Шогирдони баъдии Абӯҳанифа

Ҳоло шахсиятҳоеро ёдовар мешавем, ки аз ҷумлаи шогирдони Абўҳанифа ё шогирдони шогирдони ӯ касби илм намуда, ба ривоят ва тадвини фиқҳи ҳанафӣ пардохта ва онро барои пасомадон расондаанд. Аз он ҷумла: Исо ибни Абон, ки шогирди Имом Муҳаммад буда, фиқҳро аз ӯ фаро  гирифтааст. Ӯ мансаби қозигиро дар Басра ба уҳда дошт. Дар ибтидо аз маҷлиси Муҳаммад ибни Ҳасан канораҷӯӣ мекард ва дар ҳаққи Абӯҳанифа (р) ва шогирдонаш мегуфт: “Онҳо гуруҳе ҳастанд, ки ҳадисро мухолафат мекунанд” Аммо баъдтар Муҳаммад ибни Самоа ӯро ба маҷлиси имом Муҳаммад ҷалб намуд. Дар нишасти аввалинаш Муҳаммад ба ӯ гуфт: “Мухолафати моро аз ҳадис дар чи дидӣ?”  Он гоҳ вай аз 25 боби ҳадис аз Имом Муҳаммад пурсон шуд. Имом Муҳаммад ба суолҳои ӯ бо шавоҳиду далилҳо посух дод. Баъд аз он дигар Исо маҷлиси дарси Муҳаммадро тарк накард.

Ибни Надим мефармояд: “Китобҳои Исо ибни Аббон” Китоби “ал-ҳаҷ”, “Китоби хабар ал-воҳид”, “Китоб ал-ҷомиъ”, “Китоб исбот ал-қиёс” ва “Китоб иҷтиҳод ар- раъй мебошанд”. Ӯ соли 220-и ҳиҷрӣ вафот ёфтааст.

Ҳамчунин, Муҳаммад ибни Самоа, ки шогирди Муҳаммад ибни Ҳасан ва Ҳасан ибни Зиёд буд. Ӯ китобҳои “Наводир”-ро аз Абӯюсуф ва Муҳаммад ривоят кардааст. Соли 192 дар вақти хилофати Маъмун ба мансаби қозӣ таъйин гашта, онро то суст шудани қувваи биноияш дар ихтиёр дошт. Ӯ соҳиби китоби “Адаб ал-қозӣ”, “ал- Маҳозир ва с-сиҷҷилот ва ан-наводир” мебошад. Соли 233-и ҳиҷрӣ вафот кардааст.

Аз ҷумлаи онҳо ҳамчунин Ҳилол ибни Яҳёи Басрист. Ба назар мерасад, ки ӯ шогирди Юсуф ибни Холиди Самтии Басрӣ аст, ки аз шогирдони Абӯҳанифа (р) буд. Воқеан Абӯҳанифа (р) ӯро ҳангоми ба Басра баргаштанаш васияте кард, ки он пур аз панду ҳикматҳо ҷовидонист. Ҳилол ахбори Юсуфи Самтиро ривоят карда, Абӯюсуф ва Зуфарро низ шогирдӣ намудааст. Ӯ дуюмин нафарест, ки фиқҳи ироқиҳоро дар вақф ва фуруъи аҳкоми он нақл кардааст. Китоби вай дар вақф дар Ҳиндустон чоп шуда, машҳур аст. Ибни Надим он китобро дар қатори дигар китобҳояш зикр накардааст. Аммо аз ҷумлаи китобҳои ӯ “Китоб тафсир аш-шурут” ва “Китоб ал-ҳудуд”- ро зикр кардааст. Ҳилол ибни Яҳёи соли 245-и ҳиҷрӣ дунёро падруд гуфтааст.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                  Исоев Н.

Яндекс.Метрика