ХАТАРҲОИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ

Дастрасӣ ба технологияи муосир дар ҷомеаи муосир муносибатњои гуногуннавъро тавлид сохта, пайваста барои рушди соҳаҳои нав ба нави муносиботи љамъиятии одамон замина омода карда истодааст. Дар самти мазкур, махсусан  фазои маҷозиро метавон яке аз дастовардҳои беҳтарини инсоният дар тӯли таърих шуморид. Ќисмати зиёди мардум имрӯзҳо маълумот ва хабари зарурии худро аз он дарёфт мекунанд. Ташакули фазои маҷозӣ дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсоният дигаргнуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард ва ВАО-ро дар як чиз, яъне интернет ҷамъ овард ва интернет фазои иттилоотии биноӣ, шунавоӣ ва хонданӣ гашт. Дар он тамоми барномаҳои телевизионию радиоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо пайваст шудаанд. Метавон гуфт, ки дар даҳсолаи охир вай барои ташаккули афкори омма ба зербинои муколамаи гурӯҳ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мубаддал гаштаааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ бешубҳа дорои таъсири мусбат дар фазои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ низ ҳастанд, аммо истифодаи онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ифротию тундрав, метавонад таҳдиду хатарҳои нав барои амният ва манфиатҳои миллӣ, ба вижа амнияти иттилоотӣ эҷод созад.

Истифодаи фазои маҷозӣ вобаста ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, динию идеологӣ шаклу усулҳои хосро касб карда, дар баъзе мавридҳо чунин хулоса карда мешавад, ки ин шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз барои ҳамин сохта шудаанд. Вале дар асл бошад вазифаи ҳама гуна дастоварди илмӣ, пеш аз ҳама, беҳдошти ҳаёти инсоният аст.  Инчунин ҷои таассуф аст, ки ин дастовардҳои илмӣ дар бозиҳои сиёсӣ ҳамчун ҳолатҳои татбиқи манфиатҳои сиёсӣ истифода бурда мешаванд.

Дар айни замон фазои маҷозӣ роҳҳои таблиғ ва интишори ахбори ифротгароёнаи низоъангезро хеле осон намуда, вазъи идеологӣ ва сиёсиро боз ҳам тезутунд карда истодааст. Инчунин њар касе, чизе бихоњад, дар ин фазо мекорад. Дар ин маврид файласуф ва романнависи итолиёи Умберто Эко (1932-2016) чунин гуфтааст: “Васоиле ҳамчун твитер ё фейсбук гурӯҳе аз аҳмақонро ҳаққи сухан кардан додааст, ки пеш аз будани ин васоил танҳо дар барҳо, баъди нушидани май сухан мегуфтанду онҳоро дар ҳамон ҷо, бидуни он ки дар ҷомеа зараре расонанд, дарҳол сокит менамуданд. Аммо ҳоло рӯи ин сафҳаҳо онҳо баробар бо касоне, ки барандаи ҷоизаи Нобелӣ ҳастанд, ҳаққи сухан гуфтан доранд. Воқеан асри мо асри ҷанг бо аблаҳон аст”.  [1, 165].

Идома дорад.....

Аҳтам Рамазониён

Яндекс.Метрика