ЧУ МАҚСУД БО СУЛҲ ОЯД БА ЧАНГ
ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКЎШАД БА ҶАНГ
Ин андешаи таҳаммулмеҳвари шоиру мутафаккири бузург,муаллифи «Шоҳнома»-и безавол ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ алалхусус дар замони муосир, ки нерўҳои аҳриманӣ дар симои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, қувваҳои сиёсии манфиатхоҳ, ҳар гуна қувваҳои дигари тахрибкору дасисабоз дар тамоми гўшаву канори дунё хурўч карда, дар байни афрод, гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, давлат ва миллатҳо тухми низоъ ва зиддияту мухолифат бармеангезанд, боз ҳам бештар аҳамият ва мубрамият касб намудааст.
Дар сатрҳои болои аз «Шоҳнома» иқтибосшуда роҳи аз ҳама беҳтарини ҳалли хама гуна мушкилоти марбут ба муносибати байни давлатҳо нишон дода шудааст. Аз ҷумла мушкилотеро, ки имрўз мутаассифона ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистон ва Кирғизистон имрўз бо он рў ба рў шудаанд, танҳо бо роҳи осоишта ва дипломатӣ, маслиҳату машварат, якдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал кардан мумкин аст. Мушкилоти заминҳои наздисарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон аслан яке аз пайомадҳои номатлуб ва нигаронкунадаи ба таври ногаҳонӣ аз ҳам пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ мебошад, ба ин маънӣ, ки роҳбарияти давлати шўравӣ пеш аз иқдом намудан ба парокандакунии ҷумҳуриҳом шўравӣ мебоист ин гуна оқибатҳоро пешбинӣ карда, сари вақт ҳама гуна мушкилоти марбут ба муносибати байни ҷумҳуриҳои ҳамҷавори шўравӣ, азҷумла мушкилоти заминҳои наздисарҳадиро тибқи ризоият ва мувофиқаи тарафҳо, объективонаю беғаразона ба таври пурра ҳал мекард.
Мутассифона, ин тавр нашуд. Дар натиҷа имрўз мо шоҳиди чунин муноқишаҳо ва зиддиятҳои байни ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ ҳастем.
Ихтилофи байни Тоҷикистону Қирғизистон низ яке аз натиҷаҳои номатлуби ба замони пасошўравӣ гузаштани мушкилоти дар замони шўравӣ ҷойдошта ва ҳалношуда мебошад.
Аз ин нуқтаи назар, ба андешаи мо, роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистонро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти минтақавӣ даъватҳои роҳбарияти Тоҷикистонро бипазирад, кинатўзию бадбинӣ, иғвогарию ҷангҷуиро як сў гузошта, барои ҳалли мушкилоти заминҳои наздисарҳадӣ тибқи санадҳои мавҷуда, бо роҳбарияти Тоҷикистон паси мизи машварат нишинад.
Ба қавли хоҷа Ҳофизи бузургвор:
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ