Ширкати фаъолонаи Тоҷикистон дар интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон

 

Ҳамзамон бо фарорасии фасли сармо кишварҳои узви СММ  фаъолияти дастҷамъонаи худро ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон суръат бахшида истодаанд. Тоҷикистон низ аз ин иқдомҳои хайрхоҳанаи ҷомеаи  ҷаҳонї дар ҳақки мардуми Афғонистони ҳамсоякишвари худ бетараф нест, балки аз оғози ин маъракаҳои башардӯстонаи СММ бо он фаъолона ҳамкорї намуда истодааст. Дар айни замон, Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ба интиқоли маводи ғизоӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, ба хонаводаҳои афғон, ки дар зимистони имсол ба гуруснагӣ мувоҷеҳ шудаанд,  оғоз кардааст. Ҳанӯз дар охири моҳи ноябр нахустин корвони 7 мошини боркаш аз анборҳои озуқавории шаҳри Душанбе ба самти вилояти Бадахшони Афғонистон раҳсипор шуданд. Дар зарфи чанд рӯз  тақрибан 2500 тонна орди гандумӣ, ҳамчун кӯмаки башардӯстонаи СММ аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд.  Адҳам Мусаллам, намояндаи Созмони ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон дар маросими гусели корвони кӯмаки башардӯстона изҳор кард, ки   ҳамкорони Созмони ҷаҳонии озуқа дар Афғонистон, ба ҳар гуна кумаки мо ниёз доранд, то то пеш аз барф ва баста шудани роҳҳо, бахусус дар манотиқи дурдасте, ба мисли Бадахшон,  захираи кофии озуқа фароҳам оварда шавад. Дар ин маросим ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ширкат доштанд. Адҳам Мусаллам дар шахсияти онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон барои кумак ба мардуми Афғонистон дар ин рӯзҳои сангин изҳори сипос кард. «Истифода аз долони байни кишварҳо ба мо кӯмак мекунад, ки тавассути нуқтаҳои сарҳадӣ ба Афғонистон маводи ғизоӣ сари вақт интиқол дода шавад», - қайд кард Адҳам Мусаллам. Вай инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии Хадамоти башардӯстонаи ҳавоии СММ (UNHAS), ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии озуқаи СММ идора мешавад, изҳори сипос намуд. 

Бознашр аз сомонаи “Азияplus”: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20211129/iz-tadzh... (аз русӣ тарҷумаи Шоев Зиёвиддин)

Яндекс.Метрика