ШОГУН-БАҲОР МУБОРАК!

Наврӯз – оғози рӯзи нав, соли нав, нияту омоли нав аст. Ин рамзи рӯшноии дилҳо, рамзи покии андешаҳо, рамзи ғалабаи некӣ бар бадист. Бо чунин вижагиҳояш дар рӯҳу қалбҳо суруру фараҳ мебахшад. Ин аст, ки ибораи “Ҳар рӯзатон Наврӯз бод” ҳамеша вирди забонҳост. Агарчӣ перомуни пайдоиши он ва то кадом давра реша доштани он баҳсу мунозираҳо ба миён омада бошад ҳам, бояд яқин дониста бошем, ки ин ҷашни бедории табиат ва рамзи сафедию покӣ ба пайдоиши одаму олам рост меояд.   

Бояд донист, ки Наврӯзро маҳз расму ойинҳои мардумӣ то ба ин шукуҳу шаҳомати хосса расонидаанд. Чун рӯз нав шуд, ният нав мешавад, орзӯ нав мешавад, амал нав мешавад. Аз ин ҷост, ки халқи тоҷик ҳамеша ниятҳои неки инсонмеҳварӣ ва анҷоми корҳои покию созандагиро сармашқи кори худ қарор додаанд. Маҳз, бо мақсади ободӣ ва гулгулшукуфоии ҷомеа аз хурд то бузург ба корҳои ободонӣ рӯ ба кор мешаванд. Аз анъаноти наврӯзист, ки ҳама ҷо тозаю озода карда мешаванд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаест хонатаконӣ, ки имрӯз дар саросари кишвар маъмул аст. Ин анъана дар арафаи Наврӯз бо мақсади аз аввали сол бо покию назифӣ зистан анҷом дода мешавад. Дар ин ҷашни аҷдодӣ ҳамагуна кибру ғурур, хашму ғазаб, озурдагию малолӣ аз қаъри дилҳо бароварда мешавад ва бо оғози рӯзи наву омоли нав дӯстию ҳамдилӣ қалбҳоро манзил қарор медиҳад. Дар қисмате аз Тоҷикистон, ки мардуми шарифи Бадахшон он ҷо сукунат доранд, ойинест орд пошидан ба китфи мардум, ки хоси бадахшониҳост.

Дар ҷашни Наврӯзӣ мардуми Бадахшон бо химчаҳои навруста ва бо гуфтани “шогун-баҳор муборак” вориди ҳар як хонадон шуда, аз тарафи бонуи хона ба китфи онҳо орд пошида мешавад. Ин анъана бо қасди сафедию рӯшноӣ, покию ободӣ, осоишу оромиши қалбу рӯҳу андешаҳо анҷом дода мешавад. Анҷоми ин нияти нек аст, ки шоири ширинкаломи мо Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан перомуни ин суннати ниёгон - ифодагари роҳ ба сӯйи фардои сафед манзумае сурудааст.

Рӯзи Наврӯз сари шонаи ман,

Дар дили пойгаҳи хонаи ман.

Орд пошид ба Наврӯз саҳар модари мо,

Ҳамчу як суннату як бовари мо.

Бо ҳама армонаш, аз лаби ғунчаи ангуштонаш,

Гӯӣ як суннати кӯҳистонист,

Ҳикматаш собиқаи инсонист.

Аз навиштори Авастои ҷаҳони софист,

Рамзи испедию умри покист.

То ки испед бувад роҳ ба сӯи фардо,

То ки испед шавад пайраҳаи бахт дар ин олами пур аз савдо,

То ки испед бувад ҷодаи дунёи ману ту чу яке 

                                                     рӯзи хушу хуршедӣ.

Кӯр гардад ба ҷаҳони ману ту навмедӣ,

То кунун сабз бувад нақши пайи ангуштон.

Ҳамчу умеди ту эй модари ҷон,

Нақши ангушти ту дар шонаи ман.

Танга-тангаст маро то ба ҳамин дам равшан,

Равшанӣ то фардост, равшании раҳи мост.

 

Шарифамо Одинаева - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика