Эмомалӣ Раҳмон - заминагузори ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ

Агарчанде баъзе муҳаққиқон 1 дунявият ва динро арзишҳои хилофи ҳамдигар ба қалам дода, онҳоро ба ҳам муқобил мегузоранд, лекин таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар даврони истиқлол амалан исбот намуд, ки ба ҳам муқобилгузории онҳо орӣ аз асосҳои илмӣ буда, ба ягон навъи танқид тобовар нест.

Чунин муҳаққиқон дунявият ва динро чун низом ва ниҳоди комилан шахшудамонда арзёбӣ намуда, усулҳои диалектикии таҳқиқро сарфи назар менамоянд. Онҳо дарк намекунанд, ки мафҳумҳо ифодакунандаи робита ва муносибатҳои муҳим ва зарурии ҳаёти ҷамъиятӣ буда, бо тағйирёбии муҳити зист ё татбиқи ду унсури фавқуззикр мафҳумҳо низ аз лиҳози мундариҷа тағйир меёбанд. 

Аз ин ҷо мантиқан чунин бардошт ҳосил мегардад, ки ду мафҳуми зикршударо ҳамчун мафҳумҳои шахшудамонда набояд баррасӣ намуд. Ба таври мисол агар диндории мардуми имрӯзаро бо диндории мардуми ҷомеаи ибтидоӣ муқоиса намоем, мебинем, ки байни онҳо тафовути зиёд вуҷуд дорад. Ин тафовутҳо маҳсули муҳитҳои мухталифи ҳастии дин маҳсуб меёбанд. Ба ҳамин монанд шароитҳои амалӣ гардидани асл ё низоми дунявият низ мухталиф мебошанд. Агар дар як муҳит дар зери мафҳуми дунявият ҳамзистии мусолиматомези адёни мухталиф фаҳмида шавад, дар муҳити дигар ҷудоии дин аз давлат фаҳмида мешавад.

Ба ҳамин монанд муҳити хоси ҳамзистии онҳоро на ҳамчун муҳите, ки ду унсур ҳамдигарро истисно мекунанд, балки муҳите, ки ин унсурҳо ҳамдигарро дар назар доранд, бояд арзёбӣ намуд. Бидуни тардид муҳити Тоҷикистон ба чунин муҳити хос дохил мешавад. Аммо ин муҳит худ ба худ пайдо нашудааст. Ин муҳит аз тарафи шахси дурандеш, ақлгаро, ватандӯст, ғамхори воқеии миллат Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазъи ба вуҷудомадаро амиқ ва ҳаматарафа таҳлил намуда, ягона роҳи дурустро барои ояндаи миллат дар ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ диданд. Вазъияти ба вуҷудомадаро Пешвои миллат дертар дар асарашон «Уфуқҳои истиқлол» ба таври зер тавсиф намудаанд: «Дар он рӯзҳо, ки мо ба тозагӣ аз зери идеологияи мутлақгаро озод шуда будем, доираҳои муайяни хориҷӣ бесуботии сиёсию идеологии ҷомеаро пайти муносиб дониста, мехостанд ҷомеаи моро ба зери идеологияи дигар дароварда, сохти дилхоҳи давлатии худро дар Тоҷикистон бунёд созанд.

Баъзе неруҳои аз назари сиёсӣ бетаҷрибаи дохилӣ зери таъсири ғояҳои онҳо сохтани як давлати идеологии дигарро саросемавор дастгирӣ намуданд. Аммо онҳо ин воқеиятро ба эътибор нагирифтанд, ки низоми сиёсию идеологии дарназардоштаашон ба воқеияти Тоҷикистони пасошӯравӣ, ба сатҳу тарзи тафаккури мардуми кишвар ва ба хусусиятҳои равандҳои сиёсию геополитикии минтақа созгор нест. Агар Тоҷикистон ба ин варта фурӯ мерафт, мо ҳаргиз аз гирдоби ихтилофоти ақидавии  дохилӣ ва низоъҳои беохир бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳони хориҷ берун намеомадем. Аз ин рӯ, интихоби тарзи давлатдории дунявӣ интихоби дуруст,огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон дар он рӯзҳои мушкил буд». 2.Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол.- Душанбе : «Ганҷ - нашриёт», 2018. -435 с. саҳ. 15-16.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Воқеан ҳам баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи идеологияи марксистӣ тарбия менамуд, дар Тоҷикистон нерӯҳои дингаро дар зери таъсири нерӯҳои муайяни манфиатҷӯи хориҷӣ қувват гирифтанд. Тез нерӯ гирифтани қишрҳои дингаро ба сабаби он буд, ки дини ислом дар байни аҳли ҷомеа, ки ҳамагӣ мусулмон буданд, таъсиру нуфузи қавӣ дошт. Аз диндории мардуму тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳам нерӯҳои хориҷӣ ва ҳам қишрҳои дингаро хеле хуб истифода бурданӣ шуданд. Аз ин рӯ, қишри мутаассиби ҷомеа бо дастгирии нерӯҳои ифротии хориҷӣ ба майдони сиёсат ворид шуда, барпо намунани низоми диниро дар кишвар ҳадафи хеш қарор доданд. Дар ин росто нерӯҳои солимфикру ақлгаро низ ба майдони мубориза ворид гардида, аз арзишҳои дунявии хеш дифоъ намуданд.

Вазъияти баамаломада хеле мушкил ва мураккаб буд. Барои пешгирии парокандашавии миллат, пойдории сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии кишвар, ваҳдати миллӣ, ояндаи дурахшони миллат ба инобат гирифтани орзую ормонҳои маънавии тамоми қишрҳои ҷомеа зарур ва ҳатмӣ буд. Бар дӯши сарвари миллат вазифаи воқеан ҳам хеле мушкил ва масъулиятталаб истода буд. Роҳе бояд интихоб мегардид, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро муттаҳид менамуд. Аз ин рӯ, ягона роҳи дуруст роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ буд. Муҳимият ва зарурати ин роҳро дарк намуда, аллакай дар Сессияи XVI Шӯрои Олӣ сарвари кишвар таъкид карда буданд: «Шахсан ман тарафдори давлати дунявиям!». Ҳамин тариқ, маҳз бо ташаббус ва нишондодҳои оқилона ва дурандешонаи сарвари миллат ҷомеаи тоҷик роҳи давлатдории дунявиро пеш гирифт ва таърихи 30-соли сипаригардида ба таври возеҳ собит намуд, ки дар ин самт Президенти кишвар роҳи ҳақиқатан ҳам созанда, мурососоз, бунёдкорона ва ободкориро интихоб намудаанд. Афзалияти роҳи интихобшударо сарвари миллат дар китоби зикршудааш хеле равшан ва оммафаҳм ба таври зер баён намудаанд: «Бартарии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият дар муқобили ҳеҷ мафкураи дигар қарор намегирад ва ихтилофи идеологиро ба вуҷуд намеоварад. Ба таври дигар, дунявият як шароит буда, аз як тараф, баробарӣ ва фаъолияти баробару яксони мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат медиҳад, аз ҷониби дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон карда, пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Ин моҳияти низоми дунявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банди ҳаштуми Конститутсияи кишварамон сабт шудааст». 3.Ҳамон ҷо,саҳ. 16.

Воқеан ҳам дунявият дар доираи қонунҳои қабулшуда ба тамоми мафкураҳо имконияти баробари рушд ва нумуъро фароҳам оварда, бо ин роҳ пеши роҳи ҳама гуна ихтилофоти идеявиро мегирад ва ҳамин тавр, фазои сулҳу оромиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Ба қавли дигар, дар фазои дунявӣ ҳама гуна ниҳод ё иттиҳодия маҳз ба иҷрои рисолати хеш машғул гардида, аз доираи муқаррароти он берун намебарояд.

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика