ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ МОҲИ АВГУСТИ СОЛИ 2022 ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ МАРКАЗИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЯПОНИЯ (JICE) БАРОИ ТАҲСИЛИ ДУСОЛА БА ДОНИШГОҲҲОИ БОНУФУЗИ ЯПОНИЯ ФИРИСТОДА МЕШАВАНД

Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ аз соли 2009 инҷониб амалӣ карда мешавад.
Дар заминаи ҳамкориҳои мазкур дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Япония Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Фаъолияти Комиссияи зикргардида барои ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима Донишгоҳи Ритсумейкан ва Донишгоҳи Акита ба таҳсил фиристода мешаванд.
Санаи 8 августи соли равон дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза бо хизматчиёни давлатӣ- магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Япония баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ёдовар шуданд, ки мувофиқи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония оид ба хизматрасонӣ соли 2022 низ 16 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 15 нафар ба магистратура ва 1 нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Япония интихоб ва барои таҳсил ба Япония фиристода мешаванд. Ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ- хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 аз вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, фарҳанг, энергетика, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мебошанд. Зимни мулоқот муовини директори Агентӣ Аҳмадзода Дилноза оид ба талаботҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи сеҷонибаи баимзорасонида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро бори дигар тавзеҳ дода, ба магистрантон ва докторанти тозаинтихоб барои сафар ва хатми муваффақонаи зинаи илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Япония сарбаландӣ таманно намуд.

https://www.ahd.tj

Яндекс.Метрика