Шеъри Имом Бухорӣ

Агарчӣ Имом Бухорӣ дар адабиёти динӣ ва илмӣ ҳамчун муҳаддис ва муфассир машҳур гаштааст, фасоҳати каломи ӯро дар назм низ мушоҳида кардан мумкин аст, вале назми сурудаи ӯ камтар боқӣ мондааст. Имом Зоҳир мегӯяд, Имом Бухорӣ дорои ашъоре буда, мутаассифона баъзе аз ашъори ӯ сабт нагардида ва ё аз байн рафтааст. Ӯ ба сурудани шеър қодир буда, вале аз сурудани он  худдорӣ намудааст, ӯ шогирди муваффақи мадрасаи набавӣ буда, аҳодиси шарифи он ҳазратро дар арсаи гуфтор, кирдор ва сулук шиори рафтори худ қарор додааст. 

Ба назари уламои дин эҷоди шеър холӣ аз айб нест, чунон ки пешвои мазҳаби шофеия Имом Шофеӣ ба ин амр ишора кардааст:

لو لا الشعر بالعلماء  يزري، و

لكنت  اليوم  أشعر  من  لبيد.

Тарҷума:

Агар мулоҳизаи ин амр набуд, ки шеър барои олимон мояи таъна 

ва айбҷӯйи аст, қатъан ман имрӯз аз Лабид  шоиртар будам.

Ҳарчанд Имом Бухорӣ дар як боби “Ҷомеи саҳеҳ”-и худ ба ҷоиз будани шеър ишора кардааст, аммо дар боби дигар шуғли аз андоза зиёд ба шеърро нописанд шумурдааст, ба ин далел, ки инсонро аз ёди Худованд, машғул шудан ба илм, таҳсил ва дигар корҳои муҳиме, ки барои ҷомеа фоидаовартар аст, боз медорад.

Имом Бухорӣ, ки муҳаддис ва муфассири бузург дар ҷаҳони ислом шинохта шудааст, бешак, чизи дигаре қалби ӯро ба ҷуз аз ёди Худо, ҳифзи ҳадиси набавӣ ва омӯзиши илм натавонистааст ба худ машғул созад.

Қитъаи зер, ки Ҳакими Нишопурӣ дар таърихи худ ва Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар муқаддимаи китоби “فتح الباري” ёдовар мешаванд, ба андешаи муҳаққиқон ба Имом Бухорӣ тааллуқ дорад.

اغتنم  في  الفراغ  فضل  ركوع،

فعسى  أن  يكون  موتك  بغتة.

كم  صحيح  رأيت  من  غير  سقم،

ذهبت  نفسه  الصحيحه  فلته.

Тарҷума:

Дар вақтҳои холигиат фазилат ва имтиёзи намози нофиларо 

ғанимат  бишумор.

Пас шояд фаро расидани маргат ногаҳонӣ бошад.

Чӣ басо "инсони тандуруст"-ро дида бошӣ, ки бидуни ҳеҷ беморие,

Ногаҳон вуҷуди солимаш аз миён рафта бошад.

Аз ин қитъаи шеърӣ маълум мегардад, ки Имом Бухорӣ нисбат ба арзиши вақт ва хатари аз даст рафтани он нек меандешидааст ва вақти худро танҳо барои омӯзиши илм ва ибодат сипарӣ мекардааст.

Инчунин ёдоварии ин ҳадиси набавӣ маврид ба зикр аст, ки дар шумораи “1210” дар  “فيض القدير شرح  جامع الصغير” омадааст, ки онро Ҳакими Нишопурӣ аз Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Ибни Аббос ривоят кардаанд.

اغتنم  خمسا  قبل  خمس:  حياتك  قبل  الموتك،  و  صحتك  قبل  سقمك،  و  فراغك  قبل  شغلك،  و  شبابك  قبل  هرمك،  و  غناك  قبل  فقرك.

Тарҷума:

Панҷ чизро пеш аз вуқӯи панҷ чизи дигар ғанимат шумор:  

1. Зиндагиро аз марг

2. Тандурустиро аз беморӣ

3. Фароғатро аз гирифторӣ

4. Ҷавониро аз пирӣ

5. Тавонгариро аз тангдастӣ

Вобаста ба ашъори Имом Бухорӣ Маҳёуддин Солеҳӣ низ дар китоби “أصحاب  الصحاح  سته” порчаи шеъриеро зикр кардааст:

خالق  الناس  بخلق  حسن، 

لا  تكن  كلبا على  الناس  تهر.

Тарҷума:

Бо мардум ба хӯй ва одоти некӯ рафтор кун,

Мисоли саге мабош, ки туро занҷир банданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин шеъри Имом Бухорӣ дар такя ба ҳадиси “أكمل المؤمنين  إيمانا،  أحسنهم  خلقا” (комилтарин муъминон аз ҷиҳати имон некахлоқтарини онон аст) суруда шуда, башариятро ба ахлоқи некӯ фаро хондааст, зеро ки ахлоқи некӯ аз комилтарин хислатҳои имонӣ ба шумор меравад.

Мисраи аввали байти дигари Имом Бухорӣ, ки дар зер оварда мешавад, ҷузъи охири як ҳадиси паёмбари Худост, ки Имом Тирмизӣ  онро ба “Исноди  ҳасан” дар шумораи "1987" зикр кардааст:

“اتق  الله  حيثما  كنت، 

 و  اتبع  السيئة  الحسنة  تمحها، 

 و  خالق  الناس  بخلق  حسن” 

Тарҷума:

Дар ҳар куҷо ва дар ҳар  ҳолате, ки бошӣ аз Худо битарс!  

Ва аз пайи ҳар гуноҳ ва бадӣ кори некӯе анҷом бидеҳ, ки он

  бадиро маҳв  намояд!  

Бо мардум ба тарзи писандида ва ахлоқи некӯ рафтор кун!

Имом Бухорӣ ҳангоми шунидани даргузашти шайхулислом Имом Ҳофиз Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Абдураҳмони Дорамӣ, ки пешвои мусулмонони шаҳри Самарқанд буд, барои ӯ марсияе сурудааст:

إن  عشت  تفجع  بلا  حبة  كلهم،

و  بقاء  نفسك  لا  أبا  لك   أفجع.

Тарҷума:

Агар “бо марг” зистӣ, ҳама дӯстон андӯҳбору дардманд 

мешаванд,

Ва боқӣ мондани ту дар ин ҳолат ба маротиб андуҳбору  

ғамангезтар аст.

Ин байти Имом Бухориро Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар  муқаддимаи “فتح الباري” оварда, онро баёнгари бузургворӣ ва ҳақшиносии Ал-Бухорӣ донистааст. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мушаххас намудааст, ки бархе аз уламо нисбат ба Имом Бухорӣ ва мақоми баланди илмии ӯ ҳасодат меварзидаанд, аз ин рӯ, вуҷуди нозанини ӯро таҳаммул накарда, бо тирҳои иттиҳом ба сӯйи ӯ тохтанд ва ҳатто ӯро ба тарки диёру ватани маҳбубаш маҷбур сохтаанд. Имом Бухорӣ на танҳо ба  донишмандони замонаш рақобат меварзид, балки вуҷуди ононро ҳатмӣ ва зарурӣ медонист ва аз марги бузургон ва дӯстони олимаш сахт мутаассир ва ғамгин мешуд. Дар  мисраи дуюми ин байт эҳсос мегардад, ки ӯ дӯст медошт худ аз ин ҷаҳон биравад, аммо шоҳиди марги сарварони илм набошад ва доғи андӯҳи фироқи ононро дар дил надошта бошад.

Ба ҳамин маъно, шоири бузурги Аббосӣ Абуало Ал-Мааррӣ дар як қасидаи худ чунин гуфтааст:

تعب  كلها  الحياة،

فما  أعجب  إلا  من  طالب  بزيادة.

Тарҷума:

Зиндагӣ саросар ранҷу душворӣ гардидааст,

Дар шигифт нестам, ҷуз аз касе, ки онро барзиёд мехоҳад.

Мисолҳои овардашуда гувоҳӣ онанд, ки Имом Бухорӣ дар баробари муҳаддиси бузург буданаш аз санъати шеъру балоға низ огоҳии комил дошта, аз он ҳамчун воситаи таъсирбахши тарғиби арзишҳои исломӣ, ахлоқу фазилатҳои инсонӣ аҳёнан истифода бурдааст.

Одинаева Ш. 

Яндекс.Метрика