Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

Кумакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони даргириҳои марзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастрас гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони зарардида таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ҳар оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ ба миқдори зарурӣ семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардид. Манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин муддат бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.
Барои зимистонгузаронии оилаҳои зарардида бошад, орд, биринҷ, равған, пиёз, сабзӣ, картошка, макарон ва шакар дастрас мешавад.
Сокинон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат боиси руҳбаландии онҳо мегардад.

Бознашр аз рӯзномаи " Ҷумҳурият "
28/09/ 2022

Яндекс.Метрика