ШАММАЕ АЗ АДОЛАТИ ХУДОВАНДӢ АЗ «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ

Ҳикоят. Мӯсо (салавотуллоҳи алайҳ) ба Тӯри Сино (номи кӯҳе дар нимҷазираи Сино (Миср), ки ҳазрати Мӯсо дар он ҷо бо Худованд мулоқот мекард) бо Худой муноҷот ҳамекард. Гуфт: «Ё Мӯсо, ту марде тунду тезӣ, сабр наметавонӣ кардан». Гуфт: «Ба тавфиқи ту тавонам». Гуфт: «Акнун наздики фалон чашмаи об шав ва баробари ӯ пинҳон бинишин ва назораи қудрат ва илм-ул-ғайби мо кун».

Мӯсо бирафт ва бар сари талле (пушта, теппа) баробари чашма бинишаст. Саворе даррасид, фурӯ омаду дасту рӯи намоз бишуст ва об бихӯрду намоз бикард ва ҳамёне пур аз ҳазор динор зар аз миён бигушод ва он ҷо биниҳод ва фаромӯш карду бирафт. Пас аз ӯ кӯдаке биомаду аз чашма об хӯрд ва он ҳамёни пур аз динор баргирифту бирафт. Пас аз ӯ марде пири нобино биомаду об хӯрд ва таҳорат карду ба намоз истод. Саворро ҳамён ёд омад, аз роҳ бозгашт ва ба чашма омад. Нобиноро бигирифту гуфт: «Ман ҳамёне пур аз динор ин ҷо фаромӯш кардам ва ин ҷо ба ҷуз ту ҳеҷ касе дигар наомад дар ин соат». Гуфт: «Эй савор, ман марде нобиноам, зару ҳамёни ту чигуна дидам?».

Савор дар хашм шуду шамшер баровард ва нобиноро бикушту зару ҳамён биҷуст, наёфт. Бирафт. Мӯсо гуфт: «Бор худоё сабрам намонд, ва ту одилӣ, маро маълум кун, ки ин аҳвол чигуна аст?».

Ҷабраил омад ва гуфт: «Худой мегӯяд, ки Ман олим-ул-асрорам (донандаи асрорам). Он донам, ки ту надонӣ. Бидону огоҳ бош, ки он кӯдак, ки он ҳамён бардошт ҳаққу милки (мулки) ӯ буд. Падари ин кӯдак муздури ин савор буд ва ҳам чандон музд бар ӯ гирд омада, ки андар он ҳамён буд. Акнун он кӯдак ба ҳаққи хеш боз расид. Ва аммо он пирамарди нобино пеш аз он, ки нобино гашта буд, падари ин саворро кушта буд, ва қасоси хеш боз хост. Ва ҳақ ба ҳақ боз расид ва доду адли Мо чунин борик аст, ки мебинӣ».

Мӯсо он бидид ва истиғфор кард [1, С. 47].

Худованди китоб гӯяд: – Ин ҳикоят аз баҳри он карда шуд, ки то хирадмандон бидонанд, ки ҳеҷ чиз бар Худой Таъоло пӯшида нест, ва доди ситамрасидагон бад-ин ҷаҳон бидиҳад, валекин мо ғофилем, ки чун балое биёяд, надонем ки аз куҷост [1, С. 47-48].

 

Адабиёт:

1.Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика