Хоҷа Муҳаммад Порсо кӣ буд?

Тариқати Накшабандия яке аз густурдатарин равияҳои тасаввуфи аҳли суннати имрӯза мебошад. Таълимоти маънавии он ба ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) тавассути ду саҳобаи наздиктарини ӯ - Абубакр ва Алӣ мерасад, вале асосгузори аслии он Юсуф ал-Ҳамадонӣ (ваф. 1140) маҳсуб мешавад. 

Шогирди ӯ ал - Ғиждувонй (ваф. 1200) бошад асосгузори тариқати Хоҷагон буд. Муқаррароти назариявию амалии он дар охири асри XIV аз ҷониби бузургтарин орифи Осиёи Миёнаи он замон Баҳоуддини Накшабанд (1318–1389) пурра карда шудааст. Бо вуҷуди ин, сарвари ин мактаби ирфонӣ аз худ осори хаттие боқӣ нагузоштааст ва таълимоти вай бо талошҳои шогирдон - Алоуддин Аттор (ваф. 1400) ва бавижа Хоҷа Мухаммад Порсо (ваф. 1420) ба низом дароварда шудааст ва барои насли оянда ҳифз гардидаст. Бешак онҳо дар кори тақвият бахшидани умури  тарикат ва вусъат додани таъсири он нақши бузург бозиданд. Ҳамин саъю кўшиши онҳо буд, ки Накшабандия дар тамоми олами ислом паҳн шуда, дар минтақаҳои гуногун шохаҳои маҳаллии он ба вуҷуд омад ва ба равияҳои мустақил низ табдил ёфтанд. 

Дар бораи зиндагии Хоҷа Муҳаммад Порсо дар сарчашмаҳо маълумоти хеле ночиз омадааст. Хоҷа Муҳаммад Порсо соли 1348м./749ҳ. дар Бухоро дар хонаводаи фақеҳони касбии мазҳаби ҳанафӣ ба дунё омадааст. Бархе аз зиндагиноманависон насабномаи ӯро ба Имом Ҷаъфари Содиқ (702-765), ки аз авлоди паёмбар буд, мерасонанд. Тибқи ахбори манобеъ Порсо аз Имом Ҷаъфар дониши вижаи тасаввуфро низ омўхтааст ва инро ҳам шиъаҳо ва ҳам сунниҳо эътироф кардаанд. Ҳамчунин, мувассақ аст, ки бузургтарин фақеҳи он замон Ҳофизиддини Кабири Бухорӣ (ваф. 1291 ё 1294) яке аз гузаштагони Порсо будааст. Лақаби "Порсо"-ро ба ӯ устодаш, орифи бузург Баҳоуддини Нақшбанд гузоштааст. 

Дар ривоят омадааст, ки рӯзе Муҳаммад ном писарбача дари хонаи Накшабандро мекӯбад. Хизматгор ўро дида ба Хоҷа гуфт, ки ҷавоне омадааст, «ба порсо (зоҳид) шабоҳат дорад». Шайх ба истиқболи меҳмон баромад ва гуфт, ки аз ин ба баъд шогирди наваш маҳз ҳамин тавр («Порсо») номида шавад [3, с. 7–8]. Бо ҳукми такдири вай дар оянда на танхо рохи зоҳидонаи устодашро идома дод, балки муназзими асосии таълимоти ў гардад. Ў тарбияи шоиста гирифта, аз хурдӣ ба улуми динӣ шавқу рағбат дошт ва майл ба дарки тасаввуф зоҳир мекард. Дар оғоз ў шогирди суфии ҳанафӣ, фақеҳ Абутоҳир Муҳаммад ал-Ушӣ будааст. Баъдан яке аз наздиктарин шогирдони Накшабанд шуда, ҳамроҳи ӯ ду бор ба ҳаҷ ба зиёрати Каъба рафтааст. Пас аз хатми таҳсилот тамоми умри худро дар Бухоро, ки дар онҷо воиз буд, ба омӯзиши тасаввуф ва шариати исломии мазҳаби ҳанафӣ сарф кардааст. Шайх Муҳаммад Парса олими бузург буд, умри худро дар баробари тасаввуф, инчунин ба соҳаи ҳуқуқи исломӣ ва ҳадисшиносӣ бахшида то нафаси охир ба таълиму тадқиқ машғул буд. Вай дар таълифоти худ қабл аз хама ба суннатхои мактаби мовераннахрии пеш аз муғул, бахусус Хуросон такя мекард. Борҳо дар маҷолиси олимону фақеҳони маъруфи вақт дар Самарқанд иштирок доштааст ва баҳраҳо низ бардоштааст. 

Бояд тазаккур дод, ки ў ҳам дар рушди ғояҳои нақшбандия ва ҳам дар густариши таълимоти ин равия саҳми хеле бузург гузошт. Нақшбандия, ки то оғози фаъолияти ӯ як созмони хурди деҳотӣ буд, дар замони фаъолияти ӯ аз ҷониби ашрофи сиёсии Ҳирот эътироф гардид ва ғояҳои худро дар бисьёр минтақаҳои ҷаҳони ислом паҳн кардан гирифт. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Порсо дар замони Амир Темур ва авлоди ӯ Халил Султон ва Улуғбек дар корҳои давлатӣ фаъолона ширкат карда, ба забонҳои форсӣ ва арабӣ як қатор китобҳои дорои аҳамияти мазҳабӣ, таърихӣ ва сиёсӣ навиштааст, ки аз он теъдоди ночизе боқӣ мондааст. Ӯ дар рисолаҳои худ ҳудуди 500 масъалаи баҳсбарангезеро, ки дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд омадаанд, шарҳ додааст. Инчунин, вай китобхонаи нодири дастнависҳои кўҳан ва беназирро гирдоварӣ кард, ки дар хонақоҳи ў то нимаи дуюми асри 19 фаъолият дошт. 

Хоҷа Нақшбанд нисбат ба муридаш Порсо ҳамеша сухани хўш мегуфт, ақлу заковати ўро эҳтиром мекард, ҳатто  барои ҳидояти маънавӣ барояш иҷозат дод ва ӯро аз ворисони худ меҳисобид. Хоҷа Нақшбанд дар охири умр такрор мекард: «Касе, ки моро дидану фахмидан хохад, ба Хоча Мухаммад Порсо бингарад». Аммо пас аз марги Нақшбанд дар соли 1389 Порсо сарварии тариқатро рад кард ва ба "ҳамсабақаш" Алоуддин Аттор (ваф. 1400) роҳ дод ва раҳнамоии маънавии ўро низ пазируфт. 

Фақеҳи бузург Хоҷа Муҳаммад Порсо дар синни 72-солагӣ соли 1420м. дар Мадина ҳангоми баргашт аз ҳаҷ даргузашт ва дар қабристони машҳури саҳобагони Паёмбар (с) «Ҷаннату-л-боқӣ» дар паҳлӯи қабри амаки пайямбари ислом Аббос (566-653) ба хок супурда шуд [3, с. 10]. Қудсияти ӯ дар байни мардум чунон бузург буд, ки дар Бухоро ва Панҷакент низ барои ў қабрҳои рамзӣ бунёд карданд.

Хоҷа Муҳаммад Порсо дар фиқҳи худ андешаҳои мотуридиёни асрҳои 10-11-ро инкишоф додааст. Асари асосии ӯ «Фасл-ул-хитиб» мебошад, ки дар он ҷонибдории худро аз таълимоти пири нақшбандия Баҳоаддини Нақшбанд эълон мекунад, робитаи ин таълимотро бо дидгоҳҳои гуногун баррасӣ мекунад. Ў мафҳуми «ваҳдат ал-вуҷут»-ро, ки аслан Ибни Арабӣ дар тасаввуф ворид карда аст, ба таълимоти Нақшбандия ворид кард.

Хоҷа Муҳаммад Порсо таълифоти зиёде доштааст, ки аксари он то ба замони мо нарасидаанд. Сарчашмаҳо ва муҳаққиқони муосири тасаввуф аз китобу рисолаҳои зерини Хоҷа зикр кардаанд:

1.«Фасл ал-хитаб». 

2.«Туҳфат  ас-соликин».  

3.«Мақомот шайх Алауддин Аттар». 

4.«Тафсири  сувари  самония».  

5.«Тафсир  сурати-л-Фатиҳа».

6.«Рисолаи  кашфия».

7.«Рисала  дар баёни аз-зикр ал-джаҳрӣ».

8.«Фусул ас-ситта»  

9.«Шарҳ ҳаққ ал-йақин»

10.«Анису  ат-толибин  ва  уддат  ас-соликин» 

11.«Рисала  ал-мазорот» 

12.«Рисала маҳбубия».  

13.«Рисалат мунтахаб мин ақидат Аби-л-Қосим ас-Самарқандӣ» 

14.«Тафаулат». 

15.«Шарх фусус ал-ҳикам»  

16.«Рисалаи Қудсия».

 

 

Таҳияи М.Шодиев

Яндекс.Метрика