ХАТАРҲОИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

ҚИСМИ II

Имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ радикализм таваҷҷӯҳи зиёдеро ба худ ҷалб кардааст ва аз як масъалаи динӣ ба масъалаи амнияти байналмилалӣ табдил ёфтааст.  Кибертеррористҳо бо пахши маводҳои аудиовизуалӣ, аксу видеоҳои махсуси таъсиррасон машғуланд, ки ҷавонони ноогоҳи кишварро мағзшӯӣ намуда, ба доми фиреби худ медароранд. Ба андешаи коршиносон 80 дарсади иштирокчиён дар ҷангҳои мазҳабӣ аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд. Инчунин интишори андешаҳои ифротӣ дар фазои иттилоотии кишварҳои Осиёи Миёна ва дар паси он пиёда кардани манфиатҳои геоиқтисодӣ як падидаи хатарзо барои имнияти кишварҳои минтақа гардидааст.

Тарғиби ҳама гуна ҳаракатҳои ифротӣ дар фазои маҷозии як чомеаи таърихан анъанавӣ ба мисли Тоҷикистон, метавонад дар фазои динӣ сиёсии он барои ба вуҷуд омадани низоъҳо  дар заминаи ихтилофот имконият фароҳам оварад. Инкори баъзе фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва куфру бидъат хондани онҳо дар фазои иттилоотӣ аз ҷониби ифротгароён, то чӣ андоза хусусияти ифротгароӣ доштан ва таҳаммулнопазир будани онҳоро нишон медиҳад.

Танҳо бо забони тоҷикӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ-идеологӣ ва аз байн бурдани ваҳдати миллии Тоҷикистон чандин барномаҳои иттилоотии ифротӣ фаъолият доранд.  Масалан, барномаҳои “Паём ТВ”, “Ислоҳ ТВ”, “Минбари муҳоҷир”, “Группа 24” ва дигарҳо тарѓиботи масъалаоҳои сиёсӣ, идеологӣ ва диниро пеш мебаранд, ки мақсади онҳо даъват барои шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ буда, доим ба хотири аз байн бурдани ваҳдати миллӣ талош мекунанд. Пештар аз ин сомонаҳои дигаре фаъолият мекарданд, ки максади онҳо низ чунин буд. Аз ҷумла дар солҳои 2013-2014  шабакаҳои “Зелло”, “Новый Таджикистан”, “ИГИЛ в России”, “Даъват ба Ироқу Шом” ва дигарон ба таблиѓи идеяи ифротӣ машѓул буданд, ки дар хотираи интернет сабт шудаанд [3, 153].

Ҳангоми омӯзиши фазои маҷозӣ маълум гардид, ки айни замон дар фазои иттилоотии кишвар тарѓиби идеяи ҳаракати ифротии “Бародарони мусалмон” ва “Салафия” нисбат ба дигарон хеле зиёдтар буда, ба ваҳдати миллӣ хатар доранд. Ин андешаҳо бештар дар сомонаҳои “Однокласники”, “Фейсбук”, “Инстаграм” ва “Ютуб” паҳн шудаанд. Ҳамаи ин шабакаҳо аз берун ба хотири ноором сохтани ваҳдати миллӣ истифода мешаванд, зеро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти зиёда аз 80 сомонаҳои интернетӣ  барои тарѓиботи ифротӣ ва террористӣ дар қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар фазои маҷозӣ бошад фаъолияти мубаллиѓони ҳизбу ҳаракатҳои зер ба мисли “Паймони миллии Тоҷикистон (шакли ивазшудаи ҲНИ)”, “Группа 24”, “Салафия” ва “Бародарони мусалмон” бисёртар ба назар мерасад. Бинобар ин номгӯи сомонахое, ки ба ташкилотҳои мазкур мансубанд барои тарѓиботи экстремизм ва терроризм фаъолияти онҳо дар кишвар манъ карда шудааст. Ба маврид аст, ки номгӯи баъзе аз онҳоро зикр кунем, то ки хонандагон маълумот пайдо кунанд, ки ворид шудан ва истифодаи маводҳои сомонаҳои мазкур манъ аст:

Салафия – ttps://tojvar.wordpress.com/category/salafi/.;

Бародарони мусалмон – http://www.ikhvanonline.com;

Ҳизби наҳзати ислом – Payom tv ва Isloh tv (дар тамоми сомонаҳои интернетӣ);

Группа 24 – бо ҳамин ном дар тамоми сомонаҳои интернетӣ.

Қобили зикр аст, ки ин гунна сомонаҳо пайваста аз ҷониби идоракунандагони фазои маҷозӣ дар кишварҳое, ки аъзои СПАД ҳастанд масдуд карда мешавад. Тоҷикистон низ аъзои ин ташкилот аст. Аммо ин гурӯҳҳо барои тарѓиби идеяҳои ифротӣ сомонаҳои нав ба нав мекушоянд, то амалашонро идома диҳанд. Инчунин баъзе барномаҳои таблиѓотии ифротгароӣ аз тариқи барномаҳои радиоӣ ва моҳвораҳо ба забони тоҷикӣ аз кишвари Афѓонистон паҳн карда мешавад, ки метавонад ба фазои иттилоотии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад [3, 156].

Имрӯз дар фазои маҷозии кишвар андешаҳои мубаллиҒони ҲНИ, Группа 24, Салафия ва “Бародарони мусалмон” бо забонҳои гуногун дида мешавад. Хонандаи азиз дар мавриди ҲНИ, Группа 24 ва Салафия каму беш маълумот дорад. Аз ин рӯ, хостем танҳо дар мавриди интишори идеяҳои “Бародарони мусалмон”, ки имрӯзҳо дар фазои иттилоотӣ фаъоланд ва ба ваҳдати миллии мо хатари бештар доранд, маълумот диҳем.

Бори аввал дар солҳои 70-уми асри гузашта, идеяҳои “Бародарони мусалмон” вориди минтақа шуданд. Қисме аз рӯҳониёни Қазон ва Осиёи Миёна китобҳои роҳбарони “Бародарони мусалмон”-ро даст доштанд. Имрӯз ҳам идеяҳои асосии онҳо ба забонҳои гуногун аз тариқи интернет паҳн мешаванд [1, 138].

Имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ саркардагони бародарони мусалмон, дар асоси таълимотҳои Муҳаммад Абду, Ҳасани Бано, ал-Мавдудӣ, Саид Кутб ва дигарон, зери  шиори исломи ноб тарѓибот бурда, мехоҳанд, хилофати нави арабиро таъсис диҳанд. Зеро онҳо тамоми мазҳабҳои исломие, ки дар кишварҳои ѓайриарабӣ нуфуз доранд, куфру бидъат хонда, бо ин роҳ мехоҳанд мафкураи арабиро дар кишварҳои дигари мусалмонӣ ҷой диҳанд. Ба таври мисол,  ал-Мавдудӣ (яке аз бузургони Бародарони мусалмон) зери мафҳуми давлати исломӣ дар Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ заминаи ихтилоф миёни пайравони мазҳаби ҳанафиро гузошт. Зеро аксарияти пайравони мазҳаби ҳанафӣ ѓайриарабанд. Инчунин андешаҳои Саид  Қутб, ки зиддимиллӣ мебошанд, пайваста дар фазои иҷтимоӣ паҳн мешаванд. Ӯ низомҳои ѓайриисломиро ҳадафи асосӣ қарор дода, онҳоро ҳамчун давраи ҷоҳилият ҳукм карда, мубориза бо онҳоро вазифаи имонии мусулмонон маҳсуб медонист. Саид Қутб ҳама гуна “идеологияи миллиро, ки асоси ҳаракатҳои миллӣ буданд, маҳкум намуда, миллатгароиро мушкилоти дохили Ислом дониста, онро куллан бекор кард” [4, 54].  Ин идеология аз ҷониби баъзе сомонаҳои ифротӣ огоҳонаву ноогоҳона паҳн мешаванд.

Чунин вазъе, ки имрӯз дар фазои маҷозӣ минтақа қарор дорад, хатари бузургест ба манфиатҳои миллӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Қудратҳои ҷаҳонӣ барои пиёда намудани ҳадафҳои сиёсии худ бо гирд овардани чанде аз манфиатхоҳон дар фазои иттилоотӣ вазъияти минтақаҳои дигарро ноором кардан мехоҳанд. Ин он нуқтаро равшан месозад, ки аксари ҳаракатҳои муосири динӣ-сиёсӣ  мисли ихвониҳо, таблиѓӣ, салафӣ, наҳзатӣ ва ѓайраҳо, ки дар фазои маҷозӣ барои ноором кардани ваҳдати миллии халқиятҳо, аз ҷумла точикон таблиѓот мебаранд, дар асоси бартарияти бунёдгароии араб бар дигарон роҳандозӣ шудаанд ва барои ҳамин аз ҷониби кишварҳои арабии воҳҳобиятгаро аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ меёбанд. Ботил кардани таълимоти фарҳангию анъанавии мардуми ѓайриараб ва ба ширку куфр ҳукм кардани онҳо низ аз ҳамин ҳадаф сарчашма мегирад.

РАМАЗОНИЁН АҲТАМ

Яндекс.Метрика