Хайру эҳсон анъанаи хоси ҷашнҳои миллӣ ва динии тоҷикон

Пас аз сипари шудани моҳи шарифи Рамазон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ Иди саиди Фитр қайд карда мешавад. Халқи тоҷик, ки аз қадимулайём бо доштани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва додани хайру садақот ҳамчун рукни асосии фазилати инсонӣ умр ба сар бурдаанд, дар охири моҳи шарифи Рамазон низ бо додани садақа ва фитри рӯза ба шахсони камбағалу мӯҳтоҷон даст ба кор мезананд.
Дар Тоҷикистон иди саиди Фитр маъмулан бо идгардаки кўдакон оѓоз мегардад, ки ин амал боиси шодиву сурури кўдакон мегардад. Агар ба анъанаҳои миллии халқамон нигарем, чунин амал дар айёми Наврўз низ ба назар мерасад, ки хоси миллати тоҷик аст. Ҳамчунин дар ин рўз мардум ба аёдати пиронсолон, беморон, мусибатдорон ва ѓайра мераванд. Анъанаи идгардаки кўдакон бештар дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказӣ маъмул аст.
Аз фазилати анъанаҳои марбут ба моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр ин аст, ки онҳо барои ваҳдату ҳамгироии қишрҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа ва таҳкими ҳувияти милливу иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Афроди савобҷӯ кушиш мекунанд, ки ҳарчи бештар корҳои савобро анҷом диҳанд, ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ кунанд. Албатта анҷом додани корҳои хайру савоб ва накўкорӣ ҳам дар омўзаҳои динӣ ва ҳам дар баёнияҳои башарӣ аз асоситарин фазилати инсонӣ зикр гардида, инсонҳо бо анҷом додани чунин аъмол натанҳо кори савоб, балки дар пешрафти ҷомеаи башарӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои инсондўстӣ, ваҳдату ягонагӣ саҳм мегузоранд.
Ҳар сол дар ҷумҳурӣ хайру эҳсонкориҳо махсусан дар арафаи таҷлили Наврўз, идҳои саиди Фитр ва Қурбон хеле ривоҷ меёбанд.
Ҳар кӣ ўро хайр одат мешавад,
Бегумон умраш зиёдат мешавад.
Он кӣ некӣ мекунад дар ҳаққи нос ,
Беҳтарини мардумон ўро шинос!
Садуллоев А. – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика