Ғаззолӣ, донишманди шаҳири исломӣ, аҳли Тӯс буд (Тус қарияест дар наздикии Машҳад). Дар он вақт, яъне дар ҳудуди қарни панҷуми ҳиҷрӣ, Нишопур марказ ва савод (шаҳр)-и аъзами он ноҳия буд ва дорулилм маҳсуб мешуд. Толибилмон дар он навоҳӣ барои таҳсил ва дарс хондан ба Нишопур меомаданд. Ғаззолӣ низ тибқи маъмул ба Нишопур ва Гургон омад ва солҳо назди устодон ва бузургон бо шуру шавқи зиёд кушиш намуд ва барои он ки маълумоташ фаромӯш нашавад ва хӯшаҳое, ки чида аз дасташ наравад, онҳоро мураттаб менавишт ва ёддошт мекард. Он ҷузваҳоро , ки маҳсули солҳои заҳматаш буд, мисли ҷони ширин дӯст медошт.
Баъд аз солҳо озими бозгашт ба ватан шуд. Ҷузваҳоро мураттаб карда, дар тӯбра (халтае) печид ва бо қофила ба тарафи ватан равона шуд.
Аз қазо, қофила бо як идда дузду роҳзан бархӯрд. Дуздон ҷилави қофиларо гирифтанд ва он чи молу хоста ёфт мешуд, яке-яке ҷамъ карданд. Навбат ба Ғаззолӣ ва асоси (ашё) –и хона Ғаззолӣ расид. Ҳамин ки дасти дуздон ба тарафи он халта рафт, Ғаззолӣ шурӯъ ба илтимосу зорӣ карду гуфт: “Ғайр аз ин , ҳар чи дорам бибаред ва ин якеро ба ман вогузоред”. Дуздҳо хаёл карданд, ки ҳатман дар дохили ин баста матоъи гаронқиматест. Бастаро боз карданд, ҷуз муште коғази сиёҳшуда чизе надиданд.
Гуфтанд: “Инҳо чист ва ба чӣ дард мехӯранд?”.
Ғаззолӣ гуфт: “Ҳар чи ҳаст, ба дарди шумо намехӯрад, вале ба дарди ман мехӯрад”.
“Ба чӣ дарди ту мехӯрад?”.
“Инҳо самараи чанд соли таҳсили ман аст. Агар инҳоро аз ман бигиред, маълумотам табоҳ мешавад ва солҳо заҳматам дар роҳи таҳсили илм ба ҳадар меравад”.
“Ростӣ, маълумоти ту ҳамин аст, ки дар ин ҷост?”.
“Бале”.
“Илме, ки ҷояш дар буғчаву қобили дуздидан бошад, он илм нест. Бирав, фикре ба ҳоли худ бикун”.
Ин гуфтаи содаи оммиёна ба рӯҳияи Ғаззолӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ӯ, ки то он рӯз фақат фикр мекард, ки тӯтивор аз устод бишнавад ва дар дафтарҳои худ сабт кунад, баъд аз он дар фикр уфтод, ки кӯшиш кунад, то мағзу димоғи худро бо тафаккур парвариш диҳад ва бештар фикр кунад ва таҳқиқ намояд ва матолиби муфидро дар дафтари зеҳни худ биспорад.
Ғаззолӣ мегӯяд: “Ман беҳтарин пандҳоро, ки роҳнамои зиндагии фикрии ман шуд, аз забони як дузди роҳзан шунидам”.
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.