Як бор шахсе аз суханони хонумаш ранҷида шуд ва савганд ёд кард: «То замоне, ки ту бо ман сухан нагӯӣ, ман бо ту сухан нахоҳам гуфт».
Зан, ки фарде тундмиҷоз буд, низ айнан ҳамин тавр савганд ёд кард ва чун ҳар ду дар ҳолати хашм буданд, ба оқибату натиҷаи суханони худ наандешиданд. Вақте ба сари ақл омаданд, ҳар ду бисёр афсӯс хӯрданд. Шавҳар назди Имом Суфёни Саврӣ омад ва воқеаро баён кард. Суфён гуфт: «Лозим аст каффораи қасамро адо кунӣ ва аз ин чорае ҳам нест». Ӯ ноумед бархосту ба хидмати Имом Абуҳанифа ҳозир шуд ва моҷарояшро зикр карду гуфт: «Барои ризои Аллоҳ! Шумо тадбире биандешед». Имом Абуҳанифа фармуд: «Бирав ва бо шавқу муҳаббат бо якдигар сӯҳбат кунед, бар ҳеҷ кадоматон каффора лозим нест».
Вақте Суфёни Саврӣ иттилоъ ёфт, бисёр хашмгин шуд ва ба назди Имом Абуҳанифа рафту чунин гуфт: «Шумо ба суолҳои мардум ғалат ҷавоб медиҳед!» Имом Абуҳанифа он мардро фаро хонду гуфт: «Дубора воқеотро баён кун».
Ӯ воқеаашро дубора баён кард. Имом Абуҳанифа хитоб ба ҳазрати Суфён гуфт: «Он чӣ қаблан гуфта будам, ҳоло низ мегӯям». Имом Суфён пурсид: «Ба чӣ далел?»
Имом Абуҳанифа посух дод: «Замоне, ки зан хитоб ба шавҳараш ҳамон алфози ӯро такрор кардааст, гӯё бо шавҳараш оғоз ба сухан кардааст, пас дигар куҷо савгандаш ба қуввати худ боқӣ мондааст?» Суфёни Саврӣ ҷавоби Имом Абуҳанифаро пазируфту ҳайратзада баргашт.
Шиблии Нуъмонӣ. Симои Имоми Аъзам Абуҳанифа. Хуҷанд, «Нури маърифат», 2009, саҳ. 88.
Гирдоварандаи мавод:
Одинашоҳ Вализода