Хатари экстремизму терроризм ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созмон додани фазои солими тафаккуру андешаи динӣ, ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ, пешбурди иқтисодиёту иҷтимо-иёт ва беҳтар намудани сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ-методологӣ, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, вокуниш-ҳои саривақтии тахассусӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар сатҳҳои гуногун пайванди ногусастанӣ дорад. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки кишвари мо дар шароити кунунӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои усутувор пеш рафта истодааст ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои муассир меандешад. Аз ин рӯ, «бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем». Бо боварӣ метавон гуфт, ки чорабинии имрӯза барои татбиқи амалии сиёсати давлатии кишвар дар соҳаи амнияти давлатӣ, мубориза ба рзидди равандҳои номатлуби экстремизму терроризм ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба андешаи мо, таъсиргузории вазъи ноороми минтақаи Ховари Миёна ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм, тундгароии хушунатомез ва ифротгароии динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳанӯз боқӣ мондааст, ки мо сабабу омилҳои ин равандро ба таври зайл табақабандӣ намудем:
1. Дар мафкураву ҷаҳонбинии мардуми сайёра ҷиҳати бадном кардани фарҳанги мусулмонӣ чунин ақидае ҷойгузин шудааст, ки ҳама гуна зуҳуроти вобаста ба радикализм, экстремизм ва терроризмро зода ва парвардаи ҷомеаҳои мусулмонӣ медонанд. Дар ҳолатҳои рух додани ягон ҳодисаи нохуши техникӣ ва садамавӣ ҳам нахуст ҳузури унсури исломиро дар ин рӯйдод ҷустуҷӯ мекунанд. Чунин тасаввури нодуруст тақозо менамояд, ки ба асли масъала посухҳои тахассусӣ диҳем, баррасии илман асоснок ва методологии сабабҳои онро таъмин намоем. Нахуст бояд эътироф кард, ки созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» дар шарманда ва беобурӯ кардани арзишҳои фарҳанги мусулмонон ба шакли умумӣ ва дар фазои сиёсию иттилоотии мо ТЭТ ҲНИ барои коҳиш додани имиҷи байналмилалии ҷумҳурӣ таъсири ниҳоят манфур расониданд.
2. Баъд аз нопадид шудани муборизаи идеологӣ дар байни лагерҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ барои кишварҳои мусулмонӣ як фурсати пиёда намудани сиёсати мустақилона фароҳам омад. Аз ҷониби дигар бояд эътироф кард, ки муборизаи дуқутба акнун ба муборизаи олами масеҳият ва олами ислом табдил ёфтан гирифт. Мафҳумҳои нав, ба мисли демократия, ошкорбаёнӣ, ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон, дунявият, бозори иқтисодӣ, глобализатсия ва табодули озоди маълумот аз тариқи Интернет ба сифати ченакҳои меъёрии муносибатҳои байналмилалӣ муайян гардиданд. Дар маҷрои таѓйиротҳои нав ҳам кишварҳои мусулмонӣ дастовардҳои худро ҳифз карда тавонистанд. Вале ба хотири нигоҳ доштани нуфузи худ дар минтақаи асосии нафтхези ҷаҳон – Ховари Миёна кишварҳои абарқудрат силсилаи давомдори инқилобҳои «баҳори арабӣ»-ро ҳамчун идомаи бозсозии саросарӣ роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷа нооромии тӯлонӣ минтақаро фаро гирифт (аслан нооромии Тунис ҳадафи заиф кардани Миср, Ироқ – Эрон, Сурия – Туркия ва Яман – Саудияро дар пай дорад).     
3. Ҷангҳои динию мазҳабӣ аслан барои ҳифзи монополияи коркард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ пеша карда шуд. Ин ҳолат бозори энергетикиро ба макони рақобати шадид табдил дод, ки боиси таҳияи сиёсати нисбатан мустақилона бурдан дар байни кишварҳои нафтии Ховари Миёна шуд. Харидори асосии газу нафт ҳамоно Иттиҳоди Аврупо боқӣ монд, вале рақиби шадиде дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (Ҷопону Курия ва Ҳинду Чин) пайдо шуд.  
4. Натиҷаи ҷангу ҷидол дар тӯли соли 2018 нишон дод, ки аслан ҷанги ба истилоҳ идеологии байниисломӣ – пайравони шиа ва суннат ҷуз пӯшиши рӯякии масъалаҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ чизи дигаре нест ва вазъияти ногувор дар минтақа дину эътиқодро аз бозӣ берун овард. Мубориза барои нигоҳ доштани якпорчагии кишварҳои минтақа, мақоми лидерӣ дар сиёсати ҷаҳонии энергетикӣ, мавқеи созгори ҷуѓрофӣ ва сайёҳӣ будани минтақа ба фазаи нави муборизаҳои гегемонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ворид шуд.
5. Вазъияти буҳронии минтақа Ховари Миёнаро ба бозори калони хариду фурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҳарбии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил дод ва ба ин васила суръати рушди кишварҳои пешрафтаи минтақа (Туркия, Миср, Эрон, Саудия)-ро заиф гардид. Дар заминаи хароб гаштани усули интиқоли лӯлаии нафту газ аз Ховари Миёна кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба истеҳсоли технологияҳои пешрафтаи киштисозӣ ноил гарди-данд ва флоти ҷаҳонии танкерҳоро таъсис доданд. Созмони ҷаҳонии дорандагони танкерҳои боркаш «Интертанко» имрӯз бо 2000 танкер дорои зарфияти ҳамлу нақли 170 млн. тн бор дар як сол аст. Ҳоло фурӯши нафту газро дар минтақа онҳо назорат мекунанд ва интиқоли лӯлаӣ дигар нодаркор шудааст. Дар ин шароит ифротгароии динӣ хусусияти ифротгароии иқтисодӣ, миллӣ ва геополитикӣ гирифта, функсияи созмони ДИИШ то андозае анҷомёфта нишон дода мешавад. Вале торумори инфра-сохтори созмони «давлати исломӣ» боиси ба кишварҳои гуногун пароканда шудани ҷангиёни ашаддии онҳо гардид, ки кори ниҳодҳои қудратиро мушкил сохтааст. Таҷрибаи талхи ду даҳсолаи нооромиҳо дар Ховари Миёна собит менамояд, ки чунин ҳизбу ҷараёнҳои худсохти беназорат ва ломазҳабро барои анҷом додани ҳама гуна амалиётҳои бадномкунанда истифода бурдан бисёр осон аст.  
6. Дар ҳолати буҳронӣ боқӣ мондани вазъият дар кишвар-ҳои арабию мусулмонии Ховари Миёна ва заиф гардидани имкониятҳои иқтисодию молиявии онҳо ба Тоҷикистон таъсири бевоситаи манфӣ дорад. Зеро ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ аз ҷониби кишварҳои Созмони ҳамкори-ҳои исломӣ ва умуман ниҳодҳои иқтисодии умумимусулмонӣ дар чунин вазъият камсамар гаштааст. Аз ҷониби дигар, нооро-мии воқеӣ ва хатарзо дар минтақа зарурати ба роҳ мондани ҳама гуна намудҳои додугирифт ва ҳамкориро аз мавқеи эҳтиёткорона ба вуҷуд овардааст. Ҷониби сеюми доѓ будани мавзӯъ дар он ифода мегардад, ки ҳама гуна масъалагузорӣ доир ба фарҳанги мусулмонӣ, лоиҳаҳои исломӣ, адабиёти динӣ, озодии виҷдон ва муассисаҳои динӣ, масҷиду меҳроб ва бовару эътиқод дар фазои итилоотии ҷомеа бо эҳсосоти ѓайримуқаррарӣ ва дардноку аламовар пазируфта мешавад. Дар мисоли Тоҷикистон чунин муносибат комилан асоснок аст, зеро ба таъбири мардумӣ «моргазида аз ресмони ало метарсад». Нодида гирифтани тамаркузи гурӯҳҳои парокандаи ҷангиёни ДИИШ дар қисмати шимолии Афѓонистон мувофиқи мақсад нест ва будубошашон ҳатман ҳадафҳои нопок ва муѓризона дорад, «саломашон саломатӣ» намеоварад. 
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳлили рафтори ҷонибдорони андешаҳои ифротӣ ва тундрав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чеҳраи эҳтимолии иҷтимоӣ ва равонии экстремистро чунин табақабан-дӣ кард: 
1) Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд. Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд, кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади ѓурбати рӯзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надо-ранд. Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷалбкунандагони гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. 
2) Касоне, ки дар муҳити суннатии оилавӣ тарбия ёфтаанд ва ҷаҳонбинии онҳо асосан хусусияти динӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона, як қисми афроде, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Афғонистон ҳамчун ҷонибдорони мухолифин муҳоҷир шуда буданд, имрӯз якҷоя бо хонаводаашон ҷонибдори гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд ва барои қабули идеологияи онҳо майлу хоҳиши тамом доранд ва дар фикру андешаи ҷустуҷӯи роҳҳои сафар ба хориҷ, пайвастан ба ин гурӯҳҳо ва дарёфти даромадан ба “биҳишти хаёлӣ” ҳастанд.
3) Як гурӯҳи афроди бадхӯй ва ҷиноятпеша ҳанӯз дар ҳар ҷое вуҷуд доранд, ки зиндагиро танҳо аз тариқи зӯроварӣ ва гирифтани даромади муфт меписанданд ва тасаввур мекунанд. Баъд аз пурзӯр шудани назорат ва муқовимат бо ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ онҳо дигар натавонистанд бо роҳи одаткардаи худ зиндагӣ кунанд ва барои идомаи фаъолияти ҷинояткоронаи худ хунсардона ба ин гурӯҳҳо пайвастанд.
4) Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амалҳои коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофту-кови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ мехоҳанд нуқсону камбудиҳои худро рӯйпӯш кунанд ва аз фазои мушкилзои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва адолатҷӯ нишон доданӣ мешаванд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва консепсияи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиѓи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия сафарбар карда истодаанд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар масъалаҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳию ҳамоҳангсозӣ вуҷуд доранд. Вале як чиз бебаҳс аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиат-ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки пазируфтории мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ меваи дигаре ба бор намеоварад.  
Раванди нави ҳамкориҳои боварибахш, ки бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистону ӯзбекистон танинандоз гардид ва фазои нави муносибатҳоро ба вуҷуд овард, аҳамияти бузурги иқтисодӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ ва динӣ-мазҳабӣ дорад. Чунин гардиши куллиро дар муносибати кишварҳои Осиёи Марказӣ як навъ эътирози фарҳангсолорӣ ва ваҳдати имонию эътиқодии минтақа ба муқобили душмансози-ҳои мазҳабӣ ва динбозиҳои бемаънӣ дар Ховари Миёна баҳогузорӣ кардан мумкин аст. Устувор гардидани ҳамкориҳои судманд бегумон шиддати ифротгароии динӣ ва ба доми фиреб афтодани ҷавонони ноогоҳро ба маротиб коҳиш медиҳад, кишварҳои дӯсту бародари минтақаро ба шоҳроҳи ояндаи дурахшон ва рушди устувори иқтисодӣ раҳнамун месозад. 
 
 
Файзулло БАРОТЗОДА, 
директори Маркази исломшиносӣ дар 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика