Хурофот ҷаҳолат аст (аз Паёми Пешвои миллат)

Дар таърихи 21 декабри соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифта, натиҷаҳои корҳои анҷомёфтаро дар соли 2021 таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳо барои соли 2022-ро муайян намуданд.

Дар Паём доир ба ҳамаи масъалаҳои дохиливу хориҷӣ, ҳаёти мардуми кишвар, мушкилоти ҷойдошта ва проблемаҳои глобалӣ зикр гардида, дар замони ҷаҳонишавӣ мардуми кишвар пойбанди урфу одат ва фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ нашуда, ба омӯхтани илмҳои замонавӣ машғул шаванд. Тавре ки қайд гардид: “дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои, муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад”. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар Паёми имсола ироа гардид донистани забони давлати таъриху фарҳанги хеш мебошад. Аз ҷумла “барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Ҳамчунин зикр гардид, қи “олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд”.

Нуқтаи муҳими дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин то ҳол вуҷуд доштани хуруфотпарастӣ дар байни ҷомеа мебошад. Пешвои миллат ба маврид зикр намуданд, ки “Хурофот ҷаҳолат аст”, инсоният бояд барои аз ин варта наҷот ёфтан, пайваста ба илму дониш рӯй оварад. Маҳз хидматҳои бевоситаи Пешвои миллат аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз хурофоту бегонапарастӣ зина ба зина ҷудо шуда, рӯй ба илму фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ оварда истодаанд. 

Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода сармутахассиси шуъбаи  пажуҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика