Хушхабар! Асари гаронбаҳои олимони тоҷик - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Шарифзода Муъмин Машокир ва Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид дар бораи Пешво ва мактаби давлатдорӣ ба нашр расид!

Дар арафаи истиқбол аз Истиқлол ва ҷашни бошукуҳ ва сарнавиштсози миллат - 31 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи олимони тоҷик - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Шарифзода Муъмин Машокир ва Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид дар бораи Пешво ва мактаби давлатдорӣ туҳфаи арзишманде ба ҳисоб меравад. Асари мазкур ба фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, хидматҳои Пешвои миллат дар бунёди давлати навини тоҷиконро барҷаста инъикос менамояд.

Дар рисола, махсусан, нақши воқеии давлатсозӣ, миллатташаккулдиҳӣ, фарҳангсозӣ ва ваҳдатофарии Пешвои миллат ҳамчун асосгузори давлати миллӣ ба таври муфассал мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. 

Китоби мазкур аз сарсухан ва 13 боб иборат буда, дар бораи мактаби давлатсозӣ, заминаҳои бунёди давлати миллӣ, таърих ва оини миллатсозӣ, сабақҳои истиқлол, ташаккули зиёии ватандор, ваҳдати миллӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, Пешво хамчун падари конститутсия, қонуни миллӣ, мушкилиҳои зиёии муосир, таърихи ҳуқуқ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои динӣ, андешаҳои илман асоснок ва муътамад ироа менамояд. 

Асари мазкур барои доираи васеи хонандагон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, таърихшиносон, хизматчиёни давлатӣ, олимону муҳаққиқон ва онҳое, ки нисбат ба таърихи имрӯз ва фардои миллат бетераф нестанд, тавсия мешавад.

 

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир 

Яндекс.Метрика