Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи занону кўдакони дар минтақаҳои ҷангзада боқимонда ба Ватан баргардонида шуданд. Аммо амалисозии ин иқдом коре басо мушкил буд. Аксар занону кўдакони тоҷик дар лагерҳои саҳроӣ дар дасти гурўҳҳои курдӣ асир буданд. Ин гурўҳҳои террористӣ ба касе итоат намекарданд ва бо онҳо гуфтушунид гузаронидан ғайриимкон буд.
Ба ин нигоҳ накарда дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашуда муяссар гардид, ки тамому занону кўдакони тоҷик аз Сурия ва Ироқ дар чор марҳила ба Ватан баргардонида шуданд. Дар фурўдгоҳ онҳоро намояндагони ҳукумат пешвоз гирифта, ба осоишгоҳи дар минтақаи Варзоб барои офиятбахши бурданд. Барои барқароршавии ҷисмонӣ ва равонӣ чанд муддате лозим буд.
Таваҷҷуҳи хосса ба гуруҳи занону кӯдакон зоҳир карда шуда, онҳо бо сару либоси нав, хўрокҳои лазиз ва дигар ашёи барои ҳаёти инсон лозима таъмин карда шуданд. Тайи чанд муддат ба онҳо табибон ва гурўҳи равоншиносон хизмат мерасониданд.
Дар байни баргардонидашудагон Хадиҷа низ буд, ки аз тарафи шавҳараш маҷбуран ба Сурия ва баъдан ба Ироқ бурда шуда буд. Ў ҳатто гумон надошт, ки рўзе ба Ватан бармегардад, ба дидори падару модар ва хешу ақрабо мерасад. Зеро дар Сурия ва баъдан Ироқ дар минтақае, ки ў мезист ҳаёти инсон заррае ҳам қадр надошт.
Аз рўйи гуфтаҳои Хадиҷа ҷангиёни гурўҳҳои террористӣ одамонро ба шаклҳои гуногун, ваҳшиёна ба қатл мерасониданд: якеро сар мебуриданд, дигареро оташ мезаданд, саввумиро аз ошёнаҳои баланд сарозер мепартофтанд. Фарзандонро маҷбур мекарданд, то модарони худро сар буранд, модаронро маҷбур мекарданд, то фарзандони худро ба қатл расонанд. Чунин буд он муҳит. Аммо вақте бахт ба рўйи Хадиҷа хандид ва ба Ватан баргашт, ҳаёти осоишта, сарзамини ободу хуррамро медид, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд. Ин ашки шодӣ ва ҳамзамон ашки афсус хурдан буд, зеро дар Сурия шавҳараш кушта шуда, ду кўдаки навзодаш зери иморати харобгашата ҷон доданд. Касе набуд, ки ҷасади кўдаконро аз зери харобаҳо барорад.
Имрўз ў баъд аз офиятбахшӣ (реабилитатсия) ба назди волидонаш баргаштааст, ва ҳаёти осоишта ба сар мебарад. Хатидҷа барои ғамхори ва ёрии арзишманд ба Ҳукумат барои ташкили баргардонидан ва офиятбахшияш сипоси беандоза изҳор мекунад.
А.Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон