ЧАНД СУХАН ОИДИ ТАСВИРИ БАДЕИИ ВОҚЕИЯТҲОИ ТАЪРИХӢ-ДИНӢ ВА АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВӢ-МАЪРИФАТИИ АСАРҲОИ БАДЕӢ

Инъикоси масъалаҳои марбут ба дин ва эътиқоду маросими динӣ, ҳамгироӣ ва рақобати байни динҳо, муносибати дин бо илм ва амсоли инҳо – аз зумраи мавзӯъҳои ҷолибе мебошанд, ки на танҳо дар маркази диққати олимону муҳақкиқони файласуфу диншинос қарор доранд, балки дар асарҳои зиёди бадеӣ низ бо истифода аз усулҳо ва санъатҳои насри бадеӣ инъикос шудаанд. Ин гуна масъалаҳо алалхусус дар адабиёти муосири кишварҳои Ғарб ҷойгоҳи назаррас доранд. Аз миёни адибони муосири кишварҳои Ғарб нафарони зиёдеро зикр кардан мумкин аст, ки асарҳои худро ба тасвири бадеии воқеияту рӯйдодҳои гуногуни таърихӣ-динӣ бахшидаанд.
Яке аз чунин нависандаҳои маъруфи Ғарб, Дениэл Герхард Браун (соли таваллудаш 1964) – адиб ва рӯзноманигори муосири амрикоӣ мебошад. Адиби мазкур муаллифи чанд асари бадеӣ – «Фариштагон ва девҳо». «Рамзи да Винчи», «Рамзи гумшуда» ва «Инферно» мебошад, ки ҳар кадом бестселлер – пурфурӯштарин ва серхонандатарин китоби бадеӣ маҳсуб шуда, дар бораи ҷамъиятҳои махфии динӣ, символизмҳо ва муборизаву тавтиаҳои махфию ошкорои онҳо, инчунин воқеияту рӯйдодҳои гуногуни сиёсӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва динӣ нақл мекунанд. Чунончӣ, дар китоби «Фариштагон ва девҳо» марҳилаи муосири муборизаи байни рӯҳонияти калисои католикӣ ва нухбагони илми муосир тасвир карда шудааст.
Қаҳрамони асосии асари мазкури Дэн Браун, Роберт Ленгдон - олими амрикоӣ мебошад, ки таърихи иллюминатҳо (зиёиён) – ҷамъияти махфии муҳофизони илм ва рақибони ашаддии калисои католикиро амиқ таҳқиқ намуда, зимнан аз таърихи масеҳият ва динҳои дигари ҷаҳонӣ низ хуб огоҳ мебошад. Ленгдон аз ҷониби директори CERN – Ташкилоти аврупоии таҳқиқотҳои ҳастаӣ барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи куштори мармузи Леонардо Витта – олими физик ва нобиға, ки аввалин шуда, антиматерия (зиддиҳаюло)-ро ихтироъ намудааст, даъват мекунад. Қотили номаълум дар қафаси синаи мақтул аломатеро бо тамғаи гудохта нақш кунонидааст, ки рамзи ҷамъияти махфии иллюминатҳо мебошад.
Зимни гиреҳкушоии ин моҷаро, муаллиф собит менамояд, ки муборизаи байни дин ва илм хусусияти сунъӣ ва субъективӣ дошта, дар асл, ҳар кадоми ин падидаҳо дар такомули ахлоқию зеҳнии инсон ва таъмини шароити мусоиди моддию маънавии ҳаёти инсонҳо нақши муҳимро иҷро мекунанд. Нависанда ҳангоми тасвири моҷаро ба таърихи муносибати байни динҳо низ муроҷиат намуда, фикру ғояҳоеро баён кардааст, ки бо вуҷуди тахайюлӣ буданашон, бо воқеият ва ҳақиқати таърихӣ то як андоза шабоҳат ва мутобиқати мантиқӣ доранд. Барои дарки дурусти ин матлаб дар зер як порча аз ин асари бадеиро ба хонандагони нуктафаҳам пешниҳод мекунем:
«-Бубахшед, - таслим нашуд духтари дар қатори аввал нишаста, - ман мунтазам ба калисо меравам ва намебинам, ки дар онҷо ба хуршед саҷда кунанд.
-Наход? Кани гӯед, кадом воқеаро шумо биступанҷуми декабр ҷашн мегиред?
- Мавлудро. Мавлуди Исои Масеҳро.
-Аммо, тибқи Библия, Масеҳ моҳи март таваллуд шуда буд. Пас, дар кадом асос мо рӯзи ба олам падид омадани ӯро дар декабр ҷашн мегирем?
Дар толор хомӯшӣ ҳукмрон шуд.
Дӯстони ман, - лабхандкунон гуфт Лэнгдон, - дар замони бостон рӯзи бисту панҷуми декабр, иди қадимае баргузор мешуд, ки «sol invictus», яъне «хуршеди мағлубнопзир» ном дошт. Ва ин, чӣ хеле ки шумо эҳтимолан медонед, оғози гардиши зимистонии хуршед мебошад ва аз он пас рӯзҳо дарозтар шудан мегиранд.
Лэнгдон як пора себро газида, пас аз хоидану фурӯ бурдани он, ба суханони худ давом дод: Динҳои рақобаткунанда бисёр вақт ҷашнҳои якдигарро аз худ намуда, бо ин роҳ дар зеҳни пайравони дини рақиб тамоюли гузариш ба ҷониби худро таҳким мебахшанд. Ин раванд «transmutatum» ном дошта, имкон медиҳад, ки одамон ҳангоми мутобиқшавӣ ба дини нав аз осеби рӯҳию маънавӣ дар амон бошанд. Ҳамин тавр, одамон таҷлили идҳои пешина, анҷом додани маросимҳои динӣ дар ҷойҳои шинос ва истифодаи рамзҳои одаткардаашонро идома дода, зимнан, як маъбудро бо маъбуди дигар иваз мекунанд».
Албатта, тафсирҳои бадеӣ аз нуқтаи назари мутобиқат бо воқеияти объективӣ, нисбат ба шарҳу тавсифҳои илмӣ арзиш ва аҳамияти камтар доранд. Аммо, бояд эътироф намуд, он тасвирҳои хаёливу бадеии воқеиятҳо, ки дар асарҳои бадеӣ вуҷуд доранд, барои дарки дурусти баъзе ҷанбаҳои пандомӯзи маънавию ахлоқии воқеиятҳои гузаштаву муосири таърихи инсоният хеле мусоидат мекунанд.
Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ.

Яндекс.Метрика