ЭЙ ЮСУФИ КАНЪОНИ МАН...

Дуздида чун ҷон меравӣ, андар миёни ҷони ман,

Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман.

Чун меравӣ бе ман марав, эй ҷони ҷон бе тан марав,

В-аз чашми ман берун машав, эй шӯълаи тобони ман.

Ҳафт осмонро бардорам, в-аз ҳафт дарё бигзарам,

Чун дилбарона бингарӣ дар ҷони саргардони ман.

То омадӣ андар барам шуд, куфру имон чокарам,

Эй дидани ту дини ман, в- эй рӯи ту имони ман.

Бепову сар кардӣ маро, бе хобу хӯр кардӣ маро,

Сармасту хандон андаро, эй Юсуфи Канъони ман.

Аз лутфи ту чу ҷон шудам, в-аз хештан пинҳон шудам,

Эй ҳасти ту пинҳон шуда, дар ҳастии пинҳони ман.

Гул ҷомадар аз дасти ту, эй чашми наргис масти ту,

Эй шохаҳо обасти ту, эй боғи бепоёни ман.

Як лаҳза доғам мекашӣ, як дам ба боғам мекашӣ,

Пеши чароғам мекашӣ, то во шавад чашмони ман.

Эй ҷони пеш аз ҷонҳо, в- эй кони пеш аз конҳо,

Эй они пеш аз онҳо, эй они ман, эй они ман.

Манзилгаҳи мо хок не, гар тан бирезад бок не,

Андешаам афлок не, эй васли ту кайвони ман.

Мар аҳли киштиро лаҳад, дар баҳр бошад то абад,

Дар оби ҳайвон марг ку, эй баҳри ман, уммони ман.

Эй буйи ту дар оҳи ман, в-эй оҳи ту ҳамроҳи ман,

Бар буйи шоҳаншоҳи ман, шуд рангу бӯ ҳайрони ман.

Ҷонам чу зарра дар ҳаво, чун шуд зӣ ҳар сиқле ҷудо,

Бе ту чаро бошад чаро, эй асли чор аркони ман.

Эй, салоҳ ад-дини ман, раҳ дони ман, раҳ бини ман,

Эй фориғ аз тамкини ман, эй берун аз имкони ман.

МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Яндекс.Метрика