Шайх Алӣ Абдурозиқ - нахустин поягузори дунявият дар байни уламои исломӣ

Нуқтаи назаре вуҷуд дорад, ки нахустин гомгузори дунявият дар байни уламои исломӣ Шайх Алӣ Абдурозиқ (1888- 1966) аз Миср ба ҳисоб меравад. Вай махсусан баъди нашри  китобаш дар соли 1925 бо номи «Ислом ва принсипҳои идоракунӣ» (Ислом ва усул-ал-ҳукм) машҳур  гардид. Баъд аз чопи китоби мазкур дар олами ислом байни ислоҳотчиёну бунёдгароён баҳсҳои зиёде сурат мегирад. Ба сифати ҷазо  вай мавриди муҳокимаи Шӯрои уламои аъзами ал-Азҳар гардида, аз ҳуқуқи фаъолият маҳрум мегардад. Баъд аз як рӯзи ҳукми уламо хабарнигоре аз ӯ хоҳиш мекунад, ки идеяи асосии китобашро шарҳ диҳад. Ӯ ҷавоб медиҳад: Идеяи асосии  китоб, ки ба сабаби он ман маҳкум шудам, аз он иборат аст, ки ислом на режими хосе муайян намудааст ва на баҳри мусулмонон системаи  махсусеро мукаллаф сохтааст, ки тибқи талаботи онҳо ҷомеаи мусулмонон бояд идора карда шавад. Баръакс, вай ба мо озодии мутлақ додааст то мутобиқи шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавие, ки дар онҳо қарор дорем, бо назардошти рушди ҷомеаю тақозои замон давлатро ташкил намоем. 

Абдурозиқ дар нахустин андешаи хеш комилан равшану фаҳмо изҳор доштааст, ки ду сарчашмаи нақлии ислом - Қуръон ва аҳодиси паёмбар ҳеҷ ёде аз хилофат ва ё ягон шакли давлат нанамудаанд. Оёти қуръоние, ки фуқаҳои анъанавӣ онҳоро барои қонунӣ будани хилофат ба сифати далел истифода мебаранд, воқеан ҳеҷ нисбате ба хилофат  надоранд. Албатта, дар Қуръон оятҳое вуҷуд доранд, ки мусулмононро ба  итоати Худою Паёмбар ва «улуламр» (соҳибамрҳо) амр мекунанд,  аммо андешаҳо дар хусуси  маънои истилоҳи «амр» гуногун мебошад. Тибқи андешаи баъзе уламо истилоҳи «амр» ҳамасрони паёмбарро дар назар дорад, тибқи андешаи дигарон  уламоро. 

Арзиши дигари ғайриоддии китоби Абдурозиқ дар инкори андешае ифода меёбад, ки «хилофат дар  асоси иҷмоъ бунёд ёфтааст». Тибқи андешаи муаллифи  китоб хилофат ба  ҷуз зарурати сиёсӣ ба  чизе асос наёфтааст. Яъне,  мусулмонон ҳеҷ гоҳ дар ҳолати  ягон навъи интихоби озод, ки ба он иҷмо асос ёфта бошад, қарор надоштаанд. Баръакс, мусулмонон маҷбур будаанд, ки мавриди уқубати «Халифаҳои истибдодӣ» гарданд,  ки намунаашон дар таърихи ислом бисёр аст.

 

Абдухалилзода К.А. 

Яндекс.Метрика