ШАРҲИ МАФҲУМИ “ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ЭЪТИҚОД”

Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии инсон буда, озодии шахсият аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона баҳри худ интихоб кардани низоми арзишҳои маънавӣ дар назар дорад.
 
Қайд кардан ба маврид аст, ки эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи пирӯзмандтарину муҳимтарини башарият медонанд. Ҳар як давлати кунунии демократии ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама озодии виҷдонро қувват бахшида, замонату кафолат медиҳад.
 
Озодии виҷдон ҳуқуқи табиӣ ва хислати фитрии  инсон буда, озодии ӯро баҳри интихоби ҷаҳонбинӣ пешбинӣ мекунад. Озодии виҷдон ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд мансуб буда, аз шаҳрвандӣ вобаста нест. Инсон ҳуқуқи худро ба озодии виҷдон амалӣ гардонда, худро инсон эҳсос мекунад ва ҳаёташ маънӣ пайдо карда, мавқеи худро дар зиндагӣ муайян месозад. Ба ин тариқ, он яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон аст, ки амалӣ гардонданаш ба шукуфоии давлат, барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалишавии дигар ҳуқуқу озодиҳо таъсир мерасонад.
 
Мафҳуми “озодии виҷдон” аз рӯи маъно бо мафҳуми “озодии афкор” хеле наздик буда, бисёр вақт дар ҳамбастагӣ истифода мешавад. Озодии афкор ва виҷдон ҳаҷман назар ба озодии эътиқод хеле васеъ аст, зеро аввалан, доштани аз ҷумла ақидаҳои атеистиро низ фаро гирифта, сониян, на танҳо ҷанбаи динӣ, балки ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти зеҳнӣ ва маънавии инсонро шомил месозад. Озодии афкор ва виҷдон ҳуқуқӣ мутлақи инсон буда, аз ҷониби давлат маҳдуд карда намешавад.
Атеист(эътиқоди динӣ надошта) одамест, ки ба мавҷудияти хама гуна қувваҳои фавқултабиӣ бовар надорад.
 
Озодии эътиқод яке аз унсурҳои озодии виҷдон аст. Он ба дин муносибати бевосита дошта, дар ҳамин соҳа амалӣ мешавад.
 
Дин (аз лот. Reiigio - такводорӣ, муққаддас, предмети парастиш) ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонэҳсоскунӣ, ҳамчунин рафтору амалҳои ба онҳо мутобиқест (парастишест), ки ба боварӣ ба мавҷудияти қувваҳои фавкултабиӣ асос меёбад.
 
Озодии эътиқод ҳуқуқи негативи буда, ҳимояи озодии дин аз ҷониби давлат таъмини гуногуннавъии диниро дар назар дорад. Давлат ҳуқуқ дорад танҳо вақте дахолат кунад, ки қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи рафтор дар ҷомеа, қонунгузории мамлакат вайрон карда мешаванд, ба ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хавф таҳдид мекунад.
 
Озодии эътиқод яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст, ки ҳуқуқи ба таври инфиродӣ ё якҷоя бо дигарон эътиқод овардан ба ҳар дин, озодона интихоб намудан, доштан ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ва тибқи он амал карданро фаро мегирад.
 
Ба ин тариқ, озодии эътиқод инҳоро дар бар мегирад: 1) ҳуқуқи эътиқод доштан ба ҳар дин; 2) ҳуқуқи ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ; 3) ҳуқуқи иваз кардани дин; 4) ҳуқуқи паҳн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динӣ; 5) ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти динӣ; 6) ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти хайру эҳсонкорӣ; 7) ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти динии фарҳангӣ- маърифатӣ; 8) озодӣ аз табъиз бо асосҳои динӣ.
 
Агар Шумо дар хона намоз хондан хоҳед, касе ҳақ надорад, ки инро ба Шумо манъ кунад, ба шарте, ки амалҳои Шумо ҳуқуқҳои дигар аъзои оиларо маҳдуд насозанд. Ё агар ҳа- маи хешовандони Шумо ва ҳамсояҳоятон рӯза гиранду Шумо инро намехоҳед ва руза намегиред, касе ҳақ надорад, ки Шуморо ба рӯзадорӣ маҷбур созад. Шумо ҳуқуқ доред, барои худ интихоб кунед, ки ба кадом дин эътиқод меоред ва ё баръакс атеист бошед.
 
Эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ба озодии виҷдон ва эътиқод бо ҳақ баровардани ҳама гуна амалҳои динӣ ва ҷазодиҳӣ нисбат ба одамони алоҳида, ё ба ташкилотҳои динӣ номувофиқ аст. Чунончи, ҷавобгарии чи гражданӣ ва чи ҷиноятӣ наметавонад ба тамоми ташкилоти динӣ паҳн шавад, танҳо ба ин сабаб, ки як ё якчанд аъзои он ба ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят айбдор карда мешаванд.
 
Исоев Н. - сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика