷрибаи аввалине аст, ки ба ҳеҷ чиз монанд нест. Инсон фақат ба воситаи таҷрибаи маънавӣ дар шакли руҳонӣ ба он шинос аст, монанди таҷрибаи таассуроти бузургӣ ва беинтиҳоии олам, таҷрибаи бархурд бо малоик ва ғайра. Ба таври кулли таваҷҷуҳ ба феноменологияро дар таҳқиқотҳои фалсафӣ аз инҳо метавон иборат донист:
1) Феноменҳои динро таҳқиқ карда, онҳоро бояд аз дигар намудҳои дониш ҷудо кард, аз донише, ки доир ба динҳо диншиносон, сотсиологҳо, психологҳо гирд овардаанд. Барои ин лозим аст, ки редуксия гузаронида шавад. Феноменологҳо хавфи онро доранд, ки дониши пешниҳодкардаи мутахасисони соҳаи дин, дониши яктарафаи нодурусте мебошад, ки шояд дар доираҳои интеллектуалӣ қабул шаванд, он гурӯҳи интеллектуалие, ки онҳо ба он худро мансуб медонанд. Дар ин маврид онҳо дар назар доранд, ки хирад шояд дар тавсифу баҳодиҳии таҷрибаи динӣ поён надошта, мазмуни ботинӣ (пинҳонӣ) ҳадафу мақсади таҷрибаи динӣ, ҳамдардӣ (эмпатия)-ро нодуруст баён кунад. 
2) Омӯзиши беғаразонаи падидаҳои маънавӣ бояд тавре  сурат гирад, ки ба мазмуни онҳо муҳақиқ эътибор диҳад, ба мазмуне, ки дар таҷрибаи маънавӣ дода шудааст. Аввал бояд масъалаҳои таҷрибаи маънавӣ муайян карда шаванд ва сипас ба онҳо баҳо дода шавад ва баҳодиҳӣ дар асоси пайгирӣ ва «муҳаббат»  сурат гирад. [2;58]
3) Таассуроти динии таҷриба хусусияти интенсионалӣ (шарҳу тасвири маънавӣ-мазмуни тафсилӣ) дорад ва дарки мазмуни ашёро фаро мегирад. Дар умқи таассуроти ҳиссӣ чизи трансендентӣ вуҷуд  дорад, ки он метавонад дар қалби инсон пештар ҷой дошта бошад.
4) Дин кори фард нест, ҳаргуна тасаввуроти динӣ бояд ҳамон тавр аз ҷониби дигарон, ҷомеа қабул шавад ва онҳо дар якҷоягӣ ин таҷрибаро ба вуҷуд меоваранд, он чизе ки онро Э.Гуссерл «ҷаҳони ҳаётӣ»номидааст, яъне «ҷаҳони мазмунҳо», ки ҷомеа эҳсос мекунад ва онро андеша дорад ва аз ҷониби онҳое, ки ҳамин тавр эҳсос мекунанд ва мефаҳманд, қабул карда мешавад.
5) Андешаи Гуссерл, ки дар охири умраш баён карда буд, дунёи ҳаётӣ аз ҷониби иштирокчиён, чуноне ки аксари феноменологҳо тасаввур мекарданд, ба вуҷуд оварда намешавад, балки онҳо вориди он шуда, онро амиқтар фарқ мекунанд, он пеш аз таҷрибаи динӣ вуҷуд дорад, ин масъала ба ҳамаи намудҳои таҷриба. аз ҷумла субъективию объективӣ, руҳонию моддӣ, арзишу фактҳо, муқаддасоту профанӣ, ки дарки инҳо барои ҳамаи тамаддунҳои пешрафта хос аст нисбат дорад. Вале Гуссерл эътиқодманди он буд, ки мазмуну арзишҳои таҷрубаи динӣ, дар ҷомеаи динӣ сохта мешавад. [3;304]
Яке аз файласуфони номии асри ХХ Макс Шелер (1874-1928), ки ғояҳои феноменологиро дар таҳқиқотҳои ба антропология ва фалсафаи дин бахшидашуда истифода бурдааст, чун шогирди Гуссерл,  феноменологияи ӯро хеле такмил додааст. Ба фикри ӯ, редуксияи феноменологие, ки Гуссерл дар назар дорад, ҳадафи онро надорад, ки шуур ҳолати «шуури пок»-ро дарёбад ва дар он мушоҳидаи падидаҳои диниро пайдо кунад ва ба воситаи онҳо ба ҳақиқат расад, балки он гузариш ва дарки умқи воқеиятро хостгор буда, ба дарки моҳияти дар паси ҳодисаҳо қарор дошта, равона шудааст. Ба қавли бисёр муҳақиқон, Шелер табаддулоти экзистенсионалӣ дар таълимоти феноменологӣ анҷом дод, ки дар баёни ӯ «шуури пок»-и Гуссерл дигар чандон ҳам «шуури пок» набуд, зеро покии шуурро ӯ ба дарёфти воқеияти берун аз шуур вуҷуддошта алоқаманд сохтааст ва ин воқеиятро Худо медонист ва чунин ба назар мерасад, ки ӯ таълимоти Августинро бо феноменология алоқаманд сохтааст, зеро Августин роҳ ба сӯи Худоро дар ҷаҳони ботинии инсон дида буд. Шелер олами махсуси арзишҳоро чун роҳу восита тасвир карда, арзишҳо ва муқаддасотро мавзӯи таҳлилии феноменологӣ қарор медиҳад. Ба ақидаи ӯ арзиш-падидаи арзишманди воқеӣ, ки меъёри арзишмандияш ҷиҳати ахлоқӣ, эстетикии он мебошад. Арзиш падидаи иҷтимоиест, ки дар муроқибаи интуитивӣ мушоҳида мешавад ва ба «эҳсоси маънавӣ» ва зоҳиршавии он алоқаманд аст. Хирад арзишро эҳсос намекунад, пас он воситаи дарёфти арзишҳо нест. Эҳсосоти динӣ хусусияти интенсионалӣ (тафсилӣ) дорад ва имконият медиҳад, ки он ба аломатҳои воқеии динӣ дохил шавад. Арзишҳои тасаввуроти феноменологӣ хусусияти фардӣ доранд. Ин ҷиҳати таълимоти Шелер ӯро то андозае ба персонализм наздик месозад. Шахсият (персона), ба фикри Шелер, субъекти соҳибфаҳми боақлона ва олами иродавӣ нест, балки он ягонагии олами ботинии инсон ва амалиёти зоҳирии ӯ мебошад. Он чӣ ки ӯро ба муқаддасоти динӣ алоқаманд месозад, муҳаббат аст, аниқтараш тартиби муҳаббат-Ordo   (дустдори ҳастӣ) мебошад… [10;360]  Аз гуфтаҳои Шелер ба хулоса омадан мункин аст, ки «ҳамагуна муҳаббат…муҳаббат ба Худост», ҳамчуноне, ки дар тасаввури исломӣ нақш дорад. Бояд гуфт, ки ақидаҳои Шелер заминаи ғоявӣ барои феноменологизми минбаъда гардиданд. «Қалб он микрокосмоси ҷаҳони арзишҳо мебошад». [10;349]
  Масълаи муҳими феноменология ягонагии моҳияти динҳо мебошад, алахусус дар партави таълимоти Отто. Фридрих Хайлер (1898-1967) диншиноси феноменолог талош намудааст, ки асоси ягонагии динҳоро пайдо кунад. Ин корро ӯ дар шарҳи «таҷриба муқаддас»-и Отто анҷом додааст ва таҷрибаи ин динҳоро дар як доираи муайян гузоштааст.
Дигаре аз диншиноси феноменолог Жерар ван дер Лейв  (1890-1950) дар асари худ «Моҳияти дин ва зоҳиршавии онҳо» нишон доданӣ шудааст, ки таҷрибаи диниро бояд ҳамаҷониба баррасӣ кард, зеро дар он на танҳо таассуроти динӣ зоҳир мешавад, балки ҷавоби инсон ба ин таассурот ифода ёфтааст. Вобаста ба ин ӯ 12 шакли динро, ки дар онҳо ҷавоби инсон ба воқеияти хориҷ аз воқеият ифода мешавад, баён кардааст. Ин 12 тип (намуд) иборатанд: 
- дурӣ аз ҳастии олӣ (ба қавли Конфутсий осмонҳо хомӯшанд) барои Хитой ва деизми аврупоӣ.
- мубориза бар зидди нерӯҳои душмани воқеияти олӣ (мисли зардуштия), зардуштён ҷанговарони Аҳуромаздо мебошанд.
- оромиши ботинӣ баъди бархӯрд ба ин воқеияти олӣ, яъне дини оромӣ, чуноне ки тасаввуф аст.
- ташвишу талошҳо дар ҷавоби таваҷҷӯҳи нерӯи фавқуттабиӣ.
- динамизми баъзе динҳо ёфтани нисбати динҳои дигар, ки дар шакли табшир (миссионерӣ) зоҳир мешавад.
- кушиши динамикии дохилии эҳёсозии дини худ. 
- кушиши ба ин динамизм додани шакли динии ба он мувофиқ, мисоли тамоюли зебоисозии юнониёни қадим.
- хоҳиши то ба охир дар беинтиҳо маҳлул шудан, яъне шакли аввали «уқёнуси ҳастӣ», ба мисли ҳиндуия.
- хоҳиши ба ҳеҷ табдил шудан, яъне ба ғайри ҳастӣ, мисли буддоия.
- «дини ирода ва фармонбардорӣ» мисли Исроили қадим.
- дини бузургии Худо ва бандагӣ ба ӯ, ислом.
- дини муҳаббат, масеҳият. [11;221]
Дар ин тақсимбандӣ шарҳи яктарафа ва схематизм аён аст ва баҳодиҳӣ ба масеҳият ҳам ин фикрро тасдиқ мекунад, вале Леув кушиш кардааст, ки моҳияти ягонаи динҳоро пайдо кунад.
 Дар нуфуз ва ташаккули феноменологияи дин Л.Элиаде (1907-1986) саҳми зиёде гузоштааст. Ӯ дар асарҳояш «Рисолаи таърихи дин» (1949), «Устура доир ба абадияти маод» (1949), «Таърихи ғояҳои динӣ» (1978-1985), ки ӯ дар давраи фаъолияташ чун роҳбари мактаби диншиносӣ ба табъ расонидааст, назарияи сотсиологӣ-феноменологиро асоснок намудааст. Бояд гуфт, ки ӯ дар инҷо анъанаи диншиноси дигари феноменологӣ И.Вах (1898-1955)-ро идома додааст, ҳарчанд, ки тасаввуроти Элиаде аз Вах доир ба таҷрибаи динӣ якхеланабуда, фарқ доранд, зеро фаҳмиши таҷрибаи динии Элиаде чун «таҷрибаи худшиносӣ» ё «мушоҳидаи худ»-и доираи андозагирии ҳастии динӣ, ки бо таҷрибаи экзистенсионалии мақсади ҳаёт мувофиқат дорад, буд. Аммо Отто ва Вах ин таҷрибаро дар шакли бархӯрд  ба муқаддасот, ки тарсу ваҳм ва такопуро барои шахси диндор ба вуҷуд меорад, мефаҳмиданд. Элиаде дарёфти ҳадафи ҳаётро дар ин таҷрибаи динӣ ба он ҳадафе айният медонист, ки он дар давраи таназзули «постмасеҳият», аз даст рафтааст. Дар натиҷа Элиаде чизи динӣ (сакралӣ)-ро аз ҳаёти муқаррарӣ (профанӣ) ба куллӣ фарқ мекунад. Ба қавли ӯ диёнат кайҳонӣ аст ва худро ҳар лаҳза ва бо роҳҳои гуногун дар ҳаёти инсон зоҳир мекунад. Он дар давраҳои гуногун ва халқиятҳои гуногун шаклҳои гуногун дорад сарчашмаи тасаввуроти динӣ дар ҳама маврид мебошад. [12;22]   Аз ин ҷо, ба фикри Элиаде, инсон бояд мақоми муқаддасотро дар зиндагии инсон аз давраи қадим тотавротӣ эътироф намояд. Чунин ба назар мерасад, ки сухан дар бораи эҳёи динҳои қадим меравад, ки дар ин соҳа Элиаде корҳои зиёдеро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом додааст. Дар корҳои худ бештар ҷаҳонбинии динҳои қадимро мавриди таҳлил қарор додааст.
Табиати худованд бо «чизи тамоман Ғайр», яъне ғайри эҳсосоти инсонӣ ё ҳамчун «чизи муқаддас» баҳсҳоро дар феноменология ба вуҷуд овардааст. Агар аксари феноменологҳо онро «чизи Ғайр» тасаввур карда бошанд, баъзе феноменологҳои муосир, хусусан муҳофизакорони масеҳият онро «Ғайр» намедонанд, балки эҳсосоте медонанд, ки худопадар ба инсон ҷой кардааст ва ба ҷуз ҳисси тарсу ваҳм боз шодию муҳаббатро дар бархурд ба инсон эҷод мекунад. Ба гуфти Семен Франк Худоро набояд чун «Ғайр» донист, зеро дар мавриди таҳқиқи масъалаҳои динӣ робитаи инсону Худо ошкор мешавад, яъне ӯ ҳам ғайр ва ғайри Ғайр, яъне «Ғайр» нисбати дигар эҳсосот аст. [13;163]  Зери нуфузи таҳқиқотҳои феноменологӣ герменевтика ба вуҷуд омадааст, ки матнҳои диниро мавриди тафсир қарор додааст. Барои муаллифони масеҳӣ герменевтика илме гардид, ки мазмуни воқеии катибаи муқаддасро метавонад шарҳ диҳад. Он аз се қисмат иборат аст:
1. Таълимот дар бораи мазмуни катибаи муқаддас;
2. Таълимот дар бораи тарзҳои дарку тафсири катибаи муқаддас;
3. Таълимот дар бораи аслҳои аввала ва асоси катибаи муқаддас.
Дар матнҳои муқаддас ҳар аломат ва рамз дар ҳамаи ҷои матн ба як маъно омадааст, фақат ду мазмуни таърихӣ ва набавӣ аз ҳам фарқ доранд, ки дар мавриди ҳар кадом аз ду мазмун: лафзӣ ва махфӣ ва дар Қуръон маъруф ва муташабеҳ дорад. Дар нисбати аввалӣ рамзҳое истифода мешаванд, ки маъноро бевосита ифода мекунанд ва онро дар матн маънои ашёи аломатӣ гӯянд ва дигар ба воситаи рамзҳое, ки аломати шартӣ барои дигар ашё ҳисоб мешаванд. Дар мавриди дуюм ашёи ба калимаҳо ифодашуда  ба сифати аломат барои ифодаи мафҳумҳо хизмат мекунад. Дар натиҷа ифодаҳои зикршуда ашёҳоеро ифода мекунанд, ки дар муносибатҳои гуногун ба ин рамзҳо-вожаҳо қарор доранд: намуна, насиҳат, апалог, рӯъё ва рамз. Инҳо дар ҳамаи динҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла агар исломро мавриди таҳлил қарор диҳем, пас намунаи он мафҳумҳо, аломатҳое мебошанд, ки мазмуни таърихӣ доранд ва он бевосита ин мазмунро доро мебошанд. Дар аломат-ашёи пандомез мазмуни ҳаётӣ ифода шуда, имкони воқеияти онҳо ҳамеша вуҷуд дорад. Масоили қиссаҳои пағаймбарон. Дар аналог ашё-аломат аз олам воқеӣ гирифта шудааст, вале ба он сифату хосияте нисбат дода шудааст, ки вуҷуди онҳо наметавонад воқеият дошта бошад, онҳо моҳияти аломатро ифода мекунанд, яъне метавон гуфт, объектҳои идеалие дар онҳо инъикос шудаанд, ки намунаи худро дар воқеият надоранд. Дар рӯъё рӯъёи солиҳаи пайғамбарон ифода шудааст, аммо дар рамзҳо амалиёти шахсон ё ашёи моддӣ инъикос ёфтааст ва фикри абстрактӣ (ваҳм)-ро фаро мегирад. Дар мавриди шарҳи тафсири онҳо шарҳу қоидаҳои гуногун вуҷуд доранд ва муҳимтарини онҳо мувофиқти тафсир бо ҳадафҳои сохтани матн мебошад. Аз  рӯи ин ҷиҳат герменевтика аз шарҳи илмӣ фарқ мекунад.
Дар феноменологияи муосир маҷмӯи масъалаҳои герменевтики мавриди баҳс қарор дода шудаанд, аз ҷумла давраи герменевтикӣ, ашёи муқаддас, фазо, вақт, ададҳои муқаддас, робитаҳои муқаддас, маросимҳо, тафсил, илҳом, висол, вожаҳои муқаддас, ибодат ва сукут, матн, инсони муқаддас, суфиён ва набиён, мистика чун воситаи дарёфти ҳақиқати илоҳӣ, эътиқод ва ғайра.
Матн бояд дар дохили худи матн тафсир шавад, агар ба таври дигар гӯем ва тафсири Қуръонро ба назар гирем, шакли боэътибори тафсир Қуръон ба воситаи худи Қуръон, яъне оятҳои дигаре, ки дар Қуръон ҳастанд ва маънои оятҳои мавриди назарро ошкор баён кардаанд, яъне барои тафсир истифода бурдани  қисматҳои дигари матн, шарҳи лафзии мафҳумҳо, оятҳои истилоҳоти қуръонӣ, мувофиқати матни мазкур ба мақсади китобати он аст. Дар доираи равияи феноменологӣ ду равияи асосии тафсир: теологӣ ва филологӣ ба вуҷуд омадаанд. Равияи филологӣ, ки барои фалсафаи дин аҳамиятнок аст он дар осори Шлейермахер, М.Хайдегер ва Х.Гадамер ривоҷи бештар пайдо кардааст. Шарҳи тамаддунӣ ё фарҳангии герменевтика низ вуҷуд дорад, ки намунаи онро назарияи М.Фуко ифода кардааст. Масалан М.Фуко зимни шарҳи мафҳуми «наҷот», онро чун «ғамхорӣ нисбати худ» шарҳ додааст, ки аз фалсафаи Юнони Қадим ва гуфтаи О.Делфий  «худатро бишинос» сарчашма мегирад ва он қариб ҳеҷгуна ҳодисаҳои фоҷиаангез мисли марг, умри ҷовидона ва маодро фаро намегирад. Чунин фаҳмиш ва шарҳи М.Фуко аз тафсири динӣ ҳам дур аст, вале он имкон медиҳад, ки робитаи дин ба заминаи фарҳангии он муайян карда шавад. Хеле ба маврид аст, ки тезиси Вах, ки муддати дароз ба герменевтикаи динӣ-феноменологӣ машғул буд, оварда шавад. Вах таъкид кардааст, ки муаррихи дин ба ҳақиқати динӣ аз мавқеи феноменологӣ бояд назар кунад, масъалаҳои ҳақиқатро дар таҷрибаи динӣ бидуни мутлақ сохтани шарҳи динии он дида барояд. Ҳеҷ як дин ҳақиқат нест, агар дини дигар ғалат бошад ва он чиз низ нодуруст аст, ки ҳамаи динҳо ҳақанд. [8;242]
Ҳамчунон ки мушоҳида мешавад, феноменологияи дин бо вуҷуди таваҷҷӯҳаш ба таълимоти динӣ ва муносибати беғаразона ба онҳо, таълимоти динро на аз рӯи аҳком ва ҳимояи ақоиди динӣ, балки чун падидаи психологӣ, ҷаҳонбинии инсон мавриди таҳқиқ қарор дода, сабабҳо, пайдоиш, вуҷуди тасаввуроти динро новобаста ба далелҳои динӣ нишон медиҳад. Он маводи зиёде барои фарқи падидаҳои динӣ таҳия намуда, барои хулосабарориҳои илмӣ заминаи мусоидро ба вуҷуд меоварад.
Феноменологияи дин соҳаи густурда аст ва таҳқиқи доманадорро талаб мекунад. Баёни мухтасаре, ки дар ин мақола оварда шудааст, фақат бо мақсади ҷалби хонандагон ба ин мавзӯъ ва даъвати муҳақиқон барои таҳқиқи васеи ин соҳаи диншиносӣ мебошад.
 
 
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
1. Шелер М. Избранные произведения, И:Гидтс. 1994, с.360.
2. Р.Отто. Святое. //Христианни, 1994 №3-4. стр.54-56.
3. Гуссерль Э. Кризис европейсково человечества и философия. //Культурология ХХ в. Антология. М.1995. с.304.
4. Гайденко И.Н. Научная рациональность и философский разум в интерпретации Эдмунда Гуссерлья. Вор.1992 №7. с.122.
5. Даусон К.Г. Религия и культуры СПБ.2000. с.74.
6. Хайлер. Религио-историческое значение. Литерь//Социо-паос. М.1991. с.316-317.
7. Отто Р. Свяшенное. Об иррациональном в идее божественого  и его отношении с рациональным. СПб. 2008. с.224.
8. Вах. Социология религии. Методологические прологомены. М.2002. с.242.
9. Гуссерль Э. Кризис европейсково человечества и философия. //Культурология ХХ в. Антология. М.1995. с.304.
10. Шелер М. Избранные произведение. М.1994. с.360.
11. Леув Ж. ван Дер. Введение в феноменологии из религии. М.2010. с.221.
12. Элиаде М. Священое и мирское. М. Изд. во МГУ.1994. с.22.
13. Франк В. Человек в поисках смысла. М.1990. с.163.
 
 
Аҳмадов С.А.,  д.ф.н.професор 
Яндекс.Метрика