Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст,
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола дошта, аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд.
“Дирафши Ковиёнӣ” яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома” – и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён буд. Ва баъдан тавассути истилогарон нобуд карда шуд.
Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии ИҶШС буд. Конститутсияи соли 1924 – уми Иттиҳоди Шӯравӣ парчами сурхи дар кунҷи боло тасвири пукту дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонад. Моҳи феврали соли 1947 Президентиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами асосӣ шабеҳи худро қабул кунанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.
Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид.
Майдоне, ки он ҷо Прачами бузургтарини мо ҷойгир аст “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Прачами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.
Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддастро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
Абдуллоҳи Қодирӣ – шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир