ХУДСОЛОРИИ ФИКРӢ – ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

Аз ба даст овардани Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон 31 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба натиҷаҳои бузург ноил шудем. Кишвари маҳбуби мо аз нигоҳи сиёсӣ мустақил гашта, роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекунад. Соҳибназарон истиқлолро ба навъҳои гуногун, ба монанди истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва ғайра ҷудо намудаанд. Донишмандон бар он назаранд, ки барои пурра нигоҳ доштани истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли фикрӣ ва фарҳангии ҷомеа метавонад заминаи муҳим бошад. 

 

Истиқлол дар аксарияти луғатномаҳои истилоҳӣ ба маънои худмухтор будан дар идораи худ, фазои хонавода ва кишвар аст. Ба таъбири дигар бе мудохилаи тарафи дигар муайян намудани сарнавишти имрӯзу ояндаи худро истиқлол меноманд. Имрӯзҳо ҳарчанд аз нигоҳи сиёсӣ кишвари мо истиқлол ба даст овардааст, аммо аз нигоҳи фикрӣ ва фарҳангӣ боз ҳам баъзе андешаҳои бегона ва таҳмилиро дар ҷомеа мушоҳида кардан мумкин аст. Барои рушди истиқлоли фикрӣ роҳҳои зиёде вуҷуд дорад, ки мо чаҳор навъи онро баррасӣ менамоем:

 

1.Истифода аз муаллим ва устодони донишманд, ки эшон дар ҳақиқат фидоии касби хеш мебошанд, зеро аксарияти ҷомеаҳои бузург дар қадами аввал низоми маорифро мустаҳкам намуданд, ки дар натиҷа ба рушди бесобиқа даст ёфтанд.

 

2.Иртибот бо китоб ва мутолеа, зеро бе мутолеа ҳеҷ касе истиқлоли фикрӣ ба вуҷуд оварда наметавонад. Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки мутолеа бояд дуруст ва комил бошад, зеро бузургон гуфтаанд, ки зиёни нимхонда аз зиёни нохонда бештар аст. Нохонда ғолибан ба бесаводии худ эътироф дорад ва ӯ ҳақиқатро ба осонӣ метавонад пазирад. Аммо шахси нимхонда андешаҳои номукаммал дорад, андешаи худро дуруст ва фикри дигаронро ғалат мепиндорад. Ин масъала бештар дар умури динӣ ба назар расида, баъзеҳо як оят ва ё ҳадисеро ҳифз намуда, онро ба қадри фаҳмиши худ, ки аксаран фаҳмиши ғалат аст, шарҳ медиҳанд. Дар натиҷа ин омил боиси фусъати ифротгароиву дигар унсурҳои номатлуб дар ҷомеа гардида метавонад. 

 

3.Парҳез аз тақлиди кӯркӯрона; Имрӯзҳо мутаассифона, ҳолатҳоеро ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки баъзеҳо чунон ба тақлид пойбанд шудаанд, ки ин амал онҳоро ба ифрот бурдааст. Махсусан, тақлид дар шеваи муоширату гуфтугӯ миёни ҷавонон, зинату ороишиҳои гуногуни занону духтарон ва либоспӯшие, ки ҳаргиз махсуси миллати мо набуду нест, бештар ба чашм мехӯрад. 

4.Иртибот бо алҳи илм ва донишмандон. Паёмбари акрам (с) дар яке аз ҳадисҳои худ фармудаанд: “Шоиста аст, ки шахс бахше аз рӯзи худро бо ҳамнишинӣ бо донишманде гузаронад”. 

 

Умуман, дар натиҷаи даст ёфтан ба худсолории фикрӣ Истиқлоли давлатии мо низ таҳким меёбад. Умед аст, ки дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ҳар як тоҷики бонангу номус новобаста аз мавқеи иҷтимоии худ кори аз дасташ меомадаро анҷом диҳад. 

 

Рамазониён Аҳтам Бобосафар

Яндекс.Метрика