Истиқлолият чист, онро чӣ гуна бояд фаҳмид? Ба назари ман, истиқлолият соҳиби комилҳуқуқи обу замин, тамоми сарватҳо ва давлати худ будан аст. Истиқлолият озодии шахс бо тамоми маъноҳояш дар меҳани худ аст. Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамин ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамолики ҷаҳон аст. Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз Давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфуз мебошаду аксар кишварҳои ҷаҳон онро эътироф намудаву робитаҳои ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ доранд.
Истиқлолият- ҷашни озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии ҷомеа, ҷашни шукуфоии кишвари азизи мост! Он барои мо барои мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оѓози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадид овард. Ҳар фарди ҷомеа, хоҳ сарвар бошаду хоҳ посбони пеши дар бояд амиқ дарк намояд, ки ҳосили заҳмат, кору пайкори ӯ сипари озодиву ояндаи неки Ватан ва рӯзгори хуши фарзандон мешавад. Ва хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд.
Аллома Иқболи Лоҳурӣ низ саодати миллатро дар такопӯ ва худфарсоӣ баҳри озодию шукуфоии зодбум мебинад.
Ҳамин маъниро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ дар бахши «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби Истиқлолият» хеле нишонрас, возеҳ ва равшан ифода кардааст. «Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.
Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст». Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз тавонистем дастовардҳои хуберо соҳиб шавем.
Сокинони мамлакат шукронаи истиқлолро карда, дар пайи ободии диёр, шукуфоии Ватан, таҳкими истиқлолияти кишвар, баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол ҳастанд.
Маҳз меҳнати ҳар як шаҳрванд буд, ки дар як муддати кутоҳ Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу зебо, хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой гирифт.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон