Як қисса аз рӯзгори сууд ва суқути Бармакиён. (Аз Таърихи Байҳақӣ)

Як қисса аз рӯзгори сууд ва суқути Бармакиён

Чунон хондам дар ахбори хулафо, ки яке аз дабирон мегӯяд, ки Булвазир девони садақоту нафақот ба ман дод дар рӯзгори ҳорунуррашид. Як рӯз, пас аз баруфтодани Оли Бармак, Ҷаридаи кӯҳантар мебознигаристам. Дар варақе дидам набишта: ба фармони амирулмуъминин наздики Амир Абулфазл Ҷаъфар ибни Яҳё ал-Бармакӣ адомаллоҳу ломиъа (Худованд иқболи дурахшони ӯро бардавом дорад!), бурда омада аз зар чандину аз фарш чандину кисвату таййиб (либосу хушбӯӣ) ва аснофи неъмат чандин в-аз Ҷавоҳир чандин ва маблағаш сӣ бор ҳазор ҳазор дирам.

Пас ба варақе дигар расидам, набишта буд, ки андарин рӯз итлоқ (таъйин) карданд баҳои бӯрё ва нафт, то тани Ҷаъфари Яҳёи Бармакиро сӯхта ояд ба бозор чаҳор дирам ва чаҳор донгу ним. Субҳона-л-лоҳи-л-лази ло йамуту абадан (поку муназзаҳ аст Худое, ки ҳаргиз намемирад). Ва ман, ки Булфазлам, китоб бисёр фурӯ нигаристаам, хосса ахбор ва аз он илтиқотҳо карда, дар миёнаи ин таърих чунин суханҳо аз барои он орам, то хуфтагон ва ба дунё фирефташудагон бедор шаванд ва ҳар кас он кунад, ки имрӯзу фардо ӯро суд дорад. Ва-л-лоҳу-лмуваффиқу лимо йарзо биманниҳи васиъати раҳматиҳи (Худованд тавфиқдиҳанда аст ба он чӣ мавриди ризоят аст ба бахшишу густурдагии раҳматаш!).

 

Аз Таърихи Байҳақӣ.

Яндекс.Метрика