Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба Куруши Кабир тааллуқ дорад, ки таърихи 2500-сола дорад. Маҳз дар ҳамин санади қадимаи ҳуқуқӣ бори нахуст арзишҳои башарие, аз қабили манъ будани ҷабру ситам, барҳам додани ғуломӣ, бе пардохти арзиши воқеӣ нагирифтани моли каси дигар, озодии интихоби дину мазҳаб, фардияти ҷиноят ва ҷазо, ҳуқуқи озодона интихоб намудани ҷойи зист, хусусияти инфиродӣ доштани амали ҷинояткорона ва сазовори ҷазо эътироф намудани танҳо шахси содирнамудаи ҷиноят ва ғайра инъикос шудаанд, ки то ҳол қимати худро гум накардаанд.
Меъёрҳои ин Эъломия бо ибораҳои "ман то рӯзе, ки зинда ҳастам" ё "то рӯзе, ки подшоҳ ҳастам" оғоз ёфта, сипас андешаҳои арзишманди марбут ба ҳуқуқи инсон ифода карда мешаванд.
Иқтибоси зерин аз матни Эъломияи Куруши Кабир ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорӣ аст: "Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад (интихоб кунад) ва дар ҳар ҷо ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танхо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад››.
Дар ин меъёр се арзиши демократӣ - озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол накардани ҳаққу ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст.
Ин меъёрҳо мундариҷаи асосии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10-уми декабри соли 1948-ро ташкил додаанд, ки барои тамоми кишварҳои узви СММ сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.
Абдуллоҳи Қодирӣ- сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ