Шарҳи авомфиребона ва хатарноки мафҳуми «Ватан» аз тарафи Ҳасани Бано

Моҳияти террористӣ-экстремистии таълимоти Ҳасани Бано зимни  шарҳи мафҳуми «Ватан» хеле барҷаста ошкор мегардад. Доир ба фаҳмиши мафҳуми «Ватан»  Ҳасани Бано ба эҷодкорию таҳриф даст зада, қайд менамояд, ки «ҷанбаи ихтилоф байни мо ва онҳо (мурод ғайриихвониҳо) дар он аст,  ки мо ҳудуди ватанро бо ақида муайян менамоем, аммо онҳо бо ҳудудҳои марзию ҷуғрофӣ муайян мекунанд. Пас, ҳар маҳале, ки дар он мусулмон «Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ» мегӯяд, назди мо ватан аст. Дар мо ӯ соҳибэҳтиром аст, соҳибиззат аст, сазовори дӯст доштан аст, кӯшиш барои беҳбудии ӯст. Ҳамаи мусулмонон дар ин манотиқи ҷуғрофӣ аҳли мо ва бародари мост, ба ӯ ғамхорӣ мекунем, андешаю эҳсоси онҳо андешаю эҳсоси мост». Аз таҳлили суханони мазкури Ҳасани Бано метавон  чунин натиҷагирӣ намуд, ки агар мусулмоне дар Олмон, Фаронса, Амрико ё Аргентинаю Мексика зиндагӣ намоянд, пас, кишварҳои номбурда барои онҳо Ватан маҳсуб меёбанд, пас онҳо саъй менамоянд, ки тартиботи исломии бунёдгароёнаи худро дар манотиқи номбурда бо зӯрӣ ҷорӣ кунанд. Агар ҷорӣ карда натавонистанд, пас ба аъмоли террористӣ даст мезананд. Аз ин нигоҳ, таълимоти террористии онҳо барои тамоми дунё ва барои тамоми ҷомеаи башарӣ хатарнок ҳисобида мешавад. 

Аз тарафи дигар, нақшаю  ҳадафҳои онҳо танҳо хаёлӣ буда, барои гумроҳ сохтани мардуми авом нигаронида шудаанд.  Таҳлили таҷрибаи таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки чунин фаҳмиши нодуруст ва дур аз воқеияти мафҳуми «Ватан», махсусан  муносибати байниҳамдигарӣ дар дохили ин «Ватан» ҳатто дар замони интишори ислом низ вуҷуд надошт. Ҳама «Ло илоҳа иллаллоҳ…»  мегуфтанд, лекин статуси  маккагӣ дигар буду статуси мадинагӣ дигар, статуси умавӣ дигар буду статуси ҳошимӣ дигар. Илова ба ин, аз таърих ба мо маълум аст, ки арабҳо баъд аз интишори ислому қабул гардидани таълимоти он аз тарафи дигар миллатҳо нисбат ба намояндагони дигар марзҳои ҳудудӣ муносибати ноодилонаро раво медонистанд. Қобили таъкид аст, ки  чунин фаҳмиши ғалатноки ватандорӣ ҳатто имрӯз низ дар байни кишварҳои арабзабон вуҷуд надорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дилхоҳ кишвари мусулмоннишини рушдкарда ва ё мусулмони сарватманд мусулмони ғайр ва ё кишвари рушднокардаро ҳамватани худ намеҳисобад ва ба он бидуни ҳадафи дунявӣ ё подоше кӯмак наменамояд. Аз ин рӯ, сиёсати мазкур низ авомфиребона буда, маҳз ба хотири ҷалб намудани мусулмонони бесавод ва аз тамадлдуни қарни XXI қафомонда роҳандозӣ карда шудааст.

Таърихан ва амалан ҳувайдост, ки моҳият ва ҳудуди Ватан тавассути ҳудуди марзию ҷуғрофӣ муайян мегардад ва меҳри ватанӣ зимни дар шуури инсон нақш бастани манзараҳои ҷолиб, назаррас ва хотирмони ҷои зист ва фаъолияти ибтидоии ҳаёт ҷилвагар хоҳад гардид. Яъне, мафҳуми Ватан зимни шаклгирии худ заминаи маҳз моддӣ дорад, на заминаи маънавӣ. Баъдан дар раванди фаъолияти ҳаётӣ дигар унсуҳои фарҳангӣ, чун: забон, мусиқа, санъат, урфу анъана, дин дар қавӣ гардидани меҳри ватанӣ саҳмгузор хоҳанд буд, аммо ҳеҷ гоҳ асосӣ ва муайянкунанда нахоҳанд буд. Бинобар ин, арзиши диниро барои муайян намудани Ватан ҳамчун меъёр қарор додан дунболагирӣ намудани ҳадафҳои геополитикиро бо истифода аз дин дар назар дорад.  

Аз мавқеи таълимоти террористию экстремистӣ ба шарҳи  мафҳуми арабии «Ватанийя» (Ватан, ватандӯстӣ,  ватандорӣ) даст зада, Ҳасани Бано инчунин менависад, ки «агар дар зери мафҳуми мазкур фатҳи кишварҳо ва ҳукмронӣ дар рӯи заминро фаҳманд, пас ислом онро фарз гардонидааст ва фотеҳонро ба беҳтарин истеъмор ва муборактарин фатҳ равона мекунад».  Вобаста ба ин шарҳи авомфиребона ва хатарноки  Ҳасани Бано бояд иброз намуд, ки аввалан, ислом фатҳи кишварҳо ва ҳукмронӣ дар рӯи заминро фарз нагардонидааст. Ин дурӯғи маҳз аст.  Андешаи мазкур бофтаи худи Ҳасани Бано аст. Зеро дар ягон ҷои Қуръон маънои мазкур сареҳатан зикр намегардад. Агар маънои мазкурро аз маънои дигар оятҳои Қуръон истинбот намояд, пас маънои истинботшуда ба ҳукми ояти 99 аз сураи «Юнус»  «Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи онон, ки дар заминанд, якҷо имон меоварданд. Оё ту мардумонро маҷбур мекунӣ, то муъмин шаванд?» мухолиф хоҳад буд.  Ин ҷо барои асосноккунии фикри худ Ҳасани Бано  ояти 193 аз сураи «Бақара» «Ва бо онҳо биҷангед, то он ки ширк нобуд шавад ва дин маҳз барои Худо шавад..»-ро чун далели қуръонӣ ёдовар мешавад. Доир ба ин оят ҳаминро гуфтанием, ки вай давоми мантиқии оятҳои 190 ва 192 аст. Дар ояти 190 омадааст: «Ва дар роҳи Худо бо касоне ҷанг кунед, ки бо шумо ҷанг мекунанд; ва аз ҳад магузаред. Ҳамонон Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад». Чӣ хеле ки аз мазмуни ояти мазкур бармеояд, мусулмон ҳақ надорад, ки аввалин шуда ба ҷанг даст занад. Яъне, ҷанг аз тарафи мусулмон бояд хусусияти сирф мудофиавӣ дошта бошад. Ва танҳо баъди он ки аз тарафи мухолифин ҷанг оғоз гардид, мусулмон  ба хотири мудофиа бояд ба ҷанг даст занад ва дар ҳамин ҳол ҳам бояд аз ҳад нагузарад. Дар ояти 191 матлаб боз ҳам ба таври фаҳмотар баён ёфтааст: «Ва ҳар ҷо ки мушриконро биёбед, онҳоро бикушед ва аз он ҷое, ки шуморо берун карданд(яъне аз Макка) онҳоро берун кунед. Ва (ғалабаи) ширк аз қатл сахттар аст; ва наздики Масҷидул-Ҳаром бо онҳо корзор макунед…». Чӣ хеле ки аз маънии ояти мазкур бармеояд, ҳукми оятҳои 190-193 бар зидди мушрикони Макка нигаронида шудаанд, аммо Ҳасани Бано онҳоро ба муқобили тамоми башарият равона сохтааст. Бояд гуфт, ки дар тафсири ояти 193 низ маҳз мушрикони Макка дар назар дошта мешавад. Аммо ҳадаф ва нақшаҳои мутаассибонаи Ҳасани Бано, чӣ хеле ки дида мешавад, ба таҳрифи ояти Қуръон сабаб гардидаанд.

Дар таҳрифкории мазкури Ҳасани Бано дар нисбати фаҳмиши мафҳуми «Ватан» чизе, ки хеле хатарнок маҳсуб меёбад, инчунин ҳазф гардидани миллат ва арзишҳои миллӣ аст. Яъне, дар тасаввуроти ихвонии мафҳуми «Ватан»  барои миллат ва арзишҳои миллӣ  ҷое нест. Ба қавли дигар, дар фаҳмиши ихвонии мафҳуми мазкур, анъанаҳои таърихии чандинҳазорсолаи миллатҳо, урфу одатҳои созанда ва манфиатбахши миллатҳо, осори фарҳангии дар тӯли таърих арзишмандии худро собитнамуда, навгониҳои илмӣ-фарҳангии замони муосир ва амсоли онҳо ҳазф мегарданд, беарзиш маҳсуб меёбанд ва бидуни шак маҳсули куфру бидъат арзёбӣ мешаванд. 

Аз ин нуқтаи назар, ҳар гуна пайравӣ аз ин ҳаракатҳо ва ташкилотҳо маънои бар муқобили   миллат ва арзишҳои миллии худ мубориза бурданро дорад.  Агарчанде дар саҳифаи 17-и маҷмуаи расоилаш Ҳасани Бано вижагиҳои ҳар халқро эътироф мекунад, лекин боз ҳам барои арабият имконияти пурратар ва фаровонтарро таъкид менамояд, яъне худи ӯ сатҳӣ, беасосӣ ва бебунёдии таълимоти мазкури худро ба таври назариявӣ нишон медиҳад.  

  Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика