Шаб буд, мардуми аз ҲИНД омада бо худ филе оварда буданд. Филро дар тавилае чо доданд. Хабари омадани фил ба шаҳр муҷиб шуд чамъе ба иштиёки дидани ин ҳайвони ноошно, ки то кунун факат номе аз он шунида буданд, аммо шаклу шамоили онро надида буданд, равонаи тавила шуданд. Аз он ҷо, ки торикӣ саросари тавиларо пушонда буд, касе наметавонист онро бубинад, танҳо метавонистанд бадани уро ламс кунанд.Ҳар кас ба қисмате аз бадани фил даст мекашид ва филро ба гунае тасаввур мекард:
Он якеро каф ба Хартум уфтод,
Гуфт: «Ҳамчун новадон аст ин ниҳод».
Он якеро даст бар гушаш расид,
Он бар ӯ чун бодбизан шуд падид.
Он якеро каф чу бар пояш бисуд,
Гуфт: «Шакли пил дидам чун амуд».
Он яке бар пушти у бинҳод даст,
Гуфт: «Худ ин пил чун тахте будаст».
Он касе, ки даст бар хартуми фил кашида буд, гуфт: «Фил шабеҳи новадон аст», дигарӣ, ки даст бар гуши ӯ кашида буд, гуфт: «Монанди бодбизан аст», севвумӣ, ки пойи филро ламс карда буд, гуфт: «На, Фил, монанди
сутун аст» ва чаҳорумӣ, ки пушти уро навозиш карда буд, гуфт: «Фил шабеҳи тахт аст».Хамаи онҳо ба чузъе аз хакикат расида буданд, аммо тасвирашон аз куллӣ хакикат, ҳамон чузъе буд, ки ёфта буданд ва аз ин рӯ бо ҳам ихтилофи назар доштанд. Дидгоҳҳои мухталиф муҷиби ихтилоф дар қазоват мешуд. Агар ҳар як аз онҳо шамъе дар даст дошт ва фил дар партави нури он дида мешуд, дигар ихтилофе миёни онҳо вокеъ намешуд.
Аз назаргаҳ гуфташон шуд мухталиф,
Он яке «дол»-аш лақаб дод, ин [алиф».
Дар кафи ҳар кас агар шамъе будӣ,
Ихтилоф аз гуфташон берун шудӣ.
Идрокоте, ки тавассути хавос барои инсон хосил мешавад, монанди идрокест, ки бо ламе кардан барои он афрод хосил шуда буд ва харгиз наметавонад куллӣ хақиқатро чилвагар намояд:
Чашми ҳис ҳамчун кафи даст асту бас,
Нест кафро бар ҳама (й) ӯ дастрас.
«Дастсояндагон бар андоми фил» киноя аз касонест, ки мекушанд ҳақиқати мутлақро бо миқёсхои махдуду норасои ақлу тачрибаи худ бишносанд. Мутакаллимону файласуфон ҳар як барои шинохти ҳақиқат муддаии равише ҳастанд, аммо хамаи ин равишҳову мазҳабхо вофӣ ба максуд нест, балки ҳар як чилвае аз хақиқати мутлақро намоёндаанд.
Аз китоби "Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо, аз«МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»
Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ