ҒАЗАЛҲО АЗ НАҚИБХОН ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ

⚠️Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,
Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро?!

⚠️Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон,
Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонаро!

⚠️Улфатӣ дорад хаёли мори гесӯяш ба дил,
Ганҷ бисёр аст, гӯё, хоки ин вайронаро!

⚠️Аз сари савдои зулфи ӯ чӣ сон созам гузар,
Эй фусунгар, бо кӣ мегӯӣ ту ин афсонаро?!

⚠️Бо нигоҳе кулбаи эҳзони мо обод кун,
Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро.

⚠️То тавонӣ, дар нигористони чашмаш кун назар,
Эй басо афсун, ки бошад ин аҷоибхонаро!

⚠️Туғрал, асрори адаб аз бода равшан мешавад,
Нест ҷуз пири тариқат муршиди майхонаро!

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика