Шиддати баҳсу талошҳои идеологӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ

Дар ҷаҳони пуртазоду бисёр ҳассос, ки раванди ҷаҳонишавӣ рўз ба рўз шиддат мегирад, баҳсу талошҳои идеологӣ низ вусъат ёфта истодаанд. Аз ин рў, ҳар як миллату давлат нисбати ҳифзи манфиатҳои миллии худ бояд талош варзад.Дар охири асри XIX ва XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ бахуд гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад.
 
Бо инкишофи техника ва технологияи нав, шаклу намудҳои нави террористӣ бавуҷуд омадаанд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
 
Ҷаҳонишавӣ дар соҳаи дин имкон медиҳад, ки доираи фаъолияти ташкилоти динӣ васеъ гардида, тарғиботи динӣ ва амалияи он ба ҳудудҳои дурдаст низ дастрас гардад, арзишҳо ва назарҳои динӣ байни пайравони динҳои дигар паҳн шавад. Технологияҳои нави информатсионӣ на танҳо дар байни руҳониёни анъанавӣ, балки аз тарафи ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки хусусияти фирқавӣ доранд васеъ истифода бурда мешавад. Дар робита ба ин дарки табиат ва моҳияти глобализатсия ва хусусияти таъсири он ба дин на танҳо аҳамияти умуминазариявӣ, балки прагматикӣ ҳам дорад [2]. 2.Кудин А.А. Ислам в современном мире.
 
Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, посдоштани сатҳи фарҳангӣ- сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқи аҳолии кишвар, махусусан зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
 
Аз ин рў, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ дар шароити имрўза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.

 

Бинобарин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат дониста, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намудааст.

 

 

 

Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ                                                             Наботов М.А.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика