Шарҳи оқибатҳои хатарноки экстремизму терроризм ва зарурати муқовимат бо онҳо дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ

Дар таърихи 21 декабри соли 2021 Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, доир ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа нуктаҳои асосӣ иброз доштанд. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба сохтору идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд, ки яке аз онҳо нигаронӣ аз “терроризму экстремизм” дар ҷаҳони муосир мебошад. 

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 то имрӯз дар  Паёми худ пайваста таъкид менамоянд, ки яке аз масъалаи муҳиме, ки ҷомеаи муосирро нигарон мекунад, ин “терроризм ва экстремизм” мебошад. Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба  давлати мо расидааст. Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон баъд аз Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан аз тарафи баъзе афроди ҷомеа, ки ғаразҳои нопок доштанд ва таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ фаъолият мекарданд, ба хун оғушта карда шуд. Барои расидан ба бузургтарин неъмат, ки сулҳ аст, фарзандони миллатамон ҷоннисориҳо карда, давлати тозабунёди моро ташкил карданд ва зиндагии шоистаро барои фарзандони худ фароҳам оварданд. "Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд".

Роҳбари давлат аз вазъияти муташанниҷи кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии исломии Афғонистон нигаронӣ карда, таъсири бевоситаи ин кишварро ба амният ва суботи ҷомеаи мо ёдрас карданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки "мо ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошем". Ҳамзамон сарвари давлат таъкид карданд, ки бар зидди терроризму экстремизм муборизаи беамон бурда шавад. 

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки “терроризм ва экстремизм”, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти номатлуб ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. 

Хулоса, Пешвои миллат дар Паёми худ моҳият ва оқибатҳои хатарноки экстремизму терроризмро ба таври равшан ва асоснок нишон дода, таъкид мекунанд, ки дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастҷамъ бошанд, ба иғвои хоинон дода нашаванд, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. 

Муттахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ Садуллоев Аҳмадҷон

Яндекс.Метрика