Чаро ҷоми маро бишкаст Лайлӣ?

Мегӯянд, ки Лайлӣ барои расидан ба Маҷнун назр карда буд ва ба мардуми фақир таъом медод.
Маҷнун аз ӯ пурсид: Назрат барои чист?
Лайлӣ гуфт: Барои расидан ба висоли ту.
Пурсид: Вале мо бо ҳам нарасидем.
Лайлӣ хашмгин шуд ва гуфт: Магар ҳамин, ки ту барои таъом омадаӣ ва ман туро мебинам, расидан бу ту нест? Бирав ва дар саф қарор гир.
Маҷнун дар саф истод, ки аз дасти Лайлӣ таъом гирад.
Ҳангоме, навбати таъом додан ба Маҷнун расид, Лайлӣ бо баҳонае зарфи ӯро аз дасти худ андохт ва шикаст.
Чандин бор ин корро такрор кард, то Маҷнун зарфи нав оварад ва дубора дар саф истад ва ӯро бештар бубинад.
Чун ин кор чандин бор такрор ёфт, ба Маҷнун гуфтанд: Бирав, ки ӯ тамоюли ба ту таъом додан надорад. Оё намебинӣ, ки Лайлӣ зарфатро мешиканад ва ту ҳаё надорӣ ва боз бар мегардӣ.
Ва аммо Маҷнун ба роз гуфт:

Агар бо ман набудаш ҳеҷ майле,
Чаро ҷоми маро бишкаст Лайлӣ?
----------------
Ошиқони Худо низ чунинанд. Агар Худованд дархост ва дуои онҳоро сареъ иҷобат намекунад, дӯст дорад, ки садои онҳоро бештар шунавад ва бештар онҳоро дар ҳоли ибодат бубинад.

Бознашр аз саҳифаи фейсбуки
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
t.me/azharzoveya

Яндекс.Метрика