ХАТАРҲОИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Қисми III

Роҳҳои пешгирӣ.  Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқоте, ки рӯзи  20.02.2019 бо намояндагони ВАО доштанд, таъкид намуданд, ки “ВАО бояд сипари боеътимоди ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ бошад” [2].  Аз ин рў бузургтарин роҳи пешигирӣ ин таҳким бахшидани ВАО ба ҳисоб меравад.

Дар шароити вусъати терроризму экстремизми динӣ, ҷинояти фаромиллӣ ва муборизаи шадид дар бозори геополитикии ҷаҳон иттилоот силоҳи асосӣ маҳсуб мешавад. Муҳимтарин тадбир дар фазои иттилоотӣ ҳамкории зичи се бахш: ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлат ва ВАО мебошад. Ин ҳамкории пурарзиш метавонад ва имкон фароҳам меорад, ки барои пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ омода бошем[5].

Дар чунин шароити геополикӣ Тоҷикистон барои ҳимоия фазои иттилоотияш бояд панҷ тадбирро роҳандозӣ намояд:

1. Пешниҳоди муҳтавои сифатноки телевизионҳои миллї, зеро рӯ овардани мардум ба шабакаҳои беруна ва манбаъҳои иттилоотии бегона, бешубҳа мухотабонро дар зери таъсири шабакаҳои бегона боқӣ нигоҳ медорад.

2. Омода намудани мутахассисон ва хусусан онҳое, ки бо забонҳои англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ мавод пешниҳод карда тавонанд.

3. Пойбарҷо будан дар баробари нуфузи садҳо сомонаҳои интернетӣ  ва таҳоҷуми иттилоотӣ.

4. Такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони васоити ахбори омма.

5. Беҳбуди бахшидан ба вазъи ВАО дар музофот[5].

Инчунин бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо маводе пазируфта мешавад, ки дар сатҳи хале баланди касбӣ таҳия шуда, фарогири ниёзҳои аҳли ҷомеа бошад. Ин аст, ки кормандони соҳа саъю талошҳои худро ба он равона карда истодаанд, ки пеш аз ҳама муҳтавои маводи онҳо ҷавобгӯй ба талабот ва меъёрҳои касбии соҳа бошад. Новобаста аз мушкилоти иқтисодиву фаннӣ инъикоси масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муассир аст.

Ташаккули шуури миллӣ дар шароити кунунӣ бештар аз ҳар замоне ба тааққулу тафаккур ниёз дорад. Бинобар ин муҳимтарин вазифаи ниҳодҳои идеологӣ ташаккули тафаккури солими миллї дар љомеа аст.

Дин ва мазњабњои суннатиро дар доираи манфиатњои миллї ташаккул додан ва пеш бурдан зарур аст.

Бояд гурӯҳҳои доимоамалкунанда аз ҳисоби коршиносони соҳаҳои гуногун бо мақсади пайгирӣ ва таҳлили вазъи ифротгароию тундгароӣ таъсис дода шаванд. Ин равиш барои омӯзиши амиқи масъала ва андешидани чораҳои муносиб барои коҳиши сатҳи таъсири ақидаҳои ифротгароию тундгароӣ  дар афкори иҷтимоӣ имконият фароҳам меоварад.

Истифодаи нерӯ ва имкониятҳои рӯҳониёни суннатӣ барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар роҳи мубориза аз тариқи ВАО барои пешгирии ин падидаи номатлуб аз аҳамият холӣ нест.

Ташкили фазои мусоиди иттилоотӣ барои коҳиши сатҳи ифротгароӣ дар байни ҷавонон тақозо мекунад, ки торномаҳои интернетӣ ва расонаҳои алоҳида барои тарғиби арзиш ва фарҳанги  суннатӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъсис дода шаванд ва ин расонаҳо бояд маҳсулоти аудиовизуалии ҷолиб тавлид созанд. Зеро тибқи таҳлилҳои коршиносон таъсири ин гуна мавод дар байни ҷавонон пайваста дар ҳоли афзоиш аст.

Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика